Ҷаҳон дар ҳафтаи гузашта дар аксҳо

Кобул, Афғонистон. 31 январ - Ба назар мерасад, таркишҳо дар Афғонистон ҳодисаи муқаррарӣ шудаанд.

Кобул, Афғонистон. 28 январ - Интизории занҳои бесаробон монда паси дари созмонҳои хайрия низ.

Теҳрон, Эрон. 01 феврал - Эрон солгарди 29-умини инқилоби исломиро таҷлил кард.

Тифлис, Гурҷистон. 31 январ - Додситони кулли тозатаъини Гурҷистон Эка Ткесашвилӣ ҳамагӣ 29 сол дорад. Аммо дар ин синни ҷавони худ ӯ бар иловаи мансаби нав, ҳамчунин дар курсиҳои муовини вазири умури беруна, муовини вазири адлия, ва вазири адлия низ нишастааст.

Дорбкан, Косово. 01 феврал - Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Сербистон сербҳои Косово низ иштирок доштанд, зеро ҳанӯз расман Косово дар ҳайъати Сербистон маҳсуб меёбад.

Пешовар, Покистон. 01 феврал - Ал-Либӣ, яке аз раҳбарони аршади ал-Қоида дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико дар яке аз манотиқи қабоилнишини Покистон кушта шудааст.

Санивейл, Калифорния, ИМА. 29 январ - Ширкати Майкрософт пешниҳод кардааст, ки Яҳуро ба маблағи тақрибан 45 миллион доллар бихарад.

Маскав, Русия. 30 январ - Коршиносон бо итминон мегӯянд, бидуни роҳандозии сомонаи вижа низ Медведев дар интихобот баранда хоҳад шуд.