Ҷаҳон дар аксҳо
Маскав, 7 декабр - "Русия - қотили иқлим" - овезае аз Гринпис, ки рӯбарӯи Кремл дар пуле болои дарёи Маскав овехта шудааст.
Белград, 7 декабр - Харитаи Косово дар автобусҳои Белград низ овехта шудааст.
Ҳилманд, 5 декабр - Сарбозони артиши миллии Афғонистон вилояти Ҳилмандро посбонӣ доранд.
Ҳилманд, 5 декабр - Дар ин акс сарбозони Артиши миллии Афғонистонро нерӯҳои Эътилоф низ ҳамроҳӣ доранд.
Тифлис, 7 декабр - Ҷавонони гурҷӣ эътирози худ ба ҳукуматро баён доранд
Маскав, 7 декабр - Геннадий Зюганов, раҳбари коммунистҳои Русия мегӯяд, аз болои натоиҷи интихоботи Дума ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
Брюссел, 7 декабр - Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ( аз чап) дар сӯҳбати генерал Яап де Ҳооп Скеффер, котиби генералии НАТО.
Бухоро, 6 декабр - Мардум дар рӯбарӯи дафтари додситонии Бухоро эътироз ддорад. Дар шиорҳо навиштаанд, ки "Диктатор Каримов, истеъфо! Бирав!"
Алмати, 7 декабр - Ва аммо дар Алмати, рубарӯи сафорати Узбакистон эътироз доранд
Токио, 7 декабр - Имод Муҳаммад, ҳамлагари дастаи эронии "Сипаҳон" аз голи нахустини худ ба дарвозаи "Вайтакер Юнайтед" (Зеландияи Нав) дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни дастаҳо шодӣ дорад. Дар ин бозӣ эрониҳо бо ҳисоби ду бар сифр пирӯз омаданд.