Ҷаҳон дар аксҳо
Венесуэла, 3 декабр - Мухолифони Чавез аз пирӯзӣ дар райъпурсӣ хушҳоланд - Уго Чавез тағйирот дар конститутсияи Венесуэларо ба раъйпурсӣ гузошта буд. Аз нукоти муҳимми ин тағйирот он буд, ки мӯҳлати раёсатҷумҳуриро маҳдудият намегузошт. Ин маънои онро дошт, ки Уго Чавез чанд боре хоҳад, метавонад раисҳумҷур бишавад. Аммо дар раъйпурсии рӯзи 2 декабр мардум ин тағйиротро напазируфт. Бино бар омори расмӣ, 50, 7 дар сади мардум зидди ин тағйирот раъй додаанд.
Укроин, 3 декабр - Хоҳари шафқат сари конкани маҷрӯҳро мебандад - Дар кони ангиште дар Донеск, ки ду ҳафтаи қабл ҷони беш аз 100 конканро бурда буд, боз як нохушӣ ба амал омад ва ҳадди ақал чаҳор нафари дигарро кушт
Сербия, 3 декабр - Харитаи Косово дар деворе дар Белград - пойтахти Сербия - Марди солхӯрдае аз назди харитаи Косово дар яке аз деворҳои Белград убур дорад. Коршиносон мегӯянд, музокироти миёни Сербия ва Косово дар мавриди ояндаи ин минтақа ба бунбаст гирифтор шудааст
Русия, 3 декабр - Пулис иштирокчии роҳпаймоии эътирозиро дар Санкт - Петербург боздошт мекунад - Мухолифин ба нишони эътироз алайҳи интихоботи ахири Дума ба майдон баромадаанд
Италия - Футболбозони дастаи мунтахаб тамрин доранд - Италия дар сабқати ниҳоии қаҳрмонии Аврупо дар як гурӯҳ бо Ҳолланд, Фаронса ва Руминия бозӣ хоҳанд кард. Букмекерҳои Hill шонсҳои Италия барои медалҳои тиллои Аврупоро 7 бар 1 баҳо додаанд
Фаластин, 3 декабр - Зани фаластинӣ писараш, ки аз зиндони исроилӣ озод шудааст, оғӯш дорад - Исроил 429 маҳбуси фаластиниро ба нишони амали хайр аз зиндонҳо раҳо кард. Ин иқдом дар пайи конфронси Аннаполис ба вуқӯъ пайваст
Ироқ, 3 декабр - Сарбозҳои артиши ҳукумати Ироқ қасади ҳамаслиҳаашонро аз мурдахона берун мебаранд - Субҳи 3 декабр як нафари номаълум чаҳор сарбози артиши ҳукумати Ироқро дар шаҳри Киркук ба қатл расонд.
Афғонистн, 3 декабр - Вазири дифоъи Амрико М. Гейтс ба Кобул омад