Овозхони саршинос, Мӯин, мегӯяд бо Тоҷикистон ошноии ғоибона дошт ва дер боз мехост ба ин ҷо сафар кунад.
Нахустин сафари ҳунарии Мӯин ба Тоҷикистон бо тамошои мавзеъҳои таърихии ин кишвар оғоз ёфт.
Дирӯз ӯ аз «Қалъаи Ҳисор» дидан кардаву ҳоло барои консерти дурӯзааш дар Кохи Борбади Душанбе омодагӣ мегирад.
Вай мегӯяд, дар ин барнома ҳамаи таронаҳои дархостии мухлисони тоҷикашро иҷро хоҳад кард ва таронаҳои наваш низ садо медиҳад, ки шунавандаи аввалинаш ҳаводорони тоҷикистонии ӯ хоҳанд буд.
Дар маҷмӯъ 90%-и сурудҳояш, ки аксаран дардолуданд аз зиндагӣ ва эҳсоси худи ӯ қисса мекунанд.
Мисоли рушан ин таронаи «Кабутари дубурҷа» аст, ки дар васфи духтараш суруда шудааст ё оҳанги маҳзуни ҷудоӣ, ки тасвири аз ҳам рехтани оилааи ин хонандаи маъруф аст.
Зимнан худи Муин як иллати камфаъолиятиаш дар 5 соли ахирро ҳам дар мушкили хонаводагиаш арзёбӣ кард, ӯ гуфт намехост то ҳама эҷодиёташ дар ин давра аз ғаму ғусса ва танҳоӣ бошад.
Нахустин таронаи Муин «Якеро дӯст дорам» аст, ки соли 1980 ба гӯши мухлисони ҳунар расид, баъди 2 сол ӯ Эронро тарк гуфта, фаъолияти ҳунариашро дар Лос Анҷелеси Амрико идома дод.
Овозхони маҳбуби форсибзабонон Мӯин 27 сол аст дур аз зодгоҳаш Исфаҳон ба сар мебарад ва тавре худи ӯ гуфт, оҳанги пурсару садояш «Дилам меход ба Исфаҳон баргардам» ҳам бозгӯи дарду муҳаббати ӯ нисбати зодгоҳаш будааст.
Сабаби берун рафтан аз ватанашро Мӯин дар инқлоб ва тағйири низоми давлати Эрон арзёбӣ кард.
Бо вуҷуди манъи суолот роҷеъ ба интихоботу таҳаввулоти ахири ватанаш -- Эрон, ба Мӯин дар нишасти матбуотӣ суол шуд, ки агар имкони ширкат дар интихоботи раисҷумҳури кишварашро медошт, ба ҷонибдории кӣ раъй медод?
Гуфт: «Охир... ба ин суол наметавонам чизе бигӯям, намедонам ба кӣ мехоҳам раъй диҳам. Сад дар сад намедонам.»
То имрӯз 23 албоми таронаҳои Мӯин пешкаши мухлисонаш шудааст, таронаҳое, ки дар Тоҷикистон ҳам мухлису ҳаводорони зиёде доранд, далели ин ҳам дар як фурсати кӯтоҳ ба пуррагӣ ба фурӯш рафтани чиптаҳои консерти овозхон аст, ки аз 100 то 200 сомонӣ ё бештар аз 40 доллар арзиш дошт.
Кӯҳзоди Фатҳулло як мухлиси ашадӣ ва шоири навқалами тоҷик ба хотири сафари Мӯин ба Тоҷикистон дар васфи садову оҳанги ҷаззоб ва дардолуди ӯ як шеъре эҷод кардааст, ки дар ҳузури овозхон ҳам онро қироат кард.
«Ҳазрати ишқиву ҳастам пайрават
Мисли ту ман ошиқи дилбохта
Оҳ садои дардолудат, вале
Бар дили ман шӯри ишқ андохта,
Эй садои ту, садои ҷовидон
Бо садоят ҳастӣ машҳури ҷаҳон
Бо суруду бо навои дилнишин
Хайра мақдам бар диёри тоҷикон»
Ба ин тартиб дар охир бо дархости радиои "Озодӣ" Мӯин бо иҷрои як таронаи маъруфаш ба таври зинда ба нишастӣ матбуотӣ хотима бахшид.