Бар асари фаромадани тарма дар 191-ум километри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, гарданаи Шаҳристон, чаҳор мошини боркаш зери он мондааст ва як нафар кушта, чаҳор нафар - бедарак ва шаш нафари дигар захмӣ шудаанд.
Дар байни афроди захмишуда се нафар шаҳрвандони Чин будаанд. Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи фаврии кумитаи изтирории вилояти Суғд ва роҳсозони дохиливу чиноӣ роҳро поккорӣ мекунанд ва нафарони зери тарма мондаро ҷустуҷӯ доранд.
Ба гуфтаи Зафар Мирзобошиев, сардори ситоди ҳолатҳои изтирории ноҳияи Айнӣ, тармаи фаромада дар ҳудуди як километр буда, баландии он дар баъзе қисматҳо то 50 метр мерасад.
Аз ҳарду ҷониб садҳо мошинҳо мунтазири боз шудани роҳ ва иҷозаи убуру мурур ба сӯи Хуҷанду Душанбе мебошанд.