Маҷлиси намояндагон барои аввалин бор лоиҳаи қонун «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Тоҷикистон дар мавриди савдои хориҷии мол»-ро қабул кард.
Ин қонун бо мақсади ҳифзи тавлидоти ватанӣ, танзими амволи воридотӣ ва таъмини амнияти бозори дохилӣ аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон Мирзошариф Исломиддинов ва Садриддин Хайриддинов таҳия ва баъди омӯзишу дастгирӣ дар ҳукумати Тоҷикистон барои баррасӣ ва қабул ба порлумон ироа шудааст. Аммо бархе аз вакилони маҷлис гуфтанд, ки қабули ин қонун воридоти мол дар кишварро коҳиш дода, боиси болоравии нарх дар бозор мешавад.
Раванди бошитоби ҷаҳонишавии иқтисод, рушди тиҷорати байналмилалии тиҷорат ва ниҳоят бӯҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ водор хоҳад кард, ки баҳри ҳимояи бозори дохилӣ ва дастгирии истеҳсолоти ватанӣ даст ба иқдоми мушаххас зада шавад. Мирзошариф Исломиддинов, раиси кумитаи энергетика ва саноати МН ва яке аз муаллифони лоиҳаи мазкур бо таъкиди ин нуктаҳо дар ҷараёни тавзеҳи он талош кард, пуштибонии вакилони порлумонро ба даст оварад. Оқои Исломиддинов гуфт, ки як чунин таҷриба, ки давлат барои ҳифзи истеҳсолот ва тавлидоти ватанӣ маҳдудиятҳоеро барои амволи воридшаванда ҷорӣ кунад, нав нест. Аммо ба иллати набуди қонуни танзимкунанда дар бозори дохилии кишвар амволи хориҷӣ ҷойи тавлидоти ватаниро танг кардааст, ки ин ба рушди иқтисоди кишвар зарба мезанад ва аз дигар сӯ боиси авҷи бекорӣ дар кишвар хоҳад шуд. Зеро аксари корхонаҷот ба далели харидор наёфтани тавлидоташон аз фаъолият боз хоҳанд монд.
Аммо бархе аз вакилони Маҷлис дар баробари ин қонун аз худ бархӯрди шадид нишон доданд. Аз ҷумла, Сафаралӣ Раҷабов, яке аз вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки ҷорӣ кардани боҷ ва молиёти изофӣ барои колои воридшаванда вазъияти бе ин ҳам бӯҳронии бозори дохилиро печидатар хоҳад кард. Зеро ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон тақрибан тавлидоти ватанӣ ба мушоҳида намерасад ва аз сӯи дигар қобилияти харидории аҳолӣ торафт коҳиш ёфта истодааст. Дар чунин маврид роҳандозии фишангҳои давлатӣ барои коҳиши колои воридотӣ дуруст нест, чаро ки ба болоравии нархи наво дар бозор мунҷар хоҳад шуд.
Сафаралӣ Раҷабов: «Имрӯз кадом намуди молҳоро дар Тоҷикистон истеҳсол мекунанд ки дар бозори дохила аз он молҳо ҳастанду аз хориҷа ворид шуданашонро мо маҳдуд мекунем ё боҷи иловагӣ ё аксиз мемонем, ки ворид нашавад? Ба назари мо, 90 дар сади молҳое, ки дар бозори дохилӣ ҳастанд, аз хориҷи кишваранд. Масалан, қолине, ки Қайроққум истеҳсол мекунад, аз дигар кишвар бо ин намуд ва сифат ворид намешавад. Нархи қолини Қайроққум имрӯз барои омма дастнорас аст. Қолинҳое, ки аз Туркия ва аз Эрон меоянд, нархи дастрас доранд барои мардум. Нашавад, ки пагоҳ онро манъ кунему, мардум аз инаш ҳам монаду, аз онаш ҳам ва нарх дар бозор ба ҳаво биравад.»
Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз ҲНИТ: «Оё дар Тоҷикистон ягон соҳа, ягон истеҳсолкунанда бевосита ба ҳукумат ва порлумон муроҷиат кард, ки мо мол истеҳсол кардаем, масалан фалон миқдор ва ба сабаби он ки ҳамин навъ ё ҳамин миқдор аз хориҷ бо нархҳо, ё бо шароити имтиёзнок ворид шуда истодааст, онҳо наметавонанд рақобат кунанд ё ба фурӯш бароранд? То он ҷое, ки мо хабар дорем то ҳоло ягон истеҳсолкунандаи Тоҷикистон муроҷиат ба порлумон ва ҳукумат дар бораи ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандаи дохилӣ накардааст.»
Мирзошариф Исломиддинов, аз муаллифони тарҳи мазкур: «Ин қонун дар асоси муроҷиатҳои чандинкаратаи гурӯҳи корхонаҳои азими вилояти Хатлон, аз он ҷумла, корхонаи «Тоҷиказот», корхонаҳои бузургтарини вилояти Суғд: - комбинати «Қолинҳо», корхонаи «Заря Восток» ва бо дастгирии вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.Дар лоиҳаи қонун таъкид шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳуқуқ надорад бе ариза, бе муроҷиати соҳаҳои иқтисодиёти кишвар оиди масоили зикршуда қарор қабул кунад. Он соҳае, ки мехоҳад мол истеҳсол кунад ва ба бозори ҷумҳурӣ барорад, барои онҳо чанд меъёр пешбинӣ шудааст. Бояд моли монанде, ки корхонаи саноатии Тоҷикистон истеҳсол карда метавонад ва бозори дохилиро таъмин карда метавонад бояд кафолат диҳад, ки бо нарх ва сифати моле, ки ворид мешавад монанд бошад. Ва зиёда аз 80 фоизи талаботи бозори дохилии Тоҷикистонро таъмин карда тавонад.»
Шодӣ Шабдолов, вакил аз ҲКТ: «Тавозуни савдо манфӣ аст, як миллиарду сесад миллион доллар аст. Бо ин ҳол, бо ин шароит давлат бояд банкрот эълон шавад. Ягон давлат ба худ иҷозат намедиҳад, ки аз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ касри савдои хориҷӣ зиёдтар бошад. Ин хел номумкин аст.»
Ба ин тартиб, баъди баҳсу баррасиҳо, ки чунин маворид дар порлумони Тоҷикистон камтар ба мушоҳида мерасад, қонуни мазкур қабул гардид. Аммо дар тавзеҳи ин нукта, ки оё ин қонун ба шароити вуруди Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат мухолифат мекунад, Мирзошариф Исломиддинов гуфт, ки ин қонун ҳеҷ гуна мушкилие дар ин самт пеш нахоҳад овард.