Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод эълон кардааст, ки барои такмили осорхона омодаи харидории ёдгориҳои таърихист.
Осорхонаи милии ба номи Камолиддин Беҳзод эълон кардааст, ки барои такмили осорхона омодаи харидории ёдгориҳои таърихист. Зафар Иброҳимов, муовини раиси осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод, гуфт, осорхона аз мардум ёдгориҳои фарҳангӣ ва осори хаттӣ, ба монанди китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ, шаҷара, васиқа, сиккаҳо, зарфҳои фулузиву сафолӣ, шишагии қадима, либос, гулдузиҳои карбосӣ, яроқҳои қадима, ҳайкалҳо ва ғайраро харидорӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи Зафар Иброҳимов, дар ҳоли ҳозир барои мураттаб кардани хариди намунаҳои таърихӣ як гурӯҳи махсус таъсис дода шудааст.
Зафар Иброҳимов афзуд, ҳадаф аз ташкил кардани музей ошно сохтани мардум ба осори фарҳангӣ ва таърихии миллат аст ва маҳз ба ин восита ҷавонон метавонанд ба таърихи худ ошно шаванд ва меҳмонони хориҷии кишвар метавонанд дар музей симои ҷумҳуриро бубинанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулини музей, соли гузашта аз музей беш аз 35 ҳазор нафар дидан карданд ва ба гуфтаи онҳо ин теъдод кам аст. Дар ҳоли ҳозир бинои музей хеле фарсуда шуда ва барои ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳо шароити мусоид тақрибан вуҷуд надорад. Ва шароити ногувор метавонад ба ёдгориҳо таъсири манфӣ расонад. Зафар Иброҳимов афзуд, ки осорхонаи Миллии Тоҷикистон бо номи Камолиддин Беҳзод мисли дигар музейҳои кишвар ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯст.
Осорхонаи миллии ба номи Камолидин Беҳзоддар соли 1934 таъсис ёфтааст ва он замон дар осорхона ҳамаги 530 нигора мавҷуд буд. Аммо имрӯзҳо дар осорхона беш аз 60 ҳазор нигораҳо барои тамошобинон ба намоиш гузошта шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад