Партоби кафш ба президент Буш

Cарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ дасти худро бардошт, то Бушро аз зарбаи кафш ҳифз кунад. 14 декабри соли 2008.

Рафтори як хабарнигори ироқӣ дар Бағдод сафари хайрбодии Буш ба Ироқро низ ба истилоҳ “доғдор” кард. Мунтазир Зайдӣ, хабарнигори шабакаи мустақили телевизионии «ал-Бағдодия», ҳарду пойафзоли худро ба нишони нафрат ва бо чунин нидо ба сӯи Буш ҳаво дод: «Ин туҳфаи ироқиҳост. Ин бӯсаи хайрбодист, эй саг! Ин аз ҷониби беваҳо, ятимон ва онҳоест, ки шумо дар Ироқ куштед!»

Ҷорҷ Буш сари худро пойин кард ва туфлии якуми хабарнигор ба парчамҳои Ироқу Амрико расид. Туфлии дуввуми Зайдӣ ба ҳадаф нарасид.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Партоби кафш ба президент Буш



Як мақоми ироқӣ гуфтааст, ки Мунтазир Зайдӣ аз ҷониби муҳофизони сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ барои бозпурсӣ боздошт шудааст.