Ҳомидҷон Орифов, котиби Кумитаи миллии сарбандҳои бузург, як пажӯҳишгоҳи назди вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон даъвоҳои Узбакистонро сиёсӣ ва аз лиҳозӣ илмиву ҳуқуқӣ бепоя хонда, гуфт, тамоми санадҳое, ки дар мавриди истифодаи оби минтақа ва сохтмони нерӯгоҳҳои бузург қаблан ба тасвиб расидаанд, бидуни ширкат ва ризоияти Тошканд сурат нагирифтаанд. Вай афзуд, ташаббуси сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ бори аввал аз сӯйи Узбакистон сурат гирифтааст.
Тибқи иттилоъи Кумитаи миллии сарбандҳои бузург, лоиҳаи нерӯгоҳи Роғунро соли 1978 пажӯҳишгоҳи мавсум ба Гидропроекти Тошканд омода кардааст. Ҳамчунин соли 1990 як пажӯҳишгоҳи дигари воқеъ дар Тошканд мавсум ба Средазгипропроект ба натиҷае расидааст, ки оби дарёи Ому кам шуда ва ба обёрӣ кифоят намекунад. Аз ин хотир ин пажӯҳишгоҳ ба хулосае расид, ки роҳи ягонаи раҳоиш аз ин мушкил сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст ва бар асоси ҳисоботи ин пажӯҳишгоҳ соли 1993 Гидропроекти Тошканд бо назардошти суди бештари иқтисодӣ маҳз бо баландии 335 метр сохтани сарбанди нерӯгоҳи Роғунро ба ҳукумати Шӯравӣ пешниҳод кардааст.
Ҳомидҷон Орифов, котиби кумитаи миллии сарбандҳои бузурги Тоҷикистон, гуфт, маҳз аз сӯйи пажӯҳишгоҳҳои Тошканд собит шудааст, ки нерӯгоҳи Роғун ба ҳалли камбуди об дар Узбакистон, афзойиши қудрати энержии кишварҳои минтақа, қабл аз ҳама Тоҷикистон, мусоидат мекунад ва зарари экологӣ надорад.
Мақомоти Тоҷикистон дар баробари изҳороти вазорати хориҷаи Узбакистон то ба ҳол вокунише нишон надодаанд, аммо иддае аз коршиносон бар онанд, ки дар ин изҳорот ҳарфи наве гуфта нашудааст ва бархурди Тоҷикистон ба масъалаҳои истифодаи оби минтақа ва сохтмони нерӯгоҳҳояш тағйир нахӯрдааст.
Ҷониби Узбакистон ҳамеша такя ба санадҳои байнулмилалӣ, бахусус Конвенсиюни соли 1997 СММ дар мавриди истифодаи обҳои фаромарзӣ мекунад, ки тибқи он тамоми кишварҳои истифодакунандаи об рӯйи истифодааш бояд ризоият дошта бошанд.
Як ҳафта қабл тайи як нишасти байнулмилалӣ Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон низ изҳор дошт, ки кишвараш дар ҳоли мушкили ҷаҳонии экологӣ далели кофӣ барои пешбурди сохтмони нерӯгоҳҳояш ҷиҳати истеҳсоли энержии аз лиҳози экологӣ тоза дорад: «Тоҷикистон дорои захираи бузургтарини энержии об аст. Ин маънои онро дорад, ки энержии об энержии тоза, бидуни партоб ва барқароршаванда аст. Аз ин хотир аз лиҳози ҳуқуқӣ мо далели кофӣ барои пуштибонӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва сохтмони густардаи нерӯгоҳҳои барқи обии худ дорем».
Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, истодагарии Ӯзбакистон рӯйи мавқеаш посухе ба кӯшишҳои Тоҷикистон аст, ки торафт мехоҳад эътимоди ҷомиаи ҷаҳониро ба даст орад. Зеро ин кишвар то ба ҳол муваффақ мешавад, ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ фаҳмонад, ки мушкили миёни ӯву Узбакистон на иқтисодиву экологӣ, балки сиёсӣ аст.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, дар миқёси минтақа қудрати Узбакистон ба маротиб аз Тоҷикистон зиёд аст ва баъд аз гарм шудани равобиташ бо Ғарб Тошканд мекӯшад фишорашро ба Душанбе афзояд. Вай афзуд, Тошканд бо истифода аз нуфӯзаш дар минтақа ҳамоно ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун мухолифат мекунад ва ба назар мерасад мавқеи онро дигар кишварҳои ҷаҳон низ ба назар мегиранд. Вай афзуд, аз ин хотир Тоҷикистон чархаи аввали Роғунро бояд бо қувваи бозуи худ созад.
Тибқи иттилоъи кумитаи миллии сарбандҳои бузурги Тоҷикистон, дар замони Шӯравӣ истифодаи оби дарёҳои Ому ва Сир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқа шуда, ҳар яке ҳиссаи худро дошт, аммо фарқи имрӯз аз он замон ин аст, ки кишварҳои поёноб ба болооб барои истифодаи об маблағи муайян медоданд. Аммо ҳоло Узбакистон беш аз 70 дарсади оби минтақаро истифода мекунад ва бар иваз маблағе пардохт наменамояд.