Бегоҳи 7-уми октябр дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 баргузор шуд.
«Хуҷанд» дастаи меҳмон - CSKA «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод ва барои ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтан заминаи хуб гузошт.
Дар бозии дигари ниманиҳоӣ 9-уми октябр «Энергетик»-и Душанбе дар майдони худ бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода рақобат хоҳад кард.
Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 рӯзи якшанбеи 12-уми октябр баргузор хоҳанд шуд.