Дар канори ҷӯборҳои тезоби ин маҳал дар рӯзҳои мо ҳам ҷувозхонаҳои обӣ ба чашм мерасанд, хоначаҳои оддии хокӣ бо як обҷувоз. Равғани зағири машҳури Тоҷикистон дар ҳамин обҷувозҳои назарногир ҳосил карда мешавад. Oши палави аз биринҷи девзираи Исфараро низ ҳамин равғани зағири дастӣ маъруфият додааст.
Яке аз чунин ҷувозхонаҳо аз они усто – Хайриддин дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара аст, ки ман аз он дидан кардам. Усто – Хайриддин гуфт, ки аз мағзи зағир, кунҷит, зардолу, шафтолу равған мекашад ва аз омехтаи 8 кило ин гуна масолеҳ як кило равған ҳосил мешавад. Усто дар пеши чашмам зағиру мағзро ба ҷувози оҳанӣ мерезад. Барои ба кор даровардани ҷувоз барқ, газ ё сӯзишвории дигар зарур нест, нерӯи як ҷӯ об кифоя аст. Бартарии обҷувоз ҳам дар ҳамин аст, хусусан дар шароити бебарқии Тоҷикистон обпарра, яъне чархи чӯбини ҷувоз, чарх дар навбати худ тири ҷувозро ба ҳаракат медарорад ва ҷувоз тоб мехӯрад. Ҳамзамон дастаи ҷувоз болову поин шуда, мағзро мекӯбад.
Ба як дидан тасаввур кардан душвор аст, ки нерӯи об бо чӣ усули зираконае ҷувоздастаро болову поин мебарад ва як чизи тамошобоби ҷувозхонаҳои дастисохт ҳам ҳамин аст. Усто–Хайридин мегӯяд, ки ин касб барояш авлодист: «Ин ҷо ман аз хурдиам кор кардагӣ. дар давраи пеш падарам кор мекарданд. Ягон панҷоҳ сол пеш».
Вай дар обҷувоз дар яку ним соат ду–се литр равған мекашад. Зағир ва мағз ва дигар маҳсулоти хомро барояш сокинон меоранд, гоҳе худаш мехарад. Зимнан, дар он маҳалҳои Тоҷикистон, ки наҳру ҷӯборҳои тезоб ва ҷувозхона надорад, сокинон донаки шафтолу ва донаки мағзаш талхи зардолуро барои сӯхтан дар танӯру оташдон истифода мекунанд. Равғани зағир ва мағз аз қадим дар байни сокинони Тоҷикистон шӯҳрат дорад ва нисбат ба равғанҳои рӯстании корхонаҳои саноатӣ софу давоӣ ҳисобида мешавад. Талабгоронаш зиёданд ва як кило равғани омехтаи мағзу зағири ҷувозхонаҳои Исфара 12 сомонӣ нарх дорад.