Анвар Юнусов дар вазни то 51-кило ба ҳашт зарбаи нишонраси Сомҷит Ҷонгҷоҳори таиландӣ танҳо бо як зарба посух дода тавонист. Ин саввумин сабқати Анвар Юнусов бо ин рақиби таиландияш буд ва ҳам саввумин бохташ.
Ҳамакнун, муштзани таиландӣ дар даври нимниҳоӣ бо муштзани итолиёӣ мубориза мебарад. Ҷуфти дигари сабқати ниманиҳоӣ дар ин вазнро намояндагони Русия ва Куба ташкил медиҳанд.
Анвар Юнусов чаҳордаҳумин варзишгари Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Пекин буд, ки иштироки худро ба анҷом расонид. Ҳамакнун, аз Тоҷикистон танҳо Юсуф Абдусаломови гуштигир боқӣ монд. Юсуф Абдусаломов фардо, рӯзи 21 август ба майдон мебарояд.
Имрӯз, инчунин, варзишгарони Эрону Афғонистон як медали биринҷӣба даст оварданд. Нахустин медали олимпии Пекинро барои Эрон Муҳаммади Сайидмурод дар вазни то 60-килои гуштии озод ба даст овард. Нахустин медали олимпии Пекинро барои Афғонистонро Руҳуллоҳ Некпайӣ дар риштаи таэквондо байни мардон дар вазни 58-кило соҳиб гардид.
То ин замон, Тоҷикистон бо як медали биринҷии Расул Боқиев дар байни 79 кишвари соҳиби медалҳои олимпӣ, дар ҷойи 71-ум мебошад. Инчунин, Эрон Исроил, Латвия, Мароккаш, Мексика, Того, Венесуэла ва Афғонистон низ як медали биринҷӣ доранд.