Ба қавли коршиносон бинобар гармшавии иқлим майдони пиряхҳои табиии Осиёи Марказӣ 35% коҳиш ёфта, ба камбуди об дар минтақа боис шудааст. Онҳо бар онанд, ки камбуди об метавонад ба бурузи ихтилофот миёни кишварҳои болооб ва поёноби минтақа боис шавад.
Ин дар ҳолест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ солҳост, наметавонанд сари масъалаи истифодаи босамари захоири обии минтақа ба тавофуқ бирасанд.
Абдурақиб Қодиров, коршиноси масоили минтақавӣ мегӯяд, истифодаи захоири обии Осиёи Марказӣ миёни кишварҳои ин минтақа аз масоиили баҳсдор ба шумор меравад. Вай мегӯяд, Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои болоби минтақа, ки захоири обии Осиёи Марказӣ аз онҳост, аз кишварҳои поёноб, Узбакистону Қазоқистон мехоҳанд, барои таъмири соҳилҳо ва пешгирии фалокатҳои табиӣ кӯмаки моддӣ дарёфт кунанд, вале аз кишварҳои поёноб Узбакистон, ки беш 70 дарсади захоири обии минтақаро барои шодоб гардонидани киштзорҳояш истифода мебарад, ба Тоҷикистону Қирғизистон мухолифат меварзад.
Ба қавли коршиносон дар ҳоле беш аз 80 дарсади оби рӯдхонаҳои Тоҷикистону Кирғизистонро Узбакистону Туркманистону Қазоқистон барои мазореъ истифода мебаранд ва миллиардҳо доллар аз зироатҳои худ даромад мегиранд, Тоҷикистону Қирғизистон ҳамасола барои пешгирии офатҳои табиӣ милионҳо доллар масраф мекунанд.
Саиди Ёқубзод вазири оби Тоҷикистон мегӯяд Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди якуним милиард доллар барои нигаҳдории об, соҳилбандӣ ва иншоотҳои обӣ дар рудхонаҳои Амударё Сирдарё ва Зарафашон масраф мекунад. Вай меафзояд, ин се дарёи фаромарзӣ, ки ҳудуди 70 дарсади оби онҳо аз Тоҷикистон сарчашма мегирад, ба мудирият ниёз дорад, вале Узбакистону Қазоқистон моил нестанд дар мудирияти ин ҳавзаҳо ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Узбакистон даъво дорад, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон сохтмони нерӯгоҳҳои обии худро бояд бо Узбакистон ҳамоҳанг кунанд, то ба вазъи эколожии Узбакистон халал ворид нашавад. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, ҳеҷ санади байналмилалӣ ё дуҷониба кишварҳои болообро муваззаф ба ҳамоҳанг кардани барномаҳои сохтмони нерӯгоҳҳо бо кишварҳои ҳамсоя накардааст ва гузашта аз ин сохтмони нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи Ому ва Зарафшон тарҳҳои ҷадид нестанд ва ҳамаи кишварҳои ҳамсоя барои эҳдоси ин тарҳҳо дар замони шӯравӣ мувофиқат кардаанд ва зимни пазируфтани ӯҳдадориҳои шӯравии собиқ ҳангоми фурӯпошии он вазифадоранд ба он амал кунанд.
Аммо мухолифати Узбакистон ба тарҳҳои энержӣ таъсири манфиашро ба Тоҷикистон расонидааст. Соле пеш давлати Чин таъаҳуд карда буд, ки нерӯгоҳи мавсум ба «Ёвон»-ро дар рӯдхонаи Зарафшони Тоҷикистон бо сармояи худ бунёд кунад, вале дар паи мухолифати Узбакистон аз эҳдоси ин тарҳ худдорӣ кард. Ахиран як ҳайати олмонӣ шароити бунёди ин неругоҳро таҳқиқ карда, ба хулосае расидааст, ки эҳдоси он ҳеҷ гуна зараре ба кишвари ҳамсояи Узбакистон намерасонад. Профессор, Франк Шраддер, роҳбари гурӯҳи таҳқиқотии олмонӣ даъвоҳои Узбакистонро бепоя хонда гуфт, ҳаҷми обанбори ин нерӯгоҳ хурд буда, 300 миллион метри мураббаъ хоҳад буд, ки он дар тобистон резиши шабонарӯзии обро кам намекунад ва ба минтақа зарари эколожию иқтисодӣ намерасонад.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дархост кард, ки ба ҳали масоили обии минтақаи Осиёи Марказӣ расидагӣ кунанд. Муродалӣ Алимардонов муовини нахуствазири Тоҷикистон мегӯяд, бидуни кӯмак ва расидагии ҷомеаи байналмилалӣ ҳали масоили марбут ба оби Осиёи марказӣ номумкин аст.
Вай меафзояд. Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки ҷиҳати ҳали масоили захоири оби минтақа консорсиуми байналмилалии об ташкил шавад: «Раванди рушди дунё нишон медиҳад, ки қимати об дар оянда аз қимати нефту газ ва захоири дигари табиӣ гаронтар мешавад. Барои хамин ба захоири оби таваҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст. Ҳали ин масъала имкон медиҳад, ки хавфи фалокатҳои табии камтар шавад».
Аз кишварҳои поёноби минтақа Узбакистон мухолифати худро ба ташкили чунин як консорсиум борҳо изҳор доштааст. Вале Қазокистон мехоҳад, ин консорсиум ташкил шавад. Д. Петров, намояндаи Қазоқистон дар ҳамоиши байналмилалии «Коҳиши фалокатҳои табиии марбут ба об» ташкили консорсиуми байналмилалиро зарур шуморид: «Танзими захоири обии фаромарзӣ, яъне ташкили консорсиуми байналмилалӣ мушикили аслии кишварҳои мост. Агар ин масъала ҳал шавад, масъалаи ҷамъоварии маблағ барои пӯшонидани хисороти офатҳои табии марбут ба об яъне, селу обхезиҳо ҳали худро меёбад.»
Коршиносони мегуянд, бидуни ҳамдигарфаҳмӣ ба мувофиқа расидани кишварҳои Осиёи Марказӣ сари масъалаи истифодаи босамари захираҳои оби минтақа мушкил аст. Абдурақиб Қодиров коршиноси масоили минтақа, мегуяд, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд аз таҷрибаи давлатҳои Осиёи Хурд дар тақсими оби дарёи Нил истифода баранд.
Қодиров гуфт, аз оби дарёи Нил шаш кишвари минтақаи Осиёи Хурд баҳрабардорӣ мекунанд ва онҳо тибқи қарордод, ҳамсола ба хазинаи ин дарё як миқдор маблағ барои пешгирии фалокатҳои табиӣ ворид мекунанд ва кишварҳое, ки аз маҷрои ин дарё зарар мебинанд, аз он маблағҳо истифода мебаранд.
Аммо бархе коршиносон мегуянд, масъалаи истифодаи захоири обии Осиёи Марказӣ, ахиран ҷанбаи сиёсӣ касб кардааст, ва то замоне ихтилофҳо миёни ҳукуматҳои кишварҳои минтақа аз байн наравад, ҳалли он мушкил хоҳад буд.