Сафаргул Олимӣ
Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират панҷшанбеи 12 феврал дар дар пойтахти Тоҷикистон дар мизи гирде, ки ба мавзуи муҳоҷирати корӣ бахшида шуда буд, қатли ваҳшиёнаи духтари 9-солаи тоҷик, Хуршеда Султонова дар шаҳри Санкт Петербургро маҳкум кард. Вай аз намояндагони матбуот хост, то ин ҳодисаро то ниҳояти пайдо кардани ҷинояткорон пайгирӣ намоянд.
Намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон ҳамчунин хостори имзои ҳарчӣ зудтари созишномаи дуҷонибаи Русия Тоҷикистон дар мавриди муҳоҷирати корӣ шуд. Дар ин нишасти Созмони Ҷаҳони Муҳоҷират таваҷҷуҳи бештар ба масъалаи трафик ё одамфурушӣ дода шуд. Нигина Маҳмадҷонова, корманди Созмони Ҷаҳонии муҳоҷират дар робита ба мавзуъ гуфт, аз соли 2003 инҷониб бо ибтикор ва кумаки молии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират 600 нафар муҳоҷирин, ки 20 нафарашон қурбонии қочоқбарон гаштаанд, аз Покистон, Қазоқистон ва Русия ба ватан баргаштаанд.
Манобеъи ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон мегуянд, теъдоди духтароне, ки дар кишварҳои хориҷа ба танфурушӣ машғуланд, беш аз 1000 нафар мебошад. Аммо Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегуяд, то кунун чунин як омори дақиқдар ин масъала вуҷуд надорад, аз ин ру маълум нест, теъдоди аслии онҳо то чанд нафараст. Дар нишаст эълон шуд, ки созмони мазкур як барномаеро ҷиҳати ҷустуҷуи босамар ва натиҷабахши ҳодисаҳои қурбонии одамфурушон, барои кормандони соҳаи интизомии Тоҷикистон таҳия намудааст.