Аз ширкати "Ҷамол-компания" боз пул ёфтанд


Абдуқайюми Қаюймзод



Додситонии Кулли Тоҷикистон эълом кард, дар ҷараёни як амалиёти дигар беш аз як миллион доллар аз як масъули ширкати Ҷамол-компания мусодира кардааст.

Азизмад Имомов, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, аз замони тавқифи ширкати "Ҷамол-компания" ин мавриди дуввуми ошкор ва мусодира шудани пулҳои пинҳонӣ аз ин ширкат мебошад.

Ҳамзамон бо талоши додситонӣ барои ошкор кардани маҷмуи маблағҳои ҷамъшуда дар ин ширкат, ҷараёни бозпардохти пули гаравмондаи мардум дар назди ширкати "Ҷамол-компания" низ бо назорати мустақими додситонии кишвар идома дорад. Бар асоси иттиллоъи додситонии кулли Тоҷикистон, то кунун беш аз шашсад муштарӣ, ки бо ширкати "Ҷамол-компания" то 1000 доллар муомила кардаанд, маблағҳои худро бозпас гирифтанд.

Аммо бархе аз муштариён мегуянд, ки новобаста аз сабти ном дар дафтари додситонӣ, барои ворид шудан ба феҳрасти ҷабрдидагони бидуни воситаву ошнобозӣ мушкил аст. Як сокини шаҳри Душанбе гуфт, агарчӣ аз сабти номи ман дар додситонӣ беш аз як ҳафта мегузарад вале то кунун бо иллати номаълум маблағи худро дарёфт накардам: "Даҳ руз шуд, ки сабти ном карданд, вале то ҳол пул нест мегуянд, гуфтанд аз нав ба прокуратура муроҷиат кун."

Азизмад Имомов, муовини додситони кулли кишвар дар мавриди бозпардохти пули муштариёни шуъбаҳои ширкати "Ҷамол-компания" дар минтақаҳо, гуфт, ин масъала пас аз ҳалли ин қазия дар дастгоҳи марказии ширкат оғоз хоҳад шуд.