Дар Мурғоб як расадхонаи бостонӣ ёфт шуд


Мирзои Салимпур



Бостоншиносони тоҷик дар атрофи рудхонаи Шорол, воқеъ дар минтақаи Мурғоби Бадахшон расадхонаи қадимеро пайдо кардаанд, ки ба асрҳои 8-у 9-и то милод тааллуқ мегирад.

Мира Бубнова, ходими илмии Пажуҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Фарҳангистони Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки ин расадхона ба қавмҳои кучии эроние марбут аст, ки дар ин минтақа ба сар бурда, хуршедпараст будаанд.

Мира Бубнова мегуяд, ёдгориҳои ёфтшуда дар атрофи руди Шорол дар ҷаҳон бенамуна ҳисоб мешаванд.