Корхонаи "Элто" ба тавлиди компютерҳои навъи Пентиум-5 оғоз кардааст


Мирзои Салимпур





Бино бар маълумоти хабаргузории "Ховар", корхонаи саҳҳомии "Элто", "Феннон"-и собиқ, воқеъ дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ба тавлиди компютерҳои навъи Пентиум-5 пардохтааст. Тавлиди ин компютерҳо, ки "Душанбе" ва "Ролсон" номгузорӣ шудаанд, бо ҳамдастӣ ва сармоягузории ҷониби Русия амалӣ мешавад.

Дар соли гузашта корхонаи "Элто" истеҳсоли дастгоҳҳои тавлиди макарон ва поп-корнро ба роҳ гузошта буд ва ин корхона, ки дар замони шуравӣ маҳсулоти низомӣ мебаровард, акнун мехоҳад дар баробари компютерҳо ба тавлиди телевизорҳои рангаи замонавӣ низ машғул шавад.