Раисҷумҳури Арманистон ба Тоҷикистон сафар кард


Раҳматкарими Давлат

Роберт Кочарян Раиси ҷумҳурии Арманистон зимни як сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард ва бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот кард.

Роберт Кочарян Раиси ҷумҳурии Арманистон зимни як сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард ва бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот кард. Бино бар хабарҳо дар ин мулоқот масъалаи ривоҷ бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Арманистон, инчунин масъали ҳамкорӣ дар заминаи Паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ ва ҳамоҳаг сохтани мавқеи ду ҷониб дар мавриди бархе масоили минтақавӣ ва байналмиллалӣ баррасӣ шудааст. Аз даҳ соли пеш то кунун миёни Тоҷикистон ва Арманистон даҳ санади ҳакорӣ ба имзо расидааст, ки на ҳамаи он мавариди иҷро карор гирифтаанд. Дар соли гузашта ҳаҷми табодули мол миёни ин ду кишвар танҳо ҳазор долларро ташкил додааст. Эмомалӣ Раҳмонов хостори густариши ҳамкориҳо ва афзоиши табдили мол миёни ин кишварҳо шудааст.