Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, теъдоди гирифторони СОVID-19 дар Тоҷикистон аз 2500 нафар гузашт


Озмоишро умдатан аз луоби даҳон мегиранд.
Озмоишро умдатан аз луоби даҳон мегиранд.

Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 201 нафари дигарро бо аломатҳои бемории СОVID-19 сабт кардааст ва теъдоди гирифторон ба коронавируси нав то шоми 22-уми май ба 2551 нафар расид.

Ба гуфтаи вазорат ягон нафари дигар бар асари беморӣ нафавтида, COVID-19 дар умум сабаби марги 44 нафар дар Тоҷикистон шудааст. Вазорати тандурустӣ чанд рӯз аст, ки пайи ҳам аз сирояти вирус ба бештар аз 200 нафарӣ гузориш медиҳад. Ба гуфтаи вазорат бештар аз 1089 нафар аз чанголи беморӣ раҳо шудаанд.

Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба марги фарде дар ин ё он гӯшаи кишвар гузориш мерасад ва корбарон ҳам менависанд, ки он фард бар асари бемории илтиҳоби шуш ва ё "коронавирус" вафот кардааст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки тамоми чораҳоро барои муолиҷаи беморон ва пешгирӣ аз сирояти бештари беморӣ меандешанд. Рӯзи 21 уми май дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 гуфтанд, ки фақат дар Душанбе, яке аз шаҳрҳои бештар аз дигар минтақаҳо осебдида аз беморӣ, беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 табиб ва корманди тиббӣ ба гирифторони коронавирус хизмат мерасонанд.

Мақомоти Тоҷикистон то 30-юми апрел мегуфтанд, ки дар кишвар беморӣ ба касе сироят накардааст, ҳарчанд тақрибан ҳар рӯз доир ба афзоиши бемории “илтиҳоби шуш” ва маргу мир аз ин беморӣ гузориш мерасид. Бемории COVID-19 аломатҳои шабеҳи зукоми маъмулӣ ва ҳам “илтиҳоби шуш” дорад.

Баъди авҷ гирифтани гузоришҳо дар ин бора ҳукумати Тоҷикистон зери фишори ҷомеаи маданӣ маҷбур шуд, гурӯҳе аз мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро барои арзёбии вазъ ва баҳо додан ба тавоноии Тоҷикистон барои муқобила бо вируси нав ба кишвар даъват кунад.

Ҳайат баъди вуруд ба Тоҷикистон бо мақомоти баландпоя, аз ҷумла Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва раиси Ситоди пешгирӣ аз сирояти COVID-19 мулоқот дошт ва вазъи бемористонҳо, озмоишгоҳҳо ва хонаҳои пиронсолонро омӯхт. Қарор аст, ба зудӣ арзёбии онҳо ва тавсияҳо барои муқобила бо беморӣ нашр шавад.

Айни замон гузоришҳои зиёде мерасад, ки табибони тоҷик васоили муҳофизатии кофӣ аз беморӣ надоранд ва норасоии доруворӣ ба мушоҳида мерасад. Баъди эълони 15 мавриди нахустини сирояти беморӣ дар Тоҷикистон дар рӯзи 30-юми апрел, таътили хонандагони мактабҳои миёнаро то охири тобистон дароз карда, кӯдакистону бозорҳои либос ва фурӯшгоҳҳоро бастанд.

Баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ, консерт, намоишномаҳои театрӣ манъ аст, вале нақлиёти умумӣ, бозорҳои хӯрокворӣ, дорухонаву дигар муассисаҳои давлатӣ ба таври маъмулӣ кор мекунанд.

Бо вуҷуди онки ҳукумат расман, гаштугузорро маҳдуд накарда ва ё карантини саросарӣ эълон накардааст, мақомоти расмӣ хона ба хона гашта, ба мардум тавсия медиҳанд, ки бе зарурат берун наоянд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми май гуфт, ки бо эълони маҳдудиятҳо дар кори баъзе аз муассисаҳо "дар маҷмӯъ 512 060 нафар сокинони шаҳр ба карантин фаро гирифта шудаанд."

XS
SM
MD
LG