Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиноси амрикоӣ шубҳаҳо дар бораи орӣ аз вирус будани Тоҷикистонро шарҳ дод.ВИДЕО


Бино ба гузориши мақомоти Тоҷикистон, то рӯзи 27-уми апрел дар кишвар ягон мавриди собитшудати сирояти коронавируси нав сабт нашудааст. То рӯзи 23-уми апрел 3310 озмоиш гирифтаанд ва то рӯзи 26-уми апрел 2144 нафар дар каратин нигаҳ дошта мешуданд. Аммо бисёриҳо ва бахусус мутахассисони хориҷӣ шубҳа доранд, ки Тоҷикистон кишвари орӣ аз вирус нест ва далелҳои зиёде ҳам меоранд.

Радиои Озодӣ бо Эдвард Лемон пажӯҳишгари амрикоӣ, ки мегӯянд, яқинан вирус ба Тоҷикистон ҳам расидааст, суҳбате анҷом дод, ки чаро шубҳа зиёд аст ва ин назар ҳаст, ки ҳукумат воқеиятро пинҳон медорад. Эдвард Лемон пажӯҳишҳои зиёде доир ба вазъи сиёсии Тоҷикистон анҷом додааст.

Радиои Озодӣ: Бисёре аз мардум дар дохил ва мутахассисону коршиносон, аз ҷумла худи шумо мегӯед, ки ба орӣ аз вирус будани Тоҷикистон шубҳа доред. Чаро?

Эдвард Лемон: "Тоҷикистон ҳоло яке аз 15 кишвари ҷаҳон аст, ки ба иттилои расмӣ КОВИД-19 дар он нест. Бисёре аз кишварҳои орӣ аз вирус ҷазираҳои хурде ҳастанд ва Тоҷикистон пас аз Куриёи Шимолӣ сераҳолитарин кишвар дар байни онҳост. Шоистаи таҳсин аст, ки ҳукумат дар рӯзҳои аввали хуруҷи вирус, бисёр фаъолона амал мекард. Онҳо рӯзи 10-уми март вуруди хориҷиёнро ба кишвар манъ карданд, 20-уми март фурудгоҳҳоро бастанд, то рӯзи 30-уми март тамоми марзҳо баста шуд, ба истиснои вуруди мошинҳои борбар, аммо бисёр дер шуда буд. Бешак ва тақрибан яқин аст, ки вирус дар кишвар ҳаст.

Бо вуҷуди ин ва гузоришҳо доир ба марги панҷ шаш нафар аз бемории “илтиҳоби шуш”, маросимҳои бастаи дафн ва бистарӣ кардани мардуми зиёд бо бемориҳои роҳҳо нафас, онҳо гаштугузорро маҳдуд накарданд. Чун ҳамеша, ҳукумат саъй дорад, ки инъикоси КОВИД-19-ро зери назорат бигирад ва нагузорад, ки матбуот доир ба сироятҳои эҳтимолӣ гузориш бидиҳад. Мақомот аз посух доир ба вазъ сарпечӣ мекунанд. Ҳукумат баъзе аз вебсайтҳоро, ки доир ба КОВИД-19 гузориш медоданд, баст. Вебсайти Радиои Озодиро бастанд, вебсайти "Ахбор"-ро, ки дар Прага қароргоҳ дорад, ҳомии терроризм эълон карданд ва дастрасӣ ба онро барои ҳамеша қатъ карданд. Ҳарду расона бо ҳукумат бар сари инъикоси таҳаввулот дар кишвар баҳсҳое доштанд, вале амалкарди онҳо дар ин замон ва баъди гузоришҳои ҳарду расона доир ба аввалин қазияи сирояти эҳтимолии КОВИД-19 шубҳабарангез буд.

Бар иловаи ин ду хабарнигори рӯзномаи СССР-ро, ки доир ба камбуди маводи ғизо гузориш медоданд, ба “барангехтани воҳима” муттаҳам карданд. Маъмурони амниятӣ дар шифохонаҳо ба мардум таҳдид мекунанд, ки доир ба вазъ гап назананд. Ман қазияҳоеро медонам, ки табибон ва кормандони вазорати тандурустиро барои онки гуфтаанд, ҳамачиро мегӯянд, аз кор ронданд. Агар ҳукумат чизе барои пинҳон кардан надорад, чаро чунин корҳоеро анҷом медиҳад?”

Радиои Озодӣ: Даркаш мушкил аст, ки чаро ҳукумат саъй дорад, нишон бидиҳад, ки вирус ба Тоҷикистон нарасидааст. Чӣ сабабҳое вуҷуд дорад, сабабҳои иқтисодӣ аст ва ё сиёсӣ?

Эдвард Лемон: “Ба назари ман чанд тафсири эҳтимолӣ метавон кард. Аввал ин ки ҳукумат талош дорад, ба қадри кофӣ васоили муҳофизатӣ барои табибон ба даст биёрад ва шифохонаҳоро барои қабули беморон омода кунад. Дуввум ин ки ҳукумат мехоҳад, аз таҳлука дар миёни мардум пешгирӣ кунад, мисли таҳлукае, ки моҳи март шуд ва мардум бошитоб ба харидани орд шурӯъ карданд. Барои ҳамин ҳукумат мехоҳад, тадбирҳо ба оҳистагӣ андешида шаванд, мисли бастани мактабҳо барои ду ҳафта. Саввум, шоид доир ба шеваи эълони маҳдудияти гаштугузори саросарӣ дар кишвар нигаронӣ ҳаст.

Бо вуҷуди онки Тоҷикистон кишвари худкома аст, вале дар умум бояд ба ризоияти мардум эътибор диҳад. Бо назардошти онки мардуми зиёде муҳоҷират рафта наметавонад, шояд нигаронӣ вуҷуд дорад, ки эълони маҳдудияти гаштугузор қобили таҳаммул намешавад ва мардуме, ки ҳеҷ даромад надоранд, дар хона наменишинанд. Ва ниҳоятан як ваҷҳи бештар боварибахш ин аст, ки режим намехоҳад, фаъолиятҳои иқтисодӣ дар кишварро мутаввақиф кунад, чун даромаде, ки аз аъзои хонаводаи раиси ҷумҳур аз тиҷоратҳои гуногун ба даст меоранд, коҳиш меёбад.”

Коршиноси амрикоӣ гуфт, чаро ҳукумат бемориро "пинҳон кард"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳукумат аз чӣ метарсад? Чӣ мешавад, агар бигӯянд, ки дар воқеъ дар кишвар бемории КОВИД-19 ҳаст?

Эдвард Лемон: “Самимона мегӯям, намедонам, онҳо чӣ фикр мекунанд. Тақрибан ҳамаи кишварҳо маҳдудияти гаштугузор эълон кардаанд ва ин як воқеияти нав, вале муқаррарӣ шудааст. Онҳо шояд аз таҳлукаи оммавӣ метарсанд, ки моҳи март ҳангоми хариди орд шуд. Зоҳиран ҳоло талабҳое барои эълони маҳдудиятҳои гаштугузор ба назар мерасанд. Мардум возеҳан нигаронанд, ки ҳукумат барои муҳофизати онҳо ба қадри кофӣ кор намекунад. Онҳо худашон даст ба кор шудаанд, аз хона берун намеоянд ва вазифаеро иҷро мекунанд, ки ба фикри онҳо ҳукумат бояд барои пешгирӣ аз хуруҷи беморӣ онро анҷом диҳад. Мисли ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки сокинон худашон посгоҳ таъсис додаанд ва мошинҳои бегонаҳо ва ё афроди беморро тафтиш мекунанд. Чанде пеш ҳукумат муваққатан ба самти маҳдудияти гаштугузор ҳаракат кард, мактабҳоро баст, ҷамъомадҳоро манъ кард, вале шояд ин ҳама барои пешгирӣ аз густариши вирус кофӣ набошад."

Радиои Озодӣ: Ҳукумати Тоҷикистон аз чӣ бештар метарсад, аз худи вирус ва ё таъсири пандемияи вирус ба иқтисоди осебпазири Тоҷикистон?

Эдвард Лемон: “Ба назари ман аз ҳарду. Аз як тараф ҳукумат воқеан ба андозаи кофӣ барои муқобила бо хуруҷи беморӣ омода нест. Хароҷоти беҳдоштӣ барои як нафар дар кишвар 31 доллар аст, ки баробар бо кишварҳои зери Саҳрои Кабир дар Африқо баробар мебошад. Низоми беҳдоштӣ дар кишвар дар ҳоли фӯру рехтан аст ва қудрати қабули беморони зиёдро надорад. Айни замон нигарониҳои мантиқӣ доир ба иқтисоди Тоҷикистон ҳаст. Баъзе асароти манфӣ бе эълони маҳдудият дар кишвар хоҳад буд, аз ҷумла коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия, ки сабаби норасоии пули нақд дар бонкҳои кишвар мешавад. Аммо эълони маҳдудияти гаштугузор метавонад, сабаби варшикастагии тоҷирони хурде ба мисли соҳибони мағозаву қаҳвахонаҳо шавад.”

Радиои Озодӣ: Мо медонем, ки ҳукуматҳо воқеиятҳо ва ҳақиқатҳои зиёдеро пинҳон мекунанд, вале пинҳон кардани иттилло дар бораи сиҳатии омма, ки метавонад, сабаби фалокат шавад, масъалаи дигар ва бисёр ҷиддӣ аст. Чунин пинҳонкорӣ ба фикри шумо барои худи ҳукумат хатарнок нест?

Эдвард Лемон: “Дигарбора мегӯям, намедонем, ки ҳукумат чӣ фикр мекунад. Шояд аз он нигарон аст, ки чӣ гуна маҳдудияти саросарӣ эълон кунад, бахусус дар замоне, ки тақрибан миллион нафар афроде, ки ба Русия муҳоҷират мекарданд, дар кишвар дармондаанд. Аммо беамалии онҳо, ба густариши вирус мусоидат мекунад ва масъала дар дарозмуддат бадтар мешавад. Агар тасаввур кунем, ки ҳамаи ин беморон КОВИД-19 ҳастанд, пас миқёси хуруҷи беморӣ фавқуллода бузург аст. Хуруҷи беморӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ ногузир паёмадҳое барои ҳукумат хоҳад дошт, вале чӣ гуна оқибатҳо, вақт нишон медиҳад.

Радиои Озодӣ: Дафтари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон танқиди зиёд шуд, ки ҳарчӣ ҳукумат мегӯяд, онро такрор мекунад, вале дар воқеъ ин созмон ҳақ надорад, ба шифохонае биравад, тафтиш кунад, озмоиш бигирад ва “ҳақиқатро ошкор кунад”. Назари шумо дар ин бора чист? Дафтари созмон дар Душанбе чӣ кори хатое кард?

Эдвард Лемон: "Мисли дигар созмонҳо, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо ризояти ҳукумат кор мекунад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, “бо дархости ҳукуматҳо ва ё ризоияти онҳо” ба кишвар кӯмакҳои фаннӣ мерасонад. Яъне созмон наметавонад, ҳукуматро маҷбур кунад, ки вазъро (онгуна ки ҳаст) шарҳ диҳад, ё бе иҷозат ба шифохонаҳо биравад ва мисли он. Ошкоро ба чолиш кашидани ҳукумат онҳоро дар мавқеи душворе мегузорад. Барои нигаҳ доштани ҳузур, мисли дигар созмонҳо, онҳо аз ихтилофоти мустақим бо ҳукумат худдорӣ мекунанд.

Аммо ба назари ман Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо гурез аз суолҳои хабарнигорон ва таъкид бар онки озмоишҳо мутобиқ ба “меъёрҳои байналмилалӣ” буданд, як навъ мавзеъгирии ҳукуматро такрор кард. Умедворем, бо омадани гурӯҳи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои арзёбии вазъ дар моҳи май фишор ба ҳукумат барои бозтар будан зиёд мешавад. Тоҷикистон барои кам кардани таъсири бӯҳрони КОВИД-19 миллионҳо доллар ба даст овард ва донорҳо бояд шаффофияти бештарро аз ҳукумат талаб кунанд."

Радиои Озодӣ: Агар маълум шавад, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳақиқатро пинҳон кардааст ва онҳое, ки аз “илтиҳоби шуш” фавтидаанд, қурбониёни КОВИД-19 буданд, оқибатҳои он барои ҳукумат ва кишвар чӣ гуна хоҳад буд?

Эдвард Лемон: “Ба андешаи ман, бисёриҳо фикр мекунанд, ки қазия ҳамин аст. Дар Тоҷикистон наздик ба яқин КОВИД-19 аст. Ҳарчанд ҳоло барвақт аст, бигӯем, ки таъсираш ба чӣ ҳад мешавад, вале метарсам, паёмадҳои тирае барои кишвар хоҳад дошт. Аз назари иқтисодӣ вазъ мумкин аст, назар ба солҳои 2014/2015, ки суръати рушди иқтисоди Русия кунд шуд ва ба иқтисоди Тоҷикистон асари манфӣ гузошт, бадтар шавад. Аввал ин ки ҳоло мо шоҳиди рукуди ҷаҳонии иқтисодӣ шудаем, ки ба тамоми шарикони тиҷоратӣ ва сармоягузорони Тоҷикистон асар мегузорад.

Дуввум ин ки коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон назар ба соли 2014 ҳам бадтар мешавад, чун марзҳо баста аст ва иқтисоди Русия рӯ ба рукуд овардааст. Тиҷорату сармоягузорӣ камтар мешавад. Тиҷоратҳои хурд ба сабаби талаботи кам осеб мебинанд. Аз назари сиёсӣ Тоҷикистон ба марҳилаи гузариш ворид шудааст, Рустами Эмомалиро миёнаҳои моҳи апрел раиси Маҷлиси миллӣ интихоб карданд ва дуввумин шахс пас аз раиси ҷумҳур шуд. Оё Эмомалӣ Раҳмон қудратро дар замони чунин бӯҳрон ба каси дигар медиҳад? Чӣ таъсире ба суботи кишвар мерасонад? Тоҷикистони баъди ҷанги дохилӣ бар асоси хотираҳои он ҷанг ва муҳоҷирати оммавии ҷавонон ба Русия бунёд ёфт. Бо онки он хотираҳо зудуда шудаанд ва мардум муҳоҷират рафта наметавонанд, ҳукуматро имтиҳонҳои сахте дар пеш аст."

XS
SM
MD
LG