Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлатманди Хол, фалаксарои маъруф 70-сола шуд. ВИДЕО


Давлатманди Хол, фалаксарои шинохта. Акс аз соли 2017
Давлатманди Хол, фалаксарои шинохта. Акс аз соли 2017

Давлатманди Хол, фалаксарои маъруфи тоҷик имрӯз 70-сола шуд.

Ӯ 26‑уми октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод, ҳоло ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дар хонаводаи кишоварз ва аҳли фарҳанг ба дунё омадааст.

Давлатманди Хол аз овони наврасӣ бо хондани сурудҳои мардумӣ шӯҳрат пайдо кард.

Ӯ мегӯяд, маҳз ҳунарманд будани падару бародар боис шуд, ки ӯ роҳи санъатро пеша намояд ва жанри фалакро дубора эҳё кунад.

Гузориши видеоӣ дар бораи сароянда аз бойгонӣ.

Давлатманди Хол: Овози тир баланд шуд, садои мусиқӣ хомӯш мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Нахустин оҳанги худро Давлатманд Холов дар соли 1963 дар синни 13-солагӣ ва дар сугвории падараш хондааст. Ба гуфтаи ин ҳунарманди маъруф, ӯ навохтани бисёре аз созҳои мусиқӣ ва муҳаббат ба ашъори Мавлоно Румиро аз падараш мерос гирифтааст. Матни бештари сурудҳои ӯ ашъори Мавлоност. Зеро, ба гуфтаи ӯ, дар ғазалиёти Мавлоно ғаразе нест ва аз сӯи дигар ба ашъори ӯ метавон ба роҳат оҳанг баст.

Давлатманди Хол аз рӯи пеша меъмор аст, аммо, ба гуфтаи ҳунаршиносон, ӯ умри худро сарфи бунёди кохи Фалак кард.

Ӯ ба хубӣ аз иҷрои беш аз сад сози мусиқӣ мебарояд, аммо дар баршумурдани оҳангҳои хондааш душворӣ мекашад. Ин марди ҳунар кайҳо дар ҷодаи навозандагиву овозхонӣ ва низ оҳангсозӣ ба дараҷаи устодӣ расидааст ва мактаби эҷодии худро дар кишвар таъсис дода, ки даҳҳо ҷавони ҳунарманд аз он баҳра мегиранд. Ӯ унвони ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро дорад ва солҳо раҳбари ансамбли давлатии “Фалак” буд.

Сурудаҳои Давлатманд Хол на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои форсизабон низ шунаванда доранд.

Ба адвор (нота) даровардани таронаҳои “Фалак”‑ро маҳсули кори ин ҳунарманд медонанд.

Давлатманди Хол дар тӯли беш аз 30 соли фаъолияташ беш аз нисфи ҷаҳонро гаштаву навои Фалакро ба шунавандаҳои кишварҳои мухталиф расондааст. Ӯ соҳиби ҷоизаҳои бешумор аст. Чанд соли беш ба ин ҳунарманди шинохта президенти собиқи Фаронса Жак Ширак нишони тилоии кишвари Фаронсаро ба далели истифода аз ашъори Мавлонои Румӣ эҳдо кард. Дар баробари ин ҳама ӯ пажӯҳишгари мусиқии мардумии Тоҷикистон аст. Соҳиби нӯҳ фарзанд аст ва аксарият ҳунари падарро пайравӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG