Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти нав: Дигар намегузорам, мардумам бигирянд!


Президенти нави Украина Володомир Зеленский, ба гуфтаи коршиносон, мардумро дар маросими савгандаш хеле хандонд. Ва муҳимтарин нуктаи паёмаш ин буд, ки гуфт, дар панҷ соли оянда коре мекунад, "украинҳо дигар гиря накунанд".

"Хеле хандидем"-ро роҷеъ ба расми савганди Зеленский раиси порлумони ин кишвар Андрей Парубий гуфт, аммо дар поёни паёмаш нахустин коре, ки президенти нав кард, порлумонро пароканда эълом дошт. Володимир Зеленский инчунин хост, додситони кул, вазири дифоъ ва сардори хадамоти амният аз мақомҳояшон барканор шаванд.

Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки мансабдорони давлат дар коргоҳашон портретҳои ӯро ба девор наовезанд ва беҳтар аст ба ҷойи расми ӯ акси фарзандонашонро овезанд ва ҳар коре, ки дар мақоми давлатӣ мекунанд, аввал ба чашмони фарзандони хеш дар ин суратҳо нигаранд ва сипас даст ба амал зананд.

Паёми асосии Володомир Зеленскийи 41-сола ба "ҷавобгарии дастаҷамъона" пайванд гирифт. Ӯ гуфт, вазъ ва ояндаи кишвар ба ҳар як шаҳрванди он бастагӣ дорад ва мехоҳад, салоҳияту тавоноии ҳар шаҳрванд бо салоҳияту зарфиятҳои президенти кишвар баробар бошад. Ҳамзамон, аз нигоҳи раиси ҷумҳури нави Украина, президент низ пеш аз ҳама як шаҳрванди кишвар аст.

"Пиндоред, ки сарлавҳаҳои рӯзномаҳо чунин аст: "Президент андоз намесупорад", "Президент дар чароғаки сурх гузашт". Чӣ фикр мекунед? Ҳар яки мо барои Украина ҷавобгар ҳастем", – гуфт Зеленский.

Аммо паёми ӯро танқид карданд, ки бештар аз шиор иборат буд. Дарҳол пас аз расми савганд ва садо додани ин танқидҳо, мушовири Зеленский, вазири пешини молияи Украина Александр Данилюк нақшаҳои президенти навро барои 100 рӯзи аввали кораш эълом дошт.

Бино бар онҳо, Зеленский дар гоми нахуст мехоҳад, ниҳодҳои мубориза бо коррупсияро барҳам занад ва аз нав созад. Бахши дигари кори ӯ аз ислоҳи низоми додгоҳӣ ва кори ниҳодҳои ҳифзи ҳуқу ва қонун иборат хоҳад буд.

​Дастгоҳи раисиҷумҳури нави Украина дар ҳоли таҳия кардани қонунҳоест, ки кори идора ва муассисаҳои зидди фасодро дақиқу рушантар мекунанд ва аз ҳолатҳои худ ба фасод ғӯтидани ин ниҳодҳо пешгирӣ. Ҳамчунин ҷалби судя ё додрасҳо ва санҷиши онҳо аз нав ба роҳ монда мешавад.

Зеленский мехоҳад, судяҳо бояд комилан мустақил ва росту поквиждон бошанд. Ҳамзамон вай хостори таъсиси Хадамоти тафтишҳои молӣ ва пулист, ниҳоде монанди Палатаи ҳисоб, ки харҷу дахли давлатро ба гунаи мустақилона таҳти назорат гирад.

Дар сиёсати хориҷӣ, ба гуфтаи Иван Яковин, шореҳи идораи украинии маҷаллаи "Новое Время", Володомир Зеленский бархилофи чашмдоштҳое, ки гӯё Украинаро бо Русия наздиктар хоҳад кард ба самти Аврупо ва ИМА хоҳад бурд. Коршинос ҳамчунин ишора мекунад, ки Зеленский бо президенти ИМА Доналд Трамп шабоҳатҳои зиёд дорад: ҳарду таблиғоти худро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пеш бурданд, на матбуоти расмӣ ва ҳарду номзадҳое буданд, ки зидди мақомоти мавҷудаи давлатӣ фошгӯёна садо баланд мекарданд.

XS
SM
MD
LG