Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон. Ёдгор Файзов барои Эмомалӣ Раҳмон чӣ "армуғон" омода кардааст?


Акс аз сомонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Ин моҳе қабл буд, ки мегуфтанд, аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президент ба масъулони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастур додаанд, то сафари президентро бе дабдаба, бе қолин, хоксорона ва ҷалби мактаббачаҳо таъмин намоянд.

Ба эҳтимоли зиёд ин дастур ба паҳншавии бемории коронавирус иртибот дошт, на ба тарзи фарқкунандаи раҳбарии Ёдгор Файзов дар муҳити Тоҷикистон.

Гуфтан мумкин нест, ки хавфи бемории ҳамагир ҳоло комилан аз байн рафтааст. Бо ин вуҷуд, сохторҳои марбута зарур донистанд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмонро тақрибан ҳаммонанд бо сафарҳои қаблии ӯ баргузор намоянд. Аз ин ҷост, ки дар ҷаласаи омодагӣ ба сафари президент, ки ҳамон давра дар Хоруғ сурат гирифт, гуфта мешуд, барои ин "14 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд..."

Дар натиҷа, сафари навбатии президент ба Бадахшон на танҳо мисли пешин, балки бо таблиғоти дигари хеле муҳим дар давраи пеш аз интихобот аз Дарвоз оғоз ёфт. Гап сари хабарҳое меравад, ки расонаҳои давлатӣ пахш карданд: "Дар роҳ ба сӯи истироҳатгоҳи "Чорчаман" бо як гурӯҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот… дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд."

Дар асл, сафари шастучандуми Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон аз чанд ҷиҳат муҳим ба назар мерасад, ҳарчанд сафарҳои ӯро ба ин вилоят доим махсус арзёбӣ мекунанд. Таъкиди ин рақам – беш аз 60 сафар ҳам махсус аст. Зеро бахши идеологии ҳукумат ҳоло ҳам аз он бо ифтихор маълумот медиҳад, ки раҳбарони замони Шӯравӣ дар зарфи сӣ сол - аз соли 1959 то 1989, ҳамагӣ се бор ба ВМКБ сафар кардаанду ҷаноби Раҳмон тайи 29 соли раҳбарии худ ҳоло беш аз 60 сафар ба ин минтақа анҷом додааст.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Бадахшон сафар намудани президент, воқеан ҳам хафвҳоеро дар пай дошт. Тавре журналисти шинохта Мазҳабшо Муҳаббатшоев, ки замоне дар дастгоҳи президент фаъолият дошт, солҳо баъд навишт, яке аз суиқасдҳои аввалин ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар Бадахшон сурат гирифт, ки аз он ҷон ба саломат бурд.

Пас аз ин ҳам, сафарҳои пурхавф ва ҷиддии президент ба Бадахшон кам набуд. Хоса сафари 43-юми ӯ, ки тирамоҳи соли 2012, пас аз ҳаводиси пурсару садои Хоруғ дар авохири моҳи июл, пеш омад. Он замоне буд, ки "гурӯҳҳои саркаш" ҳанӯз ба мақомот сар намефароварданд ва ахиран баъд аз куштори сардори раёсати амнияти вилоят боис ба даргирие дар ин минтақа, ворид шудани нерӯҳои низомии изофии давлатӣ гардид.

Бадахшониҳо пас аз ин талаб доштанд, ки на танҳо раиси вилоят ба истеъфо равад, балки номзадии раиси навро онҳо худашон пешбарӣ хоҳанд кард. Дар ин замина номи бисёриҳо, аз ҷумла, намояндаи вақти Оқохон Ёдгор Файзов, муовини собиқи директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Муллопар Бандишоев, раиси пешини ноҳияи Шуғнон Шодихон Ҷамшед, вакили собиқи Маҷлиси Намояндагон Мерган Шаҳбозов, вазири қаблии меҳнат Маҳмадамин Маҳмадаминов ба сифати номзадҳое ном бурда мешуд, ки мардум ба ҷои Қодири Қосим дар курсии раиси ВМКБ дидан мехостанд.

Воқеан, дар ин 8 сол аз ин номзадҳо ду нафар ба сифати раиси ин вилоят пазируфта шуд: Шодихони Ҷамшед ва инак Ёдгор Файзов.

Шодихони Ҷамшед низ соли 2018 аз мансаб “бе гап” нарафт. Аммо раиси феълии вилоят на танҳо дар байни бадахшониҳо, балки тамоми мамлакат аз эътибору обрӯи хос бархӯрдор аст. Ҳатто намояндагони вилояту минтақаҳои дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пас аз ягон иқдоми вижаи Файзов менависанд, ки бисёр мехоҳанд чунин раҳбаре дошта бошанд. Иддао ва орзуҳое ҳам изҳор гашт, ки ӯро ба сифати номзади президентӣ бубинанд.

Ин ҷои баҳс надорад, ки Ёдгор Файзов – бе собиқаи махсуси фаъолият дар ниҳодҳои давлатӣ дар замони душвори як вилояти пурмушкил ба мартабаи “раиси мардумӣ” расид, ки:

  • ба ҷойи кор ва манзилаш пиёда меравад;
  • аз истифодаи мошини хидматӣ даст кашидааст;
  • аз хизмати муҳофизон истифода накарда, баробари кормандони дигари ҳукумати вилоят дар ошхона ғизо мехӯрад;
  • дар гирдиҳамоиҳои паёпайи ин ё он ноҳияи вилоят ба назди мардум мебарояд ва масъалаҳоро ҳал мекунад;
  • бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории пайваста дорад ва дар масоили вуҷуддошта аз онҳо истифода менамояд;
  • дар ҳашарҳои мардумӣ шахсан иштирок мекунад;
  • талош дорад ба ҷомеа маълумоти воқеӣ расонад. Дар замони бӯҳрони коронавирус ба назар мерасид, маълумоти то ҷое эътимодбахш пешниҳод намояд ва низ ҳамарӯза тариқи ТВ Бадахшон маълумот медод, ки имрӯз чӣ қадар ва чӣ ба куҷо кумак расонидаанд;
  • дар муколамаи миёни ҷомеаву ҳокимият майдони озодро ташкил намуд;
  • ваколати муовинони раис, роҳбарони сохтору идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо дар қабули қарор тавсеа дода, масъулияти онҳоро низ бештар намуд;
  • барои барҳам задани изофанависӣ ва ҳисоботи бардурӯғ талош анҷом дод.

Муҳимтар аз ин, ин раиси вилоят бар хилофи мансабдорони дигари сатҳҳои гуногун, ки аз гуфтани камбудиҳои ҷомеа парҳез доранд, ҳамеша талоши расонидани маълумоти аслиро мекунад. Масалан, ба саволи хабарнигорон дар бораи сатҳи баланди бекорӣ “дипломатона” нагурехт, балки изҳор намуд: "Шумори воқеии бекорон дар вилоят 16 ҳазор нафар аст, вале дар омори расмӣ беш аз 4 ҳазор нафарро дарҷ кардаанд."

Ӯ гуфт, ки барои ба эътидол овардани вазъ аз президент хоҳиш кардаанд, то минбаъд дар Бадахшон ба корҳои сохтмонӣ ширкатҳо ва коргарони маҳаллиро бештар ҷалб намоянд ва он дастгирӣ ёфтааст. “Мутаассифона, ҷавонони мо дар сохтмон кор кардан намехоҳанд. Аз ин рӯ, тайи ҳашт моҳи соли равон фақат 30 дарсади маблағ аз худ карда шуд... Инчунин, дар Бадахшон барои рушди кишоварзӣ ва чорводорӣ шароити хуб мавҷуд аст, вале мардум ба ин шуғлҳо чандон таваҷҷуҳ надорад. Парадокс: аз як тараф шикоят аз набудани ҷои кор, ҳамзамон, майли кор кардан надоштан…” -- гуфт ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон.

Масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани одамон дар Бадахшон ба назар мерасад, ки барои ҳукумат мавзӯи хеле ҷиддист. Дар нишасти ахири матбуотии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, агар ёдатон ҳаст, гуфт, ваъда додаанд ҷавонони бадахшиеро, ки хоҳиши кор дар мақомоти милисаро доранд, бо ҷои кор таъмин кунанд...

Раиси ВМКБ аз фоизи баланди қарзҳои бонкӣ низ шикоят дорад, ки яке аз монеаҳои ташкил шудани корхонаҳо дар вилоят шудааст. Ӯ ҳамзамон мегӯяд барномаи қаблии рушди вилоят бе назардошти воқеиятҳо таҳия гашта, аз ин хотир иҷронашаванда монд ва ҳоло дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барномаи навро таҳия доранд.

Зимнан, ӯ аз кам шудани аҳолии Бадахшон ва мушкилоти демографӣ изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, барои ҳалли ин масъала бояд иқдомоти ҷиддиро барномарезӣ кард.

Дурусткории Файзов то ҷоест, ки аз афзоиши корхонаҳои ташкилшуда дар вилоят бо эҳтиёт суҳбат мекунад. Дар ҳоле ки дар манотиқи дигар ким – кадом корхонаи хурдро воҳима карда, “ташкили нави ҷои корӣ” арзёбӣ карданӣ мешаванд, раиси Бадахшон мегӯяд, дар вилоят 45 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, вале “аз сабаби камчин будани шумораи коргарон ва ҳаҷми истеҳсолот қисмати зиёди онҳоро коргоҳ бояд ном бурд, на корхона”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки гуфта мешавад то соли 1990 дар ҳудуди вилоят 7 корхонаи саноатӣ фаъолият доштааст. Интизор меравад дар ҷараёни сафари ҳоло давомдори президент 45 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад, ки маълум аст, аксари онҳо корхонаи калон нестанд...

Ин ҳама масъалагузориҳои Ёдгор Файзов ба он хотир нест, ки ӯ аз фаъолиятҳои ҳукумати марказӣ, хоса Эмомалӣ Раҳмон норизост. Баръакс, дар сӯҳбатҳояш ҳамеша аз ӯ бо эҳтиром ном мегирад ва мегӯяд: “Ҷаноби Олӣ барои мо намунаи барҷастаанд. Ман аз кору пайкори Сарвари давлатамон илҳом мегирам ва кӯшиш дорам, ки ба Ватану миллат содиқона хизмат кунам”.

Ин тарзи мавқеъгирӣ дар Тоҷикистони феълӣ нонсенс ҳисоб меёбад. То соли 2004 афроде ба монанди раиси “Тоҷикгаз” Муҳаммадрӯзӣ Искандаров кам буданд, ки ҳам дар ҳукумат кор карда ва ҳам аз кори он танқид менамуданд. Албатта, Искандаров ин гуна дидгоҳро бо мавқеъгириҳои сиёсиаш мекард, чун раиси Ҳизби демократ ҳам буд.

Вожаи “патриот”-ро Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар мулоқоти худ бо табибон ба духтуре нисбат дод, ки дар рӯзҳои аввали бӯҳронии СОVID-19 тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамкасбони худро ба кор даъват мекард, феълан ба мансабдороне бояд иртибот дод, ки хислату муносибатҳои Ёдгор Файзовро доранд.

Вагарна дар мулоқоти пешбинишаванда дар Бадахшон, ки бояд бо мардум сурат гирад, ба эҳтимол сенария дар дасти ниҳодҳои дигар аст ва мардум ҳам чизе бештар аз он нахоҳанд гуфт.

Пас, бояд интизор шуд, ки раиси ВМКБ дар сӯҳбатҳои ҷудогонааш бо президент кадом мушкилоти муҳимро ба баррасӣ хоҳад гузошт ва дар ҳалли онҳо то куҷо муваффақ мешавад...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG