Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узбекистонӣ ҳамватанашро ба ҷои Амрико ба Африқо фиристодааст


Сокини вилояти Ҷиззахи Узбекистон, ки як ҳамватани худро ба ҷои Амрико ба Африқои Ҷанубӣ фиристодааст, дастгир шуд.

Ба иттилои пулис, як сокини маҳаллаи "Хайробод"-и вилояти Ҷиззах шикоят кардааст, ки А. Я. аз ноҳияи Шараф-Рашиди Узбекистон бар ивази 14,3 ҳазор доллар писари ӯро ба ҷои Амрико ба Африқои Ҷанубӣ фиристод.

Ба гуфтаи ӯ, писараш дар Африқои Ҷанубӣ дармондааст ва гумонбар барои ҳалли "мушкил" боз 6700 доллари дигар талаб кардааст.

А. Я.-ро ҳангоми гирифтани пул дастгир карданд. Ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Пештар расонаҳо навишта буданд, ки дар ду соли охир шаҳрвандони Узбекистон дар рӯйхати касоне, ки беҳуҷҷат вориди Амрико мешаванд, ба мақоми севум расидаанд. Дар ин бора дар оморе зикр шудааст, ки онро Fox News нашр карда буд.

XS
SM
MD
LG