Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Инглистон аз Италия ва Юнон - аз Колумбия


Лаҳзае аз бозии Инглистон бо Итолиё

Шаби 14 ба 15 июн дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразили боз 4 бозӣ доир шуд. Италия Инглистонро, Колумбия Юнонро ва Соҳили Оҷ - Ҷопонро шикаст дод. Вале Коста-Рика ғайричашмдошт бар Уругвай бо ҳисоби 3-1 ғолиб омад.

Шаби 14-15-уми июн боз чор бозии сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил баргузор шуд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

Колумбия — Юнон – 3-0,
Уругвай — Коста-Рика – 1-3,
Инглистон — Италия – 1-2,
Кот-д 'Ивуар –– Ҷопон - 2-1.

Ба ин тартиб, бозиҳои даври аввал дар чор гурӯҳ – А, В, С ва D – поён ёфтанд.
Имшаб, 15-уми июн, соати 21 ба вақти Душанбе бозии аввали гурӯҳи Е миёни дастаҳои мунтахаби Швейтсария ва Эквадор шурӯъ мешавад. Баъдан соати 24 бозии аввали ин гурӯҳ байни дастаҳои Фаронса ва Ҳондурас барпо мегардад.

Дар сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2-14 дар Бразил мунтахаби 32 кишвар ҳузур доранд ва дар маҷмӯъ 64 бозӣ барои муайян шудани ғолиби Ҷоми ҷаҳонии 2014 баргузор хоҳад шуд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилия то 13-уми июл идома меёбад.


Ҳайатҳои гурӯҳҳо

Гурӯҳи А Гурӯҳи В Гурӯҳи С Гурӯҳи D
Бразилия Испания Колумбия Уругвай
Хорватия Ҳолланд Юнон Коста-Рико
Мексика Чили Кот-д'Ивуар Инглистон
Камерун Австралия Ҷопон Италия

Гурӯҳи Е Гурӯҳи F Гурӯҳи G Гурӯҳи H
Швейтсария Аргентина Олмон Белгия
Эквадор Босния ва Ҳерсеговина Португалия Алҷазоир
Фаронса Эрон Гана Русия
Ҳондурас Нигерия ИМА Кореяи Ҷанубӣ

Даври гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014

Тақвими бозиҳо

(Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст)

13 июн, ҷумъа

01:00, Бразилия — Хорватия – 3-1
21:00, Мексика — Камерун – 1-0
00:00, Испания — Ҳолланд – 1-5

14 июн, шанбе

03:00, Чили — Австралия – 3-1
21:00, Колумбия — Юнон – 3-0
00:00, Уругвай — Коста-Рика – 1-3

15 июн, якшанбе

03:00, Инглистон — Италия – 1-2
06:00, Кот-д'Ивуар — Ҷопон - 2-1
21:00, Швейтсария — Эквадор
00:00, Фаронса — Гондурас

16 июн, душанбе

03:00, Аргентина — Босния ва Ҳерзеговина
21:00, Олмон — Португалия
00:00, Эрон — Нигерия

17 июн, сешанбе

03:00, Гана — ИМА
21:00, Белгия — Алҷазоир
00:00, Бразил — Мексика

18 июн, чоршанбе

03:00, Русия —Кореяи Ҷанубӣ
21:00, Австралия — Ҳолланд
00:00, Испания — Чили

19 июн, панҷшанбе

03:00, Камерун — Хорватия
21:00, Колумбия — Кот-д'Ивуар
00:00, Уругвай — Инглистон

20 июн, ҷумъа

03:00, Ҷопон — Юнон
21:00, Италия — Коста-Рика
00:00, Швейтсария — Фаронса

21 июн, шанбе

03:00, Гондурас — Эквадор
21:00, Аргентина — Эрон
00:00, Олмон — Гана

22 июн, якшанбе

03:00, Нигерия — Босния ва Герзеговина
21:00, Белгия — Русия
00:00, Кореяи Ҷанубӣ — Алҷазоир

23 июн, душанбе

03:00, ИМА — Португалия
21:00, Испания — Австралия
21:00, Ҳолланд — Чили

24 июн, сешанбе

01:00, Камерун — Бразилия
01:00, Хорватия — Мексика
21:00, Италия — Уругвай
21:00, Коста-Рика — Инглистон


25 июн, чоршанбе

01:00, Юнон — Кот-д'Ивуар
01:00, Ҷопон — Колумбия
21:00, Нигерия — Аргентина
21:00, Босния ва Ҳерзеговина — Эрон

26 июн, панҷшанбе

01:00, Эквадор — Фаронса
01:00, Гондурас — Швейтсария
21:00, ИМА — Олмон
21:00, Португалия — Гана

27 июн, ҷумъа

01:00, Кореяи Ҷанубӣ — Белгия
01:00, Алҷазоир — Русия

1/8 финал
Ғолибони гурӯҳҳо бо дастаҳои дувуми гурӯҳҳои дигар бозӣмекунанд:

28 июн, шанбе

21:00, 1A — 2B (49)

29 июн, якшанбе

01:00, 1C — 2D (50)
21:00, 1B — 2A (51)

30 июн, душанбе

01:00, 1D — 2C (52)
21:00, 1E — 2F (53)

31 июн, душанбе


1 июл, сешанбе

01:00, 1G — 2H (54)
21:00, 1F — 2E (55)

2 июл, чоршанбе

01:00, 1H — 2G (56)


Давраи 1/4-ниҳоӣ

4 июл, ҷумъа

21:00, Барандаи бозӣ(Б)-и 53 — Б54 (58)

5 июл, шанбе

01:00, Б49 — Б50 (57)
21:00, Б55 — Б56 (60)

6 июл, душанбе

01:00, Б51 — W52 (59)

Давраи ниманиҳоӣ

9 июл, чоршанбе

01:00, Б57 — Б58 (61)

10 июл, ҷумъа

01:00, Б59 — Б60 (62)

Бозӣ барои ҷои севум

13 июл, душанбе

01:00, Бозандаи бозиҳои 61 ва 62

Даври ниҳоӣ

13 июл, якшанбе

00:00, Б61 — Б62

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG