Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи камбизоатон дар Тоҷикистон то як миллион кам нашуд. Чаро?


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, агар суръати коҳиши фақр дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон, чун солҳои пеш идома мекард, то охири имсол миллионҳо нафар аз банди камбизоатӣ раҳо мешуданд.

Баёнияи ин муассисаи байналмилалии молӣ рӯзи 17-уми октябр дар остонаи "Рӯзи байналмилалии маҳви фақр" нашр шуд.

Дар ин баёния омадааст: “Бо вуҷуди онки камбизоатӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамчунон коҳиш меёбад, аммо суръати коҳиши он дар минтақа сусттар мешавад.”

Бонки Ҷаҳонӣ, ки аз солҳои аввали истиқлолият дар решакан кардани фақру камбизоатӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак расондааст, мегӯяд, аз солҳои 2000-ум минтақа дар кам кардани теъдоди камбизоатҳо ба пешрафтҳои назаррасе даст ёфтааст, аммо солҳои ахир дастовардҳо ба тадриҷ камтар шудаанд.

Дар баёния омадааст: “Дар муддати 8 сол аз соли 2002 то соли 2009 чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Қирғизистон сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоби миёна дар як сол 7 дар сад кам мешуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 70 дар сади мавҷуд дар Тоҷикистон то 25 дар сад ва дар Қирғизистон то 20 дар сад расид”.

Аммо солҳои баъдӣ ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ суръати баланд фавқуллода суст шуд ва вазъ тағйири чандоне накард. Дар ин солҳо теъдоди камбизоатҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна фақат як дар садӣ камтар шудааст. Ба тахмини Бонки Ҷаҳонӣ, агар давлати Тоҷикистон суръати пешинаро нигаҳ медошт, то охири сол аз миёни аҳолии 9 миллион нафарӣ фақат як миллион нафарашон ва ё андаке бештар аз 13 дар сад камбизоат буданд.

Дар таҳқиқи нави Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи камбизоатӣ дар Осиёи Марказӣ омадааст, тағйири суръати коҳиши фақр ба каму зиёд шудани рушди иқтисодӣ дар кишварҳои минтақа вобаста аст.

Дар Тоҷикистон то соли 2008 муҳоҷирони кориаш солона миллиардҳо доллар ба хонаводаҳояшон мефиристоданд ва иқтисоди кишварро ба пеш ҳаракат дода, дар халос кардани мардум аз фақр кӯмак мекарданд. Баъди он соли бӯҳронӣ ва солҳои баъдӣ интиқоли пул ба кишвар камтар шуд ва ҳамингуна иқтисоди Тоҷикистон ҳаракати пешинаашро аз даст дод. Таконҳои берунаи иқтисодӣ низ саҳми худро гузоштаанд.

Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, фақру камбизоатӣ бештар аз ҳама дар деҳоти кишварҳои минтақа дида мешавад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ айни чизро таъкид кард: “Вақте аз Душанбе озими ноҳияҳо мешавед, рӯшан мушоҳида мекунед, ки сатҳи камбизоатӣ дар он ҷо хеле баланд аст. Бонки Ҷаҳонӣ сатҳи фақрро аз рӯйи ченаки хароҷоти 2,5 доллар барои як нафар ва 1,5 доллар барои нафарони фавқуллода нодор чен мекунад.”

Бар асоси гузориш, агар дар шаҳрҳо 21,5 дарсади сокинони камбизоат бошанд, дар деҳоти кишвар 30,3 дарсад гирифтори фақр будаанд. Дар ҳамин ҳол, 23,5 дарсади сокинони Душанбе ва 33,2 дарсади сокинони навоҳии тобеи маркази Тоҷикистон камбизоат будаанд.

Умед Давлатов, муовини сардори раёсати сиёсати макроиқтисодии Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадафи ҳукумат ҳамчунон решакан кардани камбизоатӣ боқӣ мондааст. Вай афзуд: “28 сол қабл сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба 85 дарсад баробар буд. Ба тадриҷ ҳукумати Тоҷикистон тавонист, ин рақамро ба пойин оварад. Куллияи имконот ва зарфиятҳои давлативу созмонҳои ёрирасон барои расидан ба ин ҳадаф равона шудааст.”

Аммо солҳои ахир иқтисоддонҳо сиёсатҳои иқтисодии ҳукуматро ҳам бисёр танқид мекунанд, ки нагузоштааст, теъдоди камбизоатҳо камтар шавад. Баръакс ба гуфтаи онҳо, сиёсатҳои нодуруст сабаб шудааст, ки дастовардҳои пешин камасар шаванд. Бонкҳои бузурги Тоҷикистон дар чанд соли ахир гирифтори мушкилот шуданд, фасоди густурдаву кушанда барои соҳибкорӣ ба эътирофи худи мақомот дар тамоми сатҳҳо боқӣ мондааст.

Молиёти зиёду ришвахорӣ, рақобати носолим сабаб шудааст, ки ҳар сол ҳазорон соҳибкор ё муфлис шаванд, ё дар умум корро бас кунанд. Худи Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои молӣ аз ҳукумат хостаанд, таркиби иқтисодро гуногун кунад ва шароит фароҳам оварад, ки сармоягузорон ба осонӣ корро ба роҳ монанд ва дар кишвар ҷойҳои корӣ офаранд. Дар баёнияи нави Бонки Ҷаҳонӣ ҳам ба кишварҳои минтақа тавсия додаанд, сиёсатеро пеш бигиранд, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат кунад ва дасти гурӯҳҳои осебпазир ба мисли занону ҷавононро бигиранд, ки дар бозори корӣ рақобатпазир шаванд ва кори муносибе барои худ пайдо кунанд. Мушкилоте, ки мардуми зиёде дар Тоҷикистон солҳои зиёд аст, онро доранд.

XS
SM
MD
LG