Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Пхёнчхан -- Тоҷикистон ширкат надорад


Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ, ки имрӯз, 9-уми феврал, дар шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ шуруъ мешаванд, бо ширкати беш аз 2900 варзишгар аз 92 кишвар то рӯзи 25-уми феврал идома хоҳанд кард.

Варзишгарон барои 102 маҷмуи медалҳо аз рӯи 7 намуди варзиш дар 15 ришта - биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронии кӯҳӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижатозӣ, рақси рӯи ях, скелетон, сноуборд, фристайл, ҳоккейи рӯи ях, чанаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин ва шорт-трек – рақобат мекунанд.

Ба ҷуз Тоҷикистон, аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2018 Туркманистон ширкат намеварзад.

Маросими расмии ифтитоҳи Олимпиадаи зимистона имрӯз, 9-уми феврал, дар варзишгоҳи олимпии Пхёнчхан (Пхёнчхан Олимпик Стэдиум) соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 16:00 ба вақти Душанбе шуруъ шуда, ду соат идома хоҳад кард. Аз рӯи пешгӯиҳо ҳарорати ҳаво 10 дараҷа сард мешавад.

Ҷолиб аст, дар ин маросим варзишгарони Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, ки ба мувофиқа расидаанд, таҳти парчами ягона қадам мезананд. Тилисм ё тӯмори Олимпиадаи зимистона бабрбача Сухоран ва Паралимпиада хирсбача Пандаби мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар Олимпиадаи соли 2018 барои аввалин бор дар таърихи Бозиҳои зимистона дастаҳои мунтахаби Малайзия, Сингапур, Эквадор, Эритрей, Косово ва Нигерия ширкат меварзанд.

Вале дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ Тоҷикистон иштирок намекунад. Зеро ягон варзишгари тоҷик натавонистааст, ки меъёрҳои олимпиро ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи зимистонаи соли 2018 иҷро намояд.

Андрей Дригин.
Андрей Дригин.

Бояд тазаккур дод, намояндагони Тоҷикистон аз соли 2002 дар чаҳор Олимпиадаи зимистона ширкат варзидаанд. Варзишгари русиягӣ Андрей Дригин, ки дар шаҳри Красноярск зиндагӣ мекунад, се бор Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар мусобиқоти лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ кардааст. Вай соли 2002 дар Олимпиадаи Солт-Лейк-Ситии ИМА дар супергигант иштирок дошт, вале ба марра нарасид.

Дригин соли 2006 дар Олимпиадаи Турини Италия дар се навъи рақобатҳо ширкат кард, ки натиҷаҳои нишондодааш чунинанд: нишебии босуръат - 1:59,41, ҷойи 51-ум, супергигант – 1:37,85, ҷойи 51-ум, гигантслалом – ба марра нарасид.

Андрей Дригин, ки соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувери Канада дар се навъи рақобатҳо иштирок дошт, чунин натиҷаҳо нишон дод: нишебии босуръат - 2:04,44, ҷойи 59-ум, супергигант – 1:38,03, ҷойи 44-ум, гигантслалом –2:55,29, ҷойи 57-ум.

Ба Олимпиадаи соли 2014 дар Сочии Русия ду варзишгари Тоҷикистон – Андрей Дригин ва Алишер Қудратов роҳхат гирифтанд. Вале танҳо як нафари онҳо – Алишер Қудратов дар мусобиқоти лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом роҳ дода шуд. Дригин бошад, вазифаи мураббиро ба ҷо овард.

Алишер Қудратов.
Алишер Қудратов.

Алишер Қудратов дар як суҳбати вижа бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки ба иллати камтаҷрибагӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ, дар Олимпиадаи зимистона ба натиҷаи хуб ноил шуда натавонистааст. Вай афзуд, “дар ин кор худам айбдорам. Трасса ё масири мусобиқа 650 метрро ташкил медод, ки аз 65 дарвоза иборат буд. Ман нимаи аввали масирро бехато тай карда, баъдан суръатро тезондам ва хостам, ки ба марра зудтар бирасам. Вале аз ду дарвоза, яъне аз байни байроқчаҳо нагузашта, аз хати мусобиқа берун шудам ва дар натиҷа ба ҷойи муқарраршуда, яъне марра нарасидам.”

Алишер Қудратов, ки 11-уми январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст, хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад. Вай соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувер ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок дошт, вале дар мусобиқот ширкат накардааст. Ӯ дар маросимҳои кушоиши Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ҳам дар Ванкувер ва ҳам дар Сочи парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.

Феълан Алишер Қудратови 32-сола дар урдугоҳи лижаронии Сафеддараи ноҳияи Варзоб ба ҳайси мураббӣ фаъолият дорад ва умедвор аст, ки ба Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 шогирдон омода месозад.

Ба ҷуз Тоҷикистон, аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2018 Туркманистон ширкат намеварзад. Зимнан, Туркманистон ягон маротиба дар Бозиҳои олимпии зимистона иштирок накардааст. Ҳайати мунтахаби Қазоқистон дар Олимпиадаи Пхёнчхан аз 49 варзишгар дар 9 ришта – биатлон, лижаронии кӯҳӣ, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, чанаронӣ, рақси рӯи ях, фристайл ва шорт-трек – иборат аст.

Узбакистонро бошад, ду варзишгар - Комилҷон Тухтаев дар лижаронии кӯҳӣ (слалом ва гигантслалом) ва Миша Ге оид ба рақси рӯи ях - муаррифӣ менамоянд. Қирғизистонро низ дар ин Олимпиада ду варзишгар - Евгений Тимофеев дар лижаронии кӯҳӣ (слалом ва гигантслалом) ва Тариэл Жаркимбоев дар пойгаи лижаронӣ дар спринт - намояндагӣ мекунанд.

Таркиби дастаҳои мунтахаби кишварҳои дигари собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи соли 2018 чунин аст:

Арманистон - 3 варзишгар дар ду навъи варзиши лижаронӣ

Беларус - 33 варзишгар дар 3 намуд,

Гурҷистон - 4 варзишгар дар 3 намуд,

Латвия - 34 варзишгар дар 5 намуд,

Литва - 9 варзишгар дар 3 намуд,

Молдова - 2 варзишгар дар 2 навъи лижаронӣ,

Озарбойҷон - 1 варзишгар дар лижаронии кӯҳӣ,

Украина - 33 варзишгар дар 9 намуд,

Эстония - 22 варзишгар дар 3 намуд.

Ёдовар мешавем, Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) моҳи декабри соли 2017 тасмим гирифт, ки варзишгарони Русияро аз ҳаққи ширкат дар Олимпиада маҳрум кунад ва гуфт, ки сабаби ин дар “нақзи бисёркарата ва бесобиқаи” муқаррароти марбут ба манъи истеъмоли допинг будааст. Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба 169 варзишгари рус иҷоза додааст, ки зери парчами олимпӣ, на парчами кишвари худ дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ иштирок кунанд.

Аз ҳама ҳайати сернуфузтарин дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2018 мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, ки аз 242 варзишгар (135 мард, 107 зан) иборат аст. Варзишгарони ИМА дар ҳамаи 7 намуд барои 97 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.

Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор кардааст, ки Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпии соли 2018 дар шаҳри Пхёнчхан дар сатҳи баланд баргузор мешаванд. «Ҷумҳурии Кореяро бо он табрик мекунам, ки ин Олимпиадаи зимистонаи бошукӯҳ мешавад! Он чизе, ки мардуми Кореяи Ҷанубӣ бунёд кард, ҳақиқатан илҳомбахш аст!», — навиштааст Трамп дар Твиттер.

Ҷумҳурии Кореяро ба ҳайси мизбони Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ 110 варзишгар дар ҳамаи ҳафт намуди варзиш муаррифӣ мекунад. Дарвоқеъ, Кореяи Ҷанубӣ барои аввалин бор дар таърих Олимпиадаи зимистонаро баргузор менамояд.

Бояд гуфт, ки 20-уми январи соли 2018 миёни ду кишвари кореягӣ ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарордод дар бораи мунтахаби муштарак оид ба ҳоккейи занона ба имзо расида буд, ки ба он намояндагони ҳарду кишвар дохил шуданд.

Дастаи мунтахаби муттаҳидаи Корея дар Бозиҳои олимпии соли 2018 аз 35 варзишгар оид ба ҳоккейи занона иборат аст. Дастаи мунтахаб таҳти парчами Муштарак ширкат меварзад. Ба сифати гимни даста суруди маъруфи «Ариран» интихоб шудааст.

Дар навбати худ варзишгарони боқимондаи Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ дар ин Бозиҳо таҳти парчамҳои кишварҳои худ иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG