Дар як назарсанҷии Маркази омӯзиши афкори умуми Маркази Левада, дар мавзӯъи душманон ва дӯстони хориҷии Русия, шаҳрвандони ин кишвар аз панҷ давлати Осиёи Марказӣ се кишвар- Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбакистонро аз дӯстони кишвари худ номбар кардаанд.
Ин назарсанҷӣ авохири моҳи майи соли 2013 дар бо иштироки 1601 шаҳрванди Русия аз манотиқи мухтилифи ин кишвар анҷом шудааст. Бар пояи ин назарсанҷӣ, Беларус, Қазоқистон, Чин, Украина ва Олмон ба рӯйхати наздиктарин дӯстҳои Русия ва Амрико, Гурҷистон, Латвия, Литва ва Эстония ба хайли кишварҳои душманмаоб шомил шудаанд.
Левада мегӯяд, агар дар солҳои 2005-2006 ҳамагӣ 3 дарсади шаҳрвандони Русия Тоҷикистонро кишвари дӯст мехонда буданд, ҳоло 5 дарсад бовар доранд, ки ин кишвар шарики Русия аст. Моҳи майи соли 2005 20 дарсади русҳо Қазоқистонро кишвари дӯст ҳисоб ме кардад. Ин рақам ҳоло ба 30 фоиз расидааст.
Аммо оё аз байни кишварҳои дунё дӯст ё дӯстони Тоҷикистон кист? Русия ё Амрико? Аврупо ё Чин? Ҳамсояҳои мо дар Осиёи Марказӣ ё ҳамзабонҳои мо дар Эрону Афғонистон? Шарқ ё Ғарб?
Назари чанд нафарро дар кӯчаҳои Душанбе дар ҳамин бора пурсидем, ки оё дӯстони Тоҷикистон кадом кишварҳоянд?