Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯд шудани “тӯи тошкандӣ” дар Хуҷанд ва атрофи он


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Масъулони шӯъбаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз “мӯд” шудани “арӯсии тошкандӣ “ дар Хуҷанд ва атрофи он изҳори нигаронӣ карданд.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, ки дар маркази ин вилоят ва манотиқи атрофи он тӯйҳо ба сабке баргузор мешаванд, ки хароҷоти оилаи арӯсро зиёд мекунад ва ба қонуни танзим рост намеояд.

Мазбут Воҳидов, сармутахассиси шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар бораи ин маросими нави сури арӯсӣ гуфт, ки ҷониби домод бо ризояти қаблии волидайни арӯс як дар хонаи арӯсро аз тамоми ҷиҳоз, ҳатто пардаву қандил холӣ мекунанд. Ва он хонаро ҷониби арӯс аз нав пурра муҷаҳҳаз мекунад.

“Дар баъзе манотиқи Узбакистон чунин одат ҷорӣ будааст ва бархе “тоҷикони навбаромад” ҳам баъди тамошои филмҳои узбакиву туркӣ ин навовариро дар Хуҷанду ҷамоатҳои атрофи он ҷорӣ карда истодаанд."

Ба гуфта ин масъул, "сокинон дар муҷаҳҳаз кардани хонаи арӯс бо ҷевону телевизору яхдон гаронбаҳои хориҷӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор ба ҳам тақлиду мусобиқа мекунанд. Ва ин кори наве, ки маъмулӣ шуда истодааст, хароҷоти ҷониби арӯсро зиёд мекунад. Аз ин рӯ қобили қабул нест ва бо ҳам барои аз байн бурдани он кӯшиш кунем.”

Шуъбаи дин: “Дар ҷанги Сурия ҷавонони суғдӣ ҳам ҳастанд.”

Масъулони шуъбаи дини ҳукумати Суғд мегӯянд, бархе аз 110 ҷавони тоҷике, ки дар ҷанги Сурия иштирок доранд, ҷавонони суғдианд ва мақомот ҳамроҳи волидайни ин ҷавонон барои баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон талош доранд.

Суҳроб Рустамов, иҷрокунандаи вазифаи мудири ин шӯъба дар нишасти хабариаш рӯзи 23- юми июл дар ин бора чунин гуфт: “Тибқи иттилое, ки дар даст дорем, дар Сурия ҷавонони суғдӣ ҳам ҳастанд, ки ҳоло теъдоди онҳоро ифшо карда наметавонам. Онҳо тавассути Русия ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия, барои иштирок ба ҷанг рафтаанд. Далелҳои мушаххас дар даст дорем, ки аз деҳаи ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен дар Вазиристони шимолии Покистон ҳастанд, ки як нафари онҳо вафот кардааст. Ин вазъ ҷомеа ва давлати моро ба ташвиш андохтааст ва мо барномаву чорабиниҳои мукаммале ҷиҳати ба ватан баргардонидани ин ҷавонон рӯи даст дорем.”

Вай афзуд, дар ҷамоати Тағояки ноҳияи Спитамен бо иштироки Абдураҳим Холиқзода, масъулони оид ба корҳои дин ва мутахассисони шӯрои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имом - хатибон ва сокинон ва фаъолони ҷомеа мулоқот ва сари зарурати ба ватан баргаштани ҷавонони тоҷик аз кишварҳои шарқи хориҷӣ суҳбат кардаанд.

“Пеш аз ҳама, мо бо падару модарони чунин ҷавонон сӯҳбатҳо дорем. Мо ба онҳо гуфтем, “падару модарони азиз, агар медонед, ки фарзанди шумо дар Русия аст, рақами телефони ӯро ба мо ҳам диҳед. Ҳамроҳ ба онҳо занг занем ва шумо ҳам, давлат ҳам дилпур шавад, ки писаратон дар муҳоҷирати корӣ асту ба роҳҳои ғайриқонунӣ нарафтаасту ба ҷангҳо дар Сурияву дигар кишварҳо шамроҳ нестанд.”

“Дар моҳи мубораки рамазон дари ҳамаи масҷидҳо боз аст”

Мақомот бо дархости сокинон дарҳои ҳудуди 100 масҷиди 5 вақтаи вилояти Суғдро, ки аз надоштани сабти расмӣ фаъолияти онҳо боздошта шудааст, боз кардаанд, то сокинон намозҳои таровеҳи худро адо карда тавонанд.

Саидҷон Амонов, сармутахассиси шӯъбаи дин дар ҳукумати Суғд гуфт, мақомот дар посух ба хоҳиши бархе сокинон, ки гуфтаанд аз баста будани масҷиди маҳали зисташон бояд барои адои намози таровеҳ ба масҷидҳои дур раванд, ба тариқи истисно иҷоза додаанд намози таровеҳро дар масҷидҳои ғайрирасмии маҳали худ адо кунанд.

Ба гуфтаи масъулони шуъбаи мазкур, дар минтақаи шимолии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 1064 масҷид, аз ҷумла 960 масҷиди 5-вақт ҳаст, ки фаъолияти онҳо бинобар надоштани сабти расмӣ барои муваққат боздошта шудааст. С. Амонов дар ин бора афзуд, ки баъди моҳи Рамазон ҳуҷҷатҳои ин масҷидҳо барои ба қайд гирифтан ба Кумитаи дини ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG