Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини меъёрҳои нави доштани силоҳ дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон аз ин пас афроде, ки синнашон ба 21 расидааст, ҳақ доранд, ки барои дифои худ, силоҳи худмуҳофизатӣ, аз ҷумла туфангчаи газӣ бигиранд.

То кунун ва бар асоси қонуни марбути соли 1996 шумо дар Тоҷикистон ҳақ доштед, баъди расидан ба синни 18-солагӣ бо рухсатномаи мақомоти умури дохилӣ, силоҳи худмуҳофизатӣ бигиред. Бар асоси қонуни нав “Дар бораи силоҳ”, ки чанде пеш дар Маҷлиси Намояндагон қабул шуд ва тақрибан 10 рӯз пеш ҳукми иҷро гирифт, аз ин баъд мақомоти умури дохилӣ фақат ба онҳое барои гирифтани силоҳи варзишӣ, шикорӣ рухсатнома медиҳанд, ки синнашон ба 21 расидааст.

Дар ин қонун, ки матнаш ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, чунин омадааст: “Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ба силоҳи газии худмуҳофизатӣ, ... ва василаҳои дорои аэрозоли бо моддаҳои ашковар ва ғашовар муҷаҳҳаз дар асоси рухсатнома соҳиб шаванд. Рухсатномаро мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқомати шаҳрванд медиҳад.”

Барои муқоиса дар Русияву, Қазоқистону Қирғизистон, афроде, ки 18-сола шудаанд, ҳақ доранд, бар асоси меъёру муқаррарот, аслиҳаи худмуҳофизатӣ бигиранд. Бар асоси қонуни нав, ҳамчунин ҳақ доранд, туфангчаи пневматикӣ ва “силоҳи дарозмили суфтамили худмуҳофизатӣ”, ё ба таъбири маҳаллӣ “камони шикорӣ” бигиранд. Дар матни қонун омадааст, афроде, ки мехоҳанд, бори аввал силоҳҳои худмуҳофизатӣ бигиранд, бояд дар маҳалли зисти худ, дар назди мақомоти интизомӣ доир ба қоидаҳои муносибати боэҳтиёт бо аслиҳа, ки вазорати умури дохилӣ таъйин муқаррар кардааст, санҷиш бисупоранд.

Вале на ҳама дар Тоҷикистон ҳаққи соҳиб шудан ба аслиҳаи худмуҳофизатиро доранд. Бар асоси қонуни нав “Дар бораи силоҳ”, афроди шаробхор, маъюбоне, ки бо аслиҳа дуруст муомила карда наметавонанд, зиндониёни собиқ, афроде, ки ба тартиботӣ ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, онҳое, ҷойи иқомати доимӣ ва шароити ҳифзи силоҳро надоранд, аз ҳаққи доштани силоҳи худмуҳофизатӣ маҳрум мешаванд.

Истифодаи силоҳ дар ҳоле иҷоза дода мешавад, ки ба ҳаёту саломатӣ ва моликияти фарде хатари воқеъӣ таҳдид кунад ва фарди мусаллаҳ ҳам пеш аз истифода, тарафи муқобилро ҳушдори возеҳ бидиҳад. Айни замон зимни истифодаи силоҳ набояд фарди саввум осеб бинад. Дар Тоҷикистон афроди алоҳида, ба истиснои кормандони мақомоти интизомӣ, баъзе аз кормандони бонкҳо ҳаққи бо худ доштани силоҳи оташфишонро надоранд.

Дар Тоҷикистон, ки ҷанги харобиовари шаҳрвандиро паси сар кардааст ва мардум аз тиру туфанг бадашон меояд, бо худ гардонидани аслиҳаи худмуҳофизатӣ, ба мисли туфангчаи газӣ чандон маъмул нест. Аммо дар рустоҳои кӯҳистонӣ, теъдоди маҳдуди шикорчиён, камонҳои шикорӣ доранд ва бино ба гуфтаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, дар маркази шаҳри Душанбе як фурӯшгоҳи махсуси камонҳои шикорӣ ва абзори лозим барои шикор ҳаст.
XS
SM
MD
LG