Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - дар даври чорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод


Мунтахаби футболи ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон баъд аз пирӯзӣ бар тими Литва бо ҳисоби 2-1 ба даври чорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод роҳ ёфт.

Мунтахаби ҷавонони футболи зери 21-солаи Тоҷикистон, ки шоми сешанбеи 20-уми январ дар бозии севумаш дар Ҷоми Иттиҳод-2015 дар Санкт-Петербурги Русия бар тими Литва бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Ҷаҳонгир Эргашев ва Абдурасул Раҳмонов ба самар расонданд.

Бозии дигари гурӯҳи “С” байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Қазоқистон бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол ба поин расид.

Ба ин тартиб, дар ин гурӯҳ дастаи Тоҷикистон бо 6 имтиёз мақоми аввал ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо 5 имтиёз мақоми дувумро касб карда, ба чорякфинал баромаданд. Инчунин мунтахаби Қазоқистон, ки бо чор имтиёз севум шуд, ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ мушарраф гашт.

Аз гурӯҳи “А” тимҳои Беларус ва Туркманистон, аз гурӯҳи “В” дастаҳои Қирғизистон ва Русия ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Рақиби Тоҷикистон дар чорякфинал мунтахаби Туркманистон мебошад. Ин бозӣ 21-уми январ соати 18:30 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

20-уми январ (сешанбе)

Даври 3-юм. Гурӯҳи «С»

Литва – Тоҷикистон – 1:2
Голҳо
: Малинаускас, 4 (1:0), Ҷаҳонгир Эргашев, 78 (1:1), Абдурасул Раҳмонов, 86 (1:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвли ҷамъбастии гурӯҳи “С”:

  1. Тоҷикистон – 6 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 3-5
  2. ҶАҶ- 5 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 4-2
  3. Қазоқистон – 4 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 1-1
  4. Литва – 1 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 2-4

19-уми январ бозиҳои даври охирини сабқати гурӯҳҳои “А” ва “В” дар «Ҷоми Иттиҳод-2015» баргузор шуданд. Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

Гурӯҳи А

Беларус – Финляндия - 1:0 (1:0)

Гол: Яблонский, 34.

Туркманистон – Эстония - 3:1 (1:1)

Голҳо: Нурмуродов, 34 (1:0) , 52 (2:1), Саартс, 45 (1:1), Аннақулиев, 67 (3:1) (пеналтӣ).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “А” :

  1. Беларус - 9 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 6-0
  2. Туркманистон - 4 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 4-3
  3. Финляндия – 4 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 3-3
  4. Эстония – 0 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 2-9

Гурӯҳи В

Молдова – Латвия 1:1 (0:0)

Голҳо: Тиденбергс, 49 (0:1), Бежан, 82 (1:1).

Қирғизистон – Русия - 2:1 (1:0)

Голҳо: Дуйшобеков, 45 (1:0). Умаров, 50 – аз пеналтӣ (2:0). Евсеев, 83 – аз пеналтӣ (2:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “В” :

  1. Қирғизистон - 5 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 4-3
  2. Русия - 4 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 4-4
  3. Молдова – 3 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 4-4
  4. Латвия – 2 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 2-3

Тақвими бозиҳои “Ҷоми Иттиҳод-2015”:

21-уми январ (чоршанбе)

1/4 финал

14:00 – Беларус – Қазоқистон

16:15 – Русия – ҶАҶ

18:30 – Тоҷикистон – Туркманистон

21:00 – Қирғизистон – Финляндия

22-юми январ (панҷшанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-12-ум

18:30 – Эстония – Литва

21:00 – Латвия – Молдова

23-юми январ (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум

16:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум

18:30 – Нимфинал

21:00 – Нимфинал

24-уми январ (шанбе)

18:30 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум

25-уми январ (якшанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG