Ду бозии даври ҳабдаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи 19-уми август барузор шуд. Як бозӣ бо пирӯзии меҳмонон ва бозии дигар бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.
«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дастаи мизбон - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Умарҷон Шарифов дар дақиқаи 35-ум ва Отабек Каримов дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонданд. Баъди ин ғалаба «Вахш» минтақаи хавфнокро тарк намуд ва дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи панҷум баромад.
Бозии дигар миёни дастаҳои «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Ҳарду гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ба голи Алишер Салимов, бозигари ССКА “Помир”, дар дақиқаи 53-юм, Зоир Ҷӯрабоев пас аз даҳ дақиқа посух дод.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол”-и Душанбе бо 39 имтиёз садрнишин аст. Ба “Истиқлол”, ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, барои бори шашум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтан, дар шаш бозии боқимондаи мусобиқа чаҳор имтиёз гирифтан кофист. ССКА «Помир» бо 29 имтиёз дар мақоми дувум ва “Хуҷанд” бо 27 имтиёз дар мақоми севум қарор доранд. Ҳарду даста барои медалҳои нуқраву биринҷӣ мубориза мебаранд.
Бозиҳои даври ҳаждаҳуми мусобиқаи лигаи олӣ бегоҳи рӯзи чоршанбе, 23-юми август, байни дастаҳои «Вахш» - ССКА «Помир», «Барқчӣ» - «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» - «Ҳосилот» баргузор мешаванд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 17-ум
«Регар-ТадАЗ» – «Вахш» – 0:2
Голҳо: Умарҷон Шарифов, 35 (0:1). Отабек Каримов, 72 (0:2).
Огоҳонида шуданд: Агблей Ҷонс, Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»), Отабек Каримов («Вахш»).
Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Отабек Каримов («Вахш»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
19 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1500 тамошогар.
«Панҷшер» – ССКА «Помир» – 1:1
Голҳо: Алишер Салимов, 53 (1:0). Зоир Ҷӯрабоев, 63 (1:1).
Огоҳонида шуданд: Ҳасан Холов, Иззатулло Рӯзиев («Панҷшер»), Комрони Мирзонаҷот, Фирдавс Чақалов, Игор Суров (ССКА «Помир»).
Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Ҳасан Холов («Панҷшер»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
19 август. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 2000 тамошогар.
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 14 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 8 тӯб, Фарҳод Тоҳиров, Давронҷон Тухтасунов (ҳарду – «Хуҷанд») – 7-тӯбӣ.
Даври 18-ум
23 август (чоршанбе)
Оғози бозиҳо - соати 17:00
«Вахш» – ССКА «Помир»
«Барқчӣ» – «Панҷшер»
«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот»
Оставьте в покое этот народ! Дайте им жить спокойно и мирно.
Пешво иктисоди оиларо дар назар дорад, вагарна зиёда 9% рушди иктисоди дар ягон мамлакати тараккикардаи дунё дар соли 2021 мушохида нашудаст. Бо ин хисоботхои дуруг ва рушди бемисли иктисод мо кайхо бояд Сигапурро мегузаштем, вале аз чи бошад ки точики бечора холо хам дар фикри орду равган ...
Дар Ватан одамон мурдаистодан , дар хукумат мачлис .... Как буд то дар Бадахшон 4 то пашша мурда бошад (((( Инкадар куштор , инкадар хуни мардуми бегунохро ки чавоб мегуфта бошад ?!
Ҳаққи ҳалоли халқи тоҷикро сӣ сол шуд, ки мехӯрам, аҳ сер намешавам, ба ман фарқе надорад, кӣ дар куҷо чӣ кор мекунад, муҳим ҳаққи худро талаб накунад, талаб ҳам кунад, артиши сархӯр дар ихтиёрам, фармон медиҳам якдигарро мехӯранд, аммо ман бо тӯдаи пайвандонам ҳаққи ҳамаро якҷо мехӯрем. Ҳар фарди ин миллат кушта шавад, ба нафси ман ҳаққи нав илова мешавад, аз сулҳу ваҳдат фақат худам истифода мебарам, аз сарқонун фақат худам истифода мебарам, аз ҳама шароите маъишӣ фақат худам истифода мебарам, дар беҳтарин шароит, дар беҳтарин хона, дар беҳтарин “кругозор” зиндагӣ мекунам. Халқро садқаи ҳаққу ҳуқуқ кунад, як подаи гов, шуморо чиву серию пурӣ чӣ?! Ба умри ман баракат диҳед!
Чаро ин хабархо дар телевизион пахш нашуд? Чои русти дорад магар? Хайрон мешавам баъзе яку якбора чунин ходисахоро хонда