Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии мухолифи сарсахти Ислом Каримов баъди 21 соли зиндон


Мурод Ҷӯраев баъди раҳоӣ аз зиндон Чирчиқ
Мурод Ҷӯраев баъди раҳоӣ аз зиндон Чирчиқ

Мурод Ҷӯраев - як мухолифи сарсахти ҳукумати Ислом Каримов - баъди 21 соли зиндон ба озодӣ расид.

Мурод Ҷӯраев, вакили собиқи парлумони Узбакистон ва ҳокими собиқи шаҳри Мубораки вилояти Қашқадарё, рӯзи 12 ноябр аз зиндони рақами 64/6 озод шуд. Ин зиндони воқеъ дар шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд ҳамчун макони адои ҳукми маҳбусони сиёсӣ ном баровардааст.

Яке аз маъруфтарин маҳбусони сиёсии Узбакистон ҳамин Мурод Ҷӯраев буд, ки аз соли 1994 ба ин тараф 21 солро пушти панҷара ба сар бурд.

Ин фаъоли мухолифин ҳамагӣ 11 рӯз баъд аз сафари вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри ба Узбакистон ва мулоқоти ӯ бо президент Ислом Каримов дар Самарқанд озод шуд.

Мурод Ҷӯраев соати 11 аз дари маҳбаси Чирчиқ берун омад ва баъди 21 сол нахустин бор нафаси озодӣ кашид. Ӯро дар назди дари ин зиндон ҷамъе аз наздиконаш ва фаъолони ҷамъияти ҳуқуқи башари Узбакистон “Эзгулик” пешвоз гирифтанд. Билофосила баъди раҳоӣ Мурод Ҷӯраев, ки аз 63 соли умраш дуруст сеякашро дар зиндон пушти сар кардааст, озими зодгоҳаш – вилояти Қашқадарё шуд.

Мурод Ҷӯраев соли 1994 боздошт ва дар соли 1995 бо иттимоҳоте, ба мисли қасди табаддулоти давлатӣ ва кӯшиши дигаргун сохтани сохти конститутсионӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Бо ҳукми Додгоҳи олии Узбакистон, молу мулки шаҳрдори собиқ низ мусодира карда шуд.

Мӯҳлати ҳукми аввали ӯ кайҳо ба поён расида ва Ҷӯраев бояд ҳанӯз дар соли 2007 озод мешуд. Вале ҳар дафъа мақомоти Узбакистон ба ҳукми бе он ҳам тӯлонии ин мухолифи ҳукумати Каримов ҳукми наве изофа мекарданд.

Як намояндаи вазорати умури дохилаи Узбакистон соли гузашта дар мусоҳиба бо нашрияи интернетии 12news.uz тамдиди навбанави ҳукми зиндони Мурод Ҷӯраевро чунин шарҳ дода буд: “Мақомоти Узбакистон чанд дафъа бо намоиши инсондӯстӣ ҳукми ин маҳбусро кам карданд. Вале ҳар дафъа пархошҷӯии беш аз ҳадди М.Ҷӯраев, ки боиси дағалаона поймол кардани режими нигоҳдорӣ дар маҳбас мешуд, монеи ин мешуд. Дар зиндон”шаҳрдори собиқ” чандин бор сабабгори муноқишаҳо бо маҳбусони дигар шудааст.”

Озодии яке аз мухолифони ҳукумати Узбакистон баъди 21 соли зиндон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, ҳамчунин чандин кишвар Мурод Ҷӯраевро дар ҷумлаи маҳбусони сиёсие шомил кардаанд, ки тӯлонитарин ҳукми зиндонро адо мекунанд.

11 рӯз қабл аз раҳоии Мурод Ҷӯраев вахири хориҷаи Амрико Ҷон Керри дар ҷараёни силсиласафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз шаҳри Самарқанди Узбакистон низ боздид кард ва дар инҷо бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов мулоқот дошт. Қабл аз ин сафар чанд созмони ҳомии ҳуқуқ аз Керри хоста буданд, то дар мулоқотҳо бо ҳокимони минтақа масъалаи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла масъалаи маҳбусони сиёсиро дар миён гузорад.

Бархе нашрияҳои Амрико навиштанд, ҳарчанд Ҷон Керри дар маҳзари ом дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон чизе намегӯяд, вале дар мулоқотҳои пушти дарҳои баста бо мақомоти ин кишвар вазъи ҳуқуқи башарро низ баҳс хоҳад кард.

Бархе нозирони умур раҳоии Мурод Ҷӯраев ва он ҳам ҳамагӣ 11 рӯз баъд аз сафари Ҷон Керри ба Узбакистонро аз ҷумлаи меваҳои ҳамин музокираҳои пушти дарҳои бастаи ӯ бо Ислом Каримов дар Самарқанд мешуморанд.

Дар арафаи мулоқотҳо бо мақомоти баландпояи Амрико ваёӣ баъди ин мулоқотҳо раҳо ёфтани бархе маҳбусони сиёсии вирди забонҳо дар Узбакистон як навъ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла дар ҷараёни сафари вазири собиқи хориҷаи Амрико Ҳиллари Клинтон ба Узбакистон шоири дигарандеши узбак Юсуф Ҷумъа аз маҳбас озод карда шуд. Юсуф Ҷумъа, ки бо ҷурми даъват ба истеъфои Ислом Каримов маҳкум шуда буд, чанд муддат баъд аз раҳоияш ба Амрико муҳоҷират кард.

Аммо баъди раҳоии Мурод Ҷӯраев дар зиндонҳои Узбакистон даҳҳо маҳбусе, ки бо далоили сиёсӣ маҳкум шудаанд, ва ҳам журналистоне, ки барои фаъолияти касбиашон ба зиндон андохта шудаанд, боқӣ мемонанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистони узбак Муҳаммад Бекҷон, Юсуф Рӯзимуродов, Сомонқадр Маматхонов, Юлдош Расулов, Дилмурод Сайид ва Аъзам Турғунов аз ҷумлаи маҳбусонеанд, ки ҳомиёни ҳуқуқ парвандаҳо ва ҳукми онҳоро сиёсӣ унвон мекунанд. Бо вуҷуди ба як ҷо расидани синни ин маҳбусон ва вазъи бади саломатиашон мақомоти Узбакистон ҳар дафъа баъди ба поён расидани ҳукми онҳо ба ҳукмашон солҳои бештареро изофа мекунанд ва мухолифини давлатро пушти девори зиндон нигоҳ медоранд.

Раҳбарии Узбакистон аз соли 1989 ба ин сӯ, инак 26 сол боз дар “панҷаҳои оҳанин”-и Ислом Каримов қарор дорад. Мунтақидон мегӯянд, ки Каримов ва тарафдоронаш дар ин кишвари Осиёи Марказӣ як режими шадиди худкомае сохтаанд, ки ягон навъ андешаи мухолифи сиёсати расмиро таҳаммул намекунад.

XS
SM
MD
LG