Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Суръат дар замин қиммат дар ҳаво" дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Як муассисаи таҳқиқотӣ ҳафтаи гузашта гуфт, ки суръати Интернет дар Тоҷикистон яке аз сусттаринҳо дар ҷаҳон аст. Сабабаш ҳам дахолати давлат ба кори ширкатҳои хусусии мобилӣ ва ба дасти ширкати давлатӣ додани ҳаққи тақсими Интернет будааст.

Хулосаи ширкати "Баддиком", ки рӯзи 22-уми июн нашр шуд, алами бисёре аз корбарони саҳифаи мо дар Инстаграммро тоза кард ва ҳоло ҳамроҳ мебинем, ки мардуми ин шабакаи иҷтимоӣ дар бораи Интернети Тоҷикистон чӣ мегӯянд.
Аз шарҳи корбаре бо номи Мамина Дочка оғоз мекунем, ки навиштааст: “Шумо нав фаҳмидед, ки Интернети мо суст аст. Аз соле, ки ман худамро мешиносам, мисли сангпушт кор мекунад. Нархаш дар осмон, суръаташ дар замин.”

Корбаре бо номи Хайрулло ҳам, ки зоҳиран шӯх аст, суръати Интернет дар Тоҷикистонро масхара карда ва гуфтааст: “Ҳар вақт ба боғи ҳайвонот биравам, сангпуштро бинам, Интернети Тоҷикистон ба ёдам меояд.” Яке дигар Интернет дар Тоҷикистон хари ланг номида ва дигарӣ шӯхӣ кардааст, ки бисёр хуб аст, назди тиреза, ки рафтӣ андаке беҳтар кор мекунад.

Суръати пасти Интернет дар Тоҷикистон аз назари шумо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00


Айни замон бисёре аз корбарон шикоят кардаанд, ки дар баробари суръати суст, қимати Интернет дар Тоҷикистон баланд аст. Субҳонҷон аз ҷумлаи онҳоест, ки пули зиёде ҳар моҳ барои Интернет харҷ мекардааст. Ӯ мегӯяд: “Дар як моҳ 100 сомонӣ пардохт мекунем. Суръаташ мисли он аст, ки 5 одамро дар як мошин савор мекунӣ. Дар Русия 300 рубл мепардозӣ суръати фавқуллода баланд дорӣ. Чаро дар мамлакати мо ингуна Интернет мефурӯшанд, ҳам нархаш гарон ҳам бо суръати суст. Ман ҳайрон. “

Бунёд Ёсуфӣ корбари дигари саҳифаи мо ҳам аз ҷумлаи 700 нафарест, ки зери хабари Радиои Озодӣ доир ба суръати Интернет дар Тоҷикистон шарҳ гузоштааст.
Ӯ навиштааст: “Аз ҳама Интернети суст ва аз ҳама қиммат. Як видеои 5 мегабайтиро тамошо кунед, 15 мегабайт мезананд. Инсоф гуфтанӣ гап нест, ҳамааш фанду фиреб. Наход нархи 1 гигабайт Интернет 33 сомонӣ бошад. Ба Худо убол аст.”

Корбаре бо номи “адвокатка” гарон, суст будани Интернетро гуноҳи мақомоти Тоҷикистон медонад ва мегӯяд: "Дар соҳаи хизматрасонии алоқаи мобилию Интернет дар Тоҷикистон монополия аст. Кумитаи зиддиинҳисорӣ ва Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи муштариён ба ном ҳастанду лек дар асл ба ҳамон ширкатҳо хизмат мекунанд. Хуқуқу манфиатҳои инсон дар мо ба "шарофати" масъулин зери пой гаштааст."

Қисми дигари мардум дар Инстаграм навиштаанд, ки агар дар Тоҷикистон суръати Интернет хуб бошад, кори зиёде барои зиндагӣ ва иқтисод карда мешавад. Яке аз онҳо бо номи Кукубиби навиштааст: "Асри 21 асри Интернет ва тамаддун аст. Бе интернети хуб бадтару бадтар мешавад. Бо интернети хуб, мардум аз чизи бисёр меомӯзанд ва дуруст фикр карданро ёд мегиранд. Ростӣ Интернетро беҳтар кунед, бисёре аз чизҳо тағйир меёбад."

Дар воқеъ мақомоти Тоҷикистонро солҳои ахир сахт танқид мекунанд, ки бо қабули қарорҳои гуногун ва ба дасти як ширкати давлатӣ додани ҳаққи тақсими Интернет, вазъи соҳаро бад кард. Барои ҳамин ба навиштаи Рамзан як корбари Инстаграм: «Дар Тоҷикистон беҳтар аст, ки Интернет надошта бошӣ, чун асабҳоят ором мемонад. Агар дошта бошад, ончунон мечаспад, ки ваҳшат."

XS
SM
MD
LG