Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мақомоти тоҷикро барои нақзи ҳуқуқи инсон танқид кард


Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, мақомоти тоҷик дар соли 2014 ба нақзи ҳуқуқи инсон идома додаанд, ки шомили шиканҷаи боздоштшудаҳо ва зӯроварӣ нисбат ба занон будааст.

Вазорати умури хориҷӣ ё Департаменти давлатии Амрико бо нашри гузориши нав аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар тӯли соли 2014 интиқод кардааст. Дар ин гузориш давлати Тоҷикистон "авторитарӣ" муаррифӣ шуда, таъкид гардидааст, ки сокинонаш наметавонанд аз тариқи интихоботи озоду шаффоф намояндагони худро интихоб намоянд.

Ин гузориш, ки 25 июн муаррифӣ шуд, мегӯяд, мақомоти тоҷик дар соли 2014 ба шиканҷаи афроди боздоштшуда низ идома дода, фишор болои фаъолони сиёсиро бештар ва дастрасӣ ба иттилоъро маҳдудтар кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, "нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шомили зӯроварӣ ва табиъз нисбат ба занон, боздоштҳои худсарона ва таҳдид барои ҳабси якумрӣ низ мебошад". Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, аммо дар соли 2014 мавридҳои хеле ками ба маҳкама кашида шудани мақомоти тоҷик барои поймол кардани ҳуқуқи инсон мушоҳида шудааст.

Вазорати умури хориҷии Амрико, ҳамин тавр, дар гузориши нави худ аз амалкардҳои "Давлати исломӣ", ҳукумати Русияву Эрон ва Озайрбоҷон низ барои нақзи ҳуқуқи инсон шадидан танқид кардааст. Бештар аз ҳама сухан аз бераҳмиҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия алайҳи язидиҳо, насрониҳо, туркманҳо, шабакҳо, мусулмонони шиъа ва суннӣ меравад, ки ба равиши тундгароёнаи он розӣ нестанд.

Дар айни замон дар гузориш гуфта мешавад, ки нотавонии ҳукумати Ироқ ба гурӯҳҳои мусаллаҳи шиъаи тарафдори он, аз ҷумла Кумитаи сафарбарии ом имкон додааст, даст ба ҷиноятҳои сангин зананд. Ин дастаҳо дар муборизаи ҳукумат зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" кӯмак мекунанд.

"Паёми амиқи ин гузориш ин аст, ки кившарҳое бурд ва пешрафт мекуунанд, ки дар онҳо ҳуқуқ ва озодиҳои инсон риоят мешаванд." Гуфт вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҷон Керрӣ дар муаррифии гузориши солонаи ҳуқуқи иносн. "Ин фақат изҳори умедворӣ нест, балки воқеиятест, ки дар чандин кишвари ҷаҳон ба исбот расидааст," -- гуфт Керрӣ дар Вашингтон.

XS
SM
MD
LG