Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: Мулло Фазлуллоҳ, раҳбари аршади Толибон кушта шуд


Акси Мулло Фазлуллоҳ аз як навори видеоии соли 2015 гирифта шудааст
Акси Мулло Фазлуллоҳ аз як навори видеоии соли 2015 гирифта шудааст

Мақомоти Пентагон гуфтанд, ки як дрони амрикоӣ раҳбари Толибони Покистонро дар ҳудуди Афғонистон ҳадаф қарор дод ва бар пояи гузоришҳои тасдиқношудаи маҳаллӣ, ин пешвои гурӯҳи мусаллаҳи ифротӣ кушта шудааст.

Мақомоти интизомии амрикоӣ ба матбуот гуфтанд, ки ҳамлаи шоми 14-уми июн раҳбари гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон” Мулло Фазлуллоҳро ҳадаф қарор дод. Ба иттилои ин манобеъ, ҳавопаймои бесарнишин аз рӯзи 13 июн ба ин сӯ дар фарози вилояти Кунар, ки дар марз воқеъ аст, парвоз мекард.

ИМА ин гурӯҳи мусаллаҳро ҳамчунин дар талоши тарконидани мошине дар майдони Times Square-и Ню-Йорк дар соли 2010 гумонбар медонад

Мақомоти амрикоӣ ба шарти ифшо нашудани номашон ба оҷонсиҳои Reuters, “Садои Амрико” ва AFP гуфтанд, ки онҳо дар бораи вазъи сиҳҳатии Фазлуллоҳ иттилое надоранд ваё аз муваффақиятомез хондани амалиёт худдорӣ карданд. Вале хабари кушта шудани раҳбари “Таҳрики Толибони Покистон”-ро рӯзи 14 июн матбуоти маҳаллӣ хабар дод.

Вазорати дифои Афғонистон баъди санҷиши ин хабар баъд аз зӯҳри 15 июн ба бахши Афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан ҳам ин шахс кушта шудааст. Муҳаммад Родманиш, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, "феълан ҳамин чиз тасдиқи худро пайдо кард, ки раҳбари Толибони Покистон Мулло Фазлуллоҳ тавассути тайёраҳои бесарнишин аз байн бурда шудааст".

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки бовар меравад синни Фазлуллоҳ аз 40 боло бурда, баъди он ки Покистон “Таҳрики Толибон”-ро дар амалиёти густурдаи аз хокаш берун кард, дар қаламрави Афғонистон паноҳ бурд.

Бо ин ки ин гурӯҳ ҳамоно ҳамлаҳо ба Покистонро идома медиҳад, бовар меравад, ки дигар назорат бар тамоми қаламрави ин кишварро, ки дар гузашта дошт, аз даст додааст. Амалиёти зидди ин гурӯҳ баъди он роҳандозӣ шуд, ки декабри соли 2014 “Таҳрики Толибон” 150 шогирди як мактаби низомиро дар Пешавар ба қатл расониданд ва ин ҳодиса боиси даст ба кор шудани тамоми сохторҳои ҳукуматии Покистон шуд.

Он замон гуфта шуд, ки ҳамларо худи Фазлуллоҳ танзим ва раҳбарӣ кардааст. Ҳамчунин масъулияти ҳамлаи октябри соли 2012 ба Малола Юсуфзай ҳам ба дӯши “Таҳрики Толибон” мебошад. Ин шогирди мактаб барои таблиғи таҳсили духтарҳо дар Покистон мавриди ҳамла қарор гирифт, вале зинда монд. Баъдан ӯ барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд.

ИМА ин гурӯҳи мусаллаҳро ҳамчунин дар талоши тарконидани мошине дар майдони Times Square-и Ню-Йорк дар соли 2010 гумонбар медонад.

Моҳи март ИМА барои дарёфти иттилоъ дар бораи Фазлуллоҳ, ҷоизаи 5-миллиондолларӣ пешниҳод кард ва гуфт, ки ин гурӯҳ “бо Ал-Қоида қаробат дорад” ва ба Файсал Шаҳзод, ки мехост дар Times Square таркиш анҷом диҳад, дарс додааст.

"Кафши" раҳбари Толибонро кӣ мепӯшад?

Довуд Хаттак, шореҳи бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, қатли Фазлуллоҳ ҳарчанд дар фаъолияти гурӯҳи ифротӣ таҳрире ворид мекунад ва зарурати интисоби раҳбари нав пеш меояд, онро мешавад як зарбаи шадиде ба ин гурӯҳ номид. Вай бар асоси манобеи хабарӣ гуфт, ки “Таҳрики толибон” баъди нисфирӯзии 15 июн ҷаласаи раҳбарияти худро шурӯъ карданд”.

“Онҳо раҳбари навро интихоб мекунанд. Дар гузашта бисёр шудааст, ки вақте як раҳбари толибон кушта мешавад, ба истилоҳ, кафши ӯро нафари дигар мепӯшад. Вале бешубҳа, куштори раҳбари замоне бонуфуз дар фаъолияти онҳо таъсири манфӣ мегузорад".

Куштори Фазлуллоҳ дар ҳоле хабар дода шуд, ки миёни Толибони Афғонистон ва ҳукумати Кобул то поёни моҳи муқаддаси Рамазон оташбас амал мекунад.

Генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи нирӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон гуфт, ки шарту шурути оташбас пойбанд мемонад, вале ин тасмим марбут ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва “Ал-Қоида” нест.

Лейтенант-полковник Мартин Одоннелл, сухангӯи нирӯҳои ИМА дар Афғонистон гуфт, ки шарти оташбас ба дигар “гурӯҳҳои минтақавӣ ва байналмилалии террористӣ марбут нест”.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG