Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наталӣ аз он тарафи уқёнус барои омӯхтани рақси тоҷикӣ омад. ВИДЕО


Наталӣ Наюн ҳангоми тамрини рақс дар Кӯлоб
Наталӣ Наюн ҳангоми тамрини рақс дар Кӯлоб

Як муаллимаи рақс аз Амрико шефтаи рақси кӯлобиву бадахшонӣ шуда, ҳазорҳо километрро тай карда, ба Тоҷикистон омадааст, то назокати ин рақсҳоро биёмӯзад.

Наталӣ Наюнро, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб дар театри ба номи Сайидалӣ Вализода пайдо кард. Ӯ як моҳ боз дар Тоҷикистон аст ва барои наздик шудан ба мардум забони тоҷикиро ҳам омӯхтааст.

Наталӣ, ки бо Радиои Озодӣ бо забони тоҷикӣ суҳбат мекард, гуфт, “Ба ман рақси кӯлобӣ бисёр маъқул шуд. Ба ман муаллим Сафаралӣ Раҷабов нозукиҳои рақсро омӯхт.”

Наталӣ дар баробари ёд додани рақс ба шогирдонаш, рақси мардумони дунёро таҳқиқ мекунад, ки чӣ фалсафа доранд ва мардум бо ҳаракатҳои зебову шигифтангез чӣ гуна дарду ғам ва ё шодмониҳои хешро баён мекунанд.

Рақси мардуми Ховари Миёнаро 15 сол ва аз мардумони Осиёи Марказиро 7 сол таҳқиқ кардааст. “Ҳоло мехоҳам нозукиҳои рақси тоҷикиро биомӯзам” – мегӯяд, Наталӣ.

Наталӣ аз он тарафи уқёнус барои омӯхтани рақси тоҷикӣ омад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

То кунун дар Аргентина, Чили, Перу, Исроил ва Фаластин барнома иҷро кардаву рақсҳои ёдгирифтаашро нишон додааст. Наталӣ Наюн аз шаҳри Лос Анҷелес аст. Аз 14 солагӣ рақс омӯхтааст ва дар Донишгоҳи Калифорниё дарс медиҳад.

Рақси тоҷикиро дар Интерент дида ва ҳамаро гузошта ба омӯхтани он ба Тоҷикистон омадааст. Барои омӯхтани рақси мавзуни помирӣ ба Бадахшон ҳам рафтааст. Бо духтарони тоҷик якҷо чанд рақс ҳам иҷро кардааст. “Ман бо раққосаҳои театр якчанд рақси гуруҳиро иҷро кардем. Театри Саидалӣ Вализода бисёр ба ман маъқул аст” – гуфт ӯ.

Наталӣ Наюн худро сафир медонад ва сафири ҳунар ва мехоҳад, фарҳанги мардуми шарқро аз тариқи рақс муаррифӣ кунад. Ҳунаре, ки забони онро миллатҳои тамоми курраи Замин бе тарҷумону тарҷума мефаҳманд.

XS
SM
MD
LG