Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҳабси думоҳаи Музаффар Юсупов дар вилояти Ленинград


Бознашри акс аз сомонаи 47news.ru
Бознашри акс аз сомонаи 47news.ru

Додгоҳи ноҳияи Кирови вилояти Ленингради Русия рӯзи 19 июн ҳукми ҳабси думоҳаи як шаҳрванди тоҷикро бо гумони даст доштан дар рабудан ва қали як кӯдак содир кард.

Музаффар Юсупови 49-сола рӯзи 17 июн бо гумони даст доштан дар рабудан ва қатли як кӯдаки 6-сола боздошт шуд. Гуфта мешавад, дастури боздошти ин шаҳрванди тоҷикро шахсан раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин додааст.

Бино ба гузориши сомонаи маҳаллии 47news.ru, мақомоти тафтишотӣ дар мавриди то куҷо дар кӯдакдуздӣ даст доштани ин гумонбар шакки зиёд дорад. Як манбаъи ин расона дар мақомоти тафтишот тасмими Бастрикинро сиёсӣ ва ҳадафашро маҳор кардани норозигии ҷомиа аз тӯл кашидани қазияи нопадидшавии Паша Костюнини 6-сола номидааст.

Евгений Вишенков, муаллифи матлаби 47news.ru рӯзи 19 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шаҳрванди 49-солаи тоҷикро, ки танҳо исми хонаводагиаш маълум аст, ки Юсуфов будааст,субҳи 18 июн дар дохили як корхонаи коркарди чӯб дар наздикии шаҳраки Сапёрнийи ноҳияи Киров бо ҷалби нирӯҳои СОБР дастгир карданд ва бояд акнун додгоҳ ҳукми ҳабси ӯ то замони анҷоми тафтишотро содир кунад. Ба гуфтаи Вишенков, Кумитаи тафтишоти Русия зоҳиран ин тоҷикро ба рабудан ва қатли кӯдак айбдор мекунад, вале аз ифшои ҷузъиёти парванда худдорӣ меварзад.

Паша Костюнин, ки ҳамроҳи модараш дар шаҳри Отрадное ба сар мебурд, 6 декабри соли 2011 дар роҳи бозгашт аз мактаб ғайб зад. Дар мавриди ӯ фарзияҳои мухталифе – аз ғарқ шудан то эҳтимоли рабудан бо ҳадафи фурӯши аъзои бадани ӯ – баррасӣ мешуд. Парвандаро аз ҳамон замон раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин таҳти назорат гирифта, волии Ленинград Александр Дрозденко дар бораи ҳар навъ маълумоте, ки ба таҳқиқи ин қазия кумак расонад, ним миллион рубли русӣ, муодили тақрибан 17 000 доллар, ҷоиза ҳам таъйин кард. Як гурӯҳи бузурги ихтиёриён ҷангалҳои минтақаро ҳам кофтанд, вале бенатиҷа. Ҳатто модари Пашаро дар детекторе ки ростро аз дурӯғ ҷудо мекунад, тафтиш карданд.

Евгений Вишенков мегӯяд, шаҳрванди феълан боздоштшудаи тоҷик низ дар иртикоби ин қазия 10 дафъа бозпурсӣ шуда буд. Вишенков мегӯяд, ин тоҷик дар ҳамсоягӣ ба сар мебурд ва як муддат, то ба назди модараш кӯчидани Паша Костюнин, бо ӯ равобити наздик ҳам доштааст.

Мақомоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Ленинград ва ҳам дар дафтари марказии ин идора дар Маскав дар сӯҳбат бо Озодӣ аз шарҳи ҷузъиёти боздошти шаҳрванди тоҷик қатъиян худдорӣ карданд. Аммо ба гуфтаи Вишенков, як намояндаи Кумитаи тафтишот дар вилояти Ленинград дар шарҳи кӯтоҳи боздошти ин гумонбар ба 47news.ru гуфтааст, “мо мӯътақидем, ки ӯ ҳама чизро намегуфт.”

Хабаргузории РИА Новости мегӯяд, ки ин гумонбар ҳар навъ даст доштанаш дар нопадидшавии Паша Костюнинро радд мекунад, вале муфаттишон гуфтаанд, ки баъди имтиҳони шаҳодати ӯ дар полиграф(детектор) ба самимияти ҳарфҳои ин шаҳрванди тоҷик шубҳа кардаанд.

Бино ба маълумоте ки ин расонаи маҳаллӣ дар бораи шахси гумонбар пайдо кардааст, ӯ 49 сол дошта, собиқадори ҷанги Афғонистон ва соҳиби ордени "Ситораи Сурх" ва нишони "Барои шуҷоъат" аст, ки ҳарду танҳо барои қаҳрамонӣ дар майдони набард дода мешуд.

Бино ба ин манбаъ, ӯ дар нирӯҳои вижаи артиши вақти Шӯравӣ, ё ба истилоҳ, “спецназ” адои хидмат кардааст. Ин мард 3 фарзанд ва як набера доштааст, вале азбаски 952 сомонӣ нафақааш дар Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаи ӯ кифоят намекард, ҳар сол барои тақрибан 10 моҳ ба хотири мардикорӣ ба Русия меомад.
XS
SM
MD
LG