Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавзи варзишие, ки президент 6 сол пеш ба истифода дод, чаро кор намекунад? ВИДЕО


Маҷмааи варзишии “Кӯли ҷавонон” дар деҳаи Чорбоғи Кӯлоб, ки соли 2011-ум барои варзишу истироҳати сокинони ин шаҳр аз тарафи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуда буд, беш аз панҷ сол боз фаъолият намекунад. Маконе, ки бояд аз ҳавзи шиновариву қаиқронӣ иборат мебуд, ба алафзор табдил ёфтааст. Дар баъзе аз қитъаҳои ин қаламрав, ки аз даҳ гектар иборат аст, сокинон барои худ манзил бунёд кардаанд.

Ҳавзе, ки президент 6 сол пеш ифтитоҳ карда буд, чаро кор намекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00

Коршиносон мегӯяднд, ин ҳама зоҳирпарастии мақомот аст, ки дар ҳузури раиси ҷумҳур нишон медиҳанд, корхонаҳо ва ё марказҳо месозанд. Аммо баъди онки раиси ҷумҳур лентаи онро буриду аз он ҷо рафт, дигар ба фаъолияти он таъсисот аҳамият намедиҳанд.

Барои иҷрои ин иншооти варзишӣ дар Кӯлоб 2 миллиону 28 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст. Қудратулло Тӯраев, сокини деҳаи Чорбоғ, рӯзи 14-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз сохтмони ин мавзеъ маҷмааи варзишӣ ҳамагӣ як сол фаъолият карду бас. “Баъд аз он, ду ҳавз аз фаъолият монд ва дигар касе ба ин макон аҳамият надод”, - гуфт ӯ.

Ба қавли мусоҳиби мо, ҳатто дар ин минтақа ба сокинон барои сохтмони хона қитъаи замин тақсим кардаанд. “Ин макон майдоне буд, ки тамоми мусобиқаҳо дар он мегузашт. Президент омад, ифтитоҳ кард. Мо хурсанд шудем, ки дубора соҳиби кӯли калону хуб шудем. Аммо пас аз як сол аз фаъолият монд. Акнун панҷ сол мешавад, фаъолият надорад. Мо ба тамоми идораҳо мактуби дастаҷамӣ фиристодем, аммо ҳеҷ посухе дарёфт накардем, - гуфт Қудратулло Тӯраев.

Сокинон мегӯянд, соли 2011, замоне ки президенти Тоҷикистон дар маросими ботантана ин маконро мавриди истифода қарор дод, сокинони манотиқи дигар ба зебоии ин мавзеъ ҳасад мебурданд, аммо имрӯз аз он зебоӣ ному нишоне намондааст. ​Гулшан Гулова, сокини дигари деҳаи Чорбоғ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз он таассуф хӯрд, ки тамоми таҷҳизоти макон шикаста ва «бурда шудааст». Ба гуфтаи Гулова, «чароғҳои зебо ва қаиқҳои рангоранги ин макон куҷо шуданд? Касе намедонад.»

«Замоне президент омад, набераҳоям дар он пешвозгирӣ ширкат доштанд. Президент насиҳат карда буд, ки варзишро хуб ёд гиред ва парчамбардори Тоҷикистон шавед. Аммо имрӯз ин маконро бинед, ба як чарогоҳ ва хонаи сокинон табдил ёфтааст. Касе дигар ба ин макон эътибор намедиҳад. Ҳамаи чизҳои ин ҷойро бурданд», - гуфт Гулшан Гулова.

Нигаронии бархе аз сокинони мавзеи Чорбоғ дар ҳолест, ки масъулони ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин макон ягон қонуншиканӣ ё тақсими замин сурат нагирифтааст. Ба гуфтаи масъулони шаҳрдории Кӯлоб, "Кӯли ҷавонон" дар ин минтақа пурра бозсозӣ нашуда ва онҳо ҷудо шудани маблағро барои умури тармиму таҷдиди ин макон интизоранд.

​Пӯлод Ҳафизов, муовини шаҳрдори Кӯлоб, гуфт, сохтмони кӯл нотамом буда, дар сурати ҷудо шудани пул, кӯлро аз нав бозсозӣ хоҳанд кард. Ҳафизов афзуд, бар асоси қарори содиршуда дар заминаи Маҷмааи варзишии "Кӯли ҷавонон", сохтмони манзиле сурат нагирифта ва хонаҳое, ки сохта шудаанд, ба ин макон тааллуқ надоранд. Ба гуфтаи ӯ, марҳилаи аввали сохтмони ин кӯл анҷом шуда, марҳилаи дувум бинобар ҷудо нашудани маблағ иҷро нашудааст.

Дар идораи ниҳолшинонии шаҳри Кӯлоб, ки «Кӯли ҷавонон» дар тавозуни он будааст, гуфтанд, «аз аввал ин иншоот қобили қабул набуд.» Нурмуҳаммад Боронов, масъули ин идора, рӯзи 14-уми ноябр гуфт, «ман ҳавзро надидаам. Ман қабул накардаам. Дар вақташ чӣ коре карданд, намедонам. Обро пур мекунӣ, аз таҳи ҳавз меравад. Як сол кадом нафаре гирифта, моҳӣ парвариш кардааст.»

Ин афрод дар ҳоле аз анҷомношуда мондани корҳои барқарорсозии Маҷмааи варзишӣ мегӯянд, ки президент Раҳмон замони боз кардани ин маҷмааи варзишӣ, кори ширкати сохтмониро таъриф карда, ба онҳо «барои бо сифати баланд ва сари вақт ба истифода додани он арзи сипос» намуда буд.

Ҳоло дар ин макон танҳо ду қаиқе, ки президент зимни маросими ифтитоҳ тӯҳфа карда буд, боқӣ монда ва онҳо низ дар ҳолати вайрона қарор доранд. Дар шаҳри Кӯлоб дигар маконе нест, ки сокинон битавонанд ба шиноварӣ ва қаиқронӣ машғул шаванд.

Аҳмадшоҳ Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода

Бархе коршиносон умри на танҳо маҷмааи варзишии Кӯлоб, балки баъзе иншооти дигари ҷашниро кӯтоҳ меноманд: баъд аз ифтитоҳи ботантанаи коргоҳ ё муассисае, пахши гузоришу хабарҳои мунаққаш дар матбуот ва телевизион, бо сабабҳои номаълум ин муассисаҳо аз кор мемонанд. Аз ҷумла, мусоҳибони гузоришгари Би-би-сӣ дар соли 2011 дар мисоли як корхонаи нофарҷоми мурғпарварӣ ин корхонаро «баҳонае барои шод кардани президент» номида буданд, ки баъди ифтитоҳи расмиаш дигар фаъолияти дуруст надоштааст. Як чунин объекти дигар – чойхонаи "Харбуза" дар ноҳияи Ҳисор аст, ки соли 2015 ифтитоҳ шуд, вале то кунун дар ҳолати нимасохт боқӣ мемонад.

Аҳмадшоҳ Комилзода, таҳлилгари тоҷик, сабаби чунин сурат гирифтани корро ба бемасъулиятии раҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораву ниҳодҳо рабт дод. Ӯ гуфт, “борҳо мушоҳида кардаем, ки бо ҳузури раиси ҷумҳур дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон корхона, марказҳо ва дигар иншооти маишиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавриди истифода қарор мегирад, аммо бо гузашти вақт ин корхонаҷот ё аз кор мемонад ва ё комилан ба чизи дигар табдил мегардад".

Аҳмадшоҳ Комилзода мегӯяд, ин ҳама зоҳирпарастии мақомот аст, ки дар ҳузури раиси ҷумҳур нишон медиҳанд, корхона ва ё марказҳо месозанд. “Аммо баъди онки раиси ҷумҳур лентаи онро буриду аз онҷо рафт, дигар ба фаъолияти он таъсисот аҳамият намедиҳанд”, - афзуд ӯ.

Комилзода бовар дорад, ин гуна бархӯрд ба обрӯи давлату ҳукумат ва худи раиси ҷумҳур латма мезанад, чун ифтитоҳи муассисае, ки барои беҳбуди зиндагии мардум равона шудааст, дар ниҳоят як зоҳирпарастӣ мешаваду бас.

XS
SM
MD
LG