Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Зайд Саидов то Хоруғ. 28 мояи нигаронии Кумитаи ҳуқуқи башари СММ


Кумитаи ҳуқуқи башари СММ рӯзи 25-уми июл дар Женева хулоса ва тавсияҳои худро пас аз таҳлили гузориши ҳайати Тоҷикистон нашр кард.

Дар хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башари СМ аз пешрафтҳои Тоҷикистон дар мурооти ҳуқуқи башар ситоиш шуда, мушкилоти мавҷуда номбар ва таҳлил дидаанд. Ҳамчунин Кумитаи ҳуқуқи башари СММ барои рафъи камбудиҳои марбут ба ҳуқуқ ва қонун ба ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои мушаххас додааст. Узви Кумитаи ҳуқуқи башари СММ Ҷералд Нюман дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ин санадро чунин шарҳ дод:


Тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
Линки мустақим


Ҷералд Нюман: “Кумита бо ҳайат аз Тоҷикистон пас аз гирифтани гузориши он ва ҳамчунин баъд аз гирифтани назари шуморе аз манобеи ҷомеаи шаҳрвандӣ, фиристодани саволҳо ва қабули посух аз онҳо ба таври рӯбарӯ мулоқот кард. Мо бо онҳо муколмаи хеле созандае доштем. Баъзе масъалаҳое буд, ки онҳо ошкоро иқрор карданд ва гуфтанд, вазъ қонеъкунанда нест ва сӯҳбат аз роҳҳои беҳбуди вазъ шуд. Аммо масъалаҳои дигаре ҳам буд, ки онҳо мавҷудияти чунин масъалаҳоро рад мекарданд. Кумита рӯйхати нигарониҳоро таҳия кард, ки аз 28 банд иборат аст ва тавсияҳои худро эълом дошт. Кумита се масъаларо ба таври махсус зикр карда, онҳоро фаврӣ номид ва мехоҳад, дар байни як сол дар бораашон гузориш дода шавад. Яке аз онҳо шиканҷа аст, ки нигарониҳоим зиёди Кумитаро ба бор овардааст ва он ба таври хос ин масъаларо дар ҷойи аввал қарор дод, ки боздоштшудаҳо дафъатан баъд аз боздошт шуданашон ба қайд гирифта намешаванд, ки имконият медиҳад, бо онҳо барои дарёфти иқрор бадрафторӣ сурат гирад. Ҳамзамон бо ҳабс онҳо аз ҳузури вакил таъмин намешаванд ва бозрасии мустақили боздоштгоҳҳо вуҷуд надорад. Масъалаи дуюми ҷиддӣ ба истиқлолияти адлия дахл дорад. Фасоди додгоҳӣ ва истиқлолияти вакилон. Ва масъалаи сеюм ба озодии ҷомеаи маданӣ дахл дорад, махсусан озодии ҷамъомад. Сабтиноми иттиҳодҳо душвор аст ва онҳо зери танзиманд. Хабарҳое ҳаст, ки таҷаммӯъи осоиштаи мардум бо мақсади танқиди ҳукумат бо баҳонаҳои фаннӣ рад мешаванд, созмонҳо ба таври зиёдаравона барҳам зада мешаванд. Ва ин се масъалаи умдае буд, ки Кумита дар мадди аввал гузошт.”


Баҳси ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар СММ. Женева, 10 июли соли 2013
Баҳси ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар СММ. Женева, 10 июли соли 2013
Озодӣ: То ҷое ки аз пахши зиндаи ҷаласаи Кумита дида мешуд, мансабдорони Тоҷикистон ва бархе аз нотиқони дигар хеле талош ба харҷ медоданд, бо суханони умумӣ вақтро пур кунанд. Дар ин ҳолат оё барои аъзои Кумита чӣ қадар душвор ё осон буд, ки воқеияти масъалаҳои Тоҷикистонро дарк кунанд?

Ҷералд Нюман: “Ман фикр мекунам, аъзои Кумита омодагии хеле хуб доштанд. Бино бар шеваи кор мо пешакӣ гузориш ва иттилоъро аввал аз ҳукумат ва сипас аз дигарон ҷамъ оварда будем. Дар натиҷа мо дар бораи вазъ маълумоти кофӣ доштем. Албатта, дар баъзе аз масъалаҳои хос мо маълумоти тазодомез доштем ва аъзи Кумита талош карданд, масъаларо рӯшан кунанд ва баъзан тавонистем бо ҳукумат ва дигарон дар бораи онҳо ба фикри ягона расем. Аммо маълумоти зиёди боварнакарданӣ ҳам дар миён буд, ки ҳукумат онро рад мекард.”

Озодӣ: Дар арзёбии Кумита гуфта мешавад, ки миёни сухан ва амали мақомоти Тоҷикистон дар масъалаи шиканҷа холигоҳе вуҷуд дорад. Ин холигоҳ чӣ қадар бузург аст?

Ҷералд Нюман: “Ба назари ман, Кумита онро масъалаи бисёр ҷиддӣ мешуморад. Қонунгузорӣ дар баъзе ҳолатҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқ гардонда шуд, аммо шиканҷа, барои полис, зоҳиран, як амали муқаррарист, ки ба дастурҳои қонун мувофиқат намекунад.”

Озодӣ: Гузориш дар рӯзҳое нашр мешавад, ки дар Тоҷикистон рӯйдодҳои як сол пеши Бадахшонро ёд мекунанд ва ҳамарӯза хабарҳои марбут ба Зайд Саидов мерасанд. Дар ҷаласа ҳам ин мавзуъҳо зикр шуданд. Хулоса чист?

Ҷералд Нюман: “Ба фикрам, хулосаи асосии Кумита ин аст, ки ба маълумоти бештар дар ин бора зарурат дорад. Воқеаҳои як сол пеш бояд таҳқиқ шаванд. Мо дақиқан намедонем, ки чӣ чиз иттифоқ афтод? Пажӯҳиш бояд тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷараён ёбад ва ҳангоме ки фактҳо рӯшан шуданд, бояд нисбати омилону масъулон, чораҳои муносиб дида шавад. Дар робита ба парвандаи ҷаноби Саидов охирин чизҳое, ки шунидаем ва бино бар шеваи бархӯрд бо ӯ, наметавон умедвори шаффофияти таҳқиқ ва мурофиаи ошкору боз шуд. Мо аз шеваи бархӯрд бо ӯ нигаронем ва муҳимтар аз ҳама ӯ бояд мавриди мурофиаи озод ва тафтиш мавриди расидагии ҷомеа қарор гирад.”
XS
SM
MD
LG