Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Умеда то ба дастгоҳи президент расид.ВИДЕО


Умеда Мақсудова.

Дастгоҳи президенти Тоҷикистон бо як нома аз Додгоҳи олӣ хостааст, шикояти модархонди Умеда Мақсудоваро бозбинӣ кунад. Ин дархост дар посух ба шикояти Шабистон Кабудова аст, ки бо қарори додгоҳ баъд аз нӯҳ сол ӯро аз фарзанди тарбиякардааш ҷудо мекунанд.

Баҳси додгоҳии ду модар-яке биологӣ ва дуюми модархонд барои Умеда Мақсудова, соли 2017 дар додгоҳи шаҳри Бохтар шурӯъ шуд. Ба далели расман фарзандхонӣ нашудани Умеда, тамоми марҳилаҳои додгоҳӣ, ба манфиати волидони биологии ӯ анҷом ёфт. Ҳоло талошҳо барои ҷудо кардани Умеда аз модархондаш идома дорад.

Умеди Шабистон ба дастгоҳи президент аст

Шабистон Кабудова, ки аз 30-рӯзагӣ Умедаро бузург кардааст, баъд аз бохт дар додгоҳ, ягона умедаш ба дастгоҳи раисҷумҳур аст ва аз раҳбари дастгоҳ Озода Раҳмон кӯмак хост. Шабистон 29-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин шабу рӯз табобат мегирад, зеро сиҳатии худу духтараш хуб нест ва ҷанҷолҳои рӯзҳои ахир ба равони онҳо бетаъсир намондааст.

Дар пайи расонаӣ шудани баҳси ин ду модар ва нашри навори нолаву фиғони Умеда, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ҳам ин ҳодисаро тафтиш дорад.

Вай мегӯяд, ҳоло аниқ нест, ки Умеда то чанд муддати дигар бо ӯ мемонад. Мегӯяд, ҳар лаҳза дилаш дар тарс аст, ки онҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд. "Имрӯз аз дастгоҳ посухи мактубам расид, ки нусхаи он ба раиси Додгоҳи олӣ ҳам ирсол шудааст. Ҳоло намедонам чӣ мешавад"-афзуд ӯ.

Шабистон мегӯяд, вақте аз зиндагии якҷоя бо шавҳараш фарзанддор нашуд, хост аз ятимхона тифлеро ба фарзандхонӣ гирад. Аммо хусураш ба ин кор иҷозат надод. Бо розигии падаршӯяш бидуни ягон санаду мадрак фарзанди писари хурдиро ба калонӣ дод.

"Он рӯз даҳшат буд"

Навори доду фарёди Умеда дар рӯзе, ки бояд бо қарори додгоҳ ба назди волидони биологияш бурда мешуд, дили садҳо нафарро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва берун аз он реш кард ва баҳсҳои зиёдеро ба по хезонд. Тибқи қарори додгоҳ, бояд рӯзи 18-уми октябр Умеда аз модархондаш барои ҳамеша ҷудо мешуд. Аммо бад шудани сиҳатии Шабистон -- модархонди ин наврас ва доду фиғони Умеда, иҷрои қарори додгоҳро боз ҳам ба таъхир гузошт.

Шабистон Кабудова.
Шабистон Кабудова.

Вай бо ёдоварӣ аз он рӯз гуфт, "ҳамон рӯз хеле даҳшат буд, гӯё маро масхара мекарданд, бо чанд мошин барои бурдани Умеда омаданд, мисли тӯйе, ки арӯсро мебаранд. Ин барои ман осон набуд ва таҳаммули инро надоштам. Духтар он рӯз аз гиряи бисёр азият шуд ва ҳоло табобат мегирам".

Ин бори аввал набуд, ки мақомоти додгоҳ ва волидони биологӣ талоши ҷудо кардани духтар аз модархондро мекунанд. Умеда мегӯяд, модараш фақат Шабистон аст ва намехоҳад назди модари дигараш равад. Аммо волидони биологӣ мегӯянд, Умеда бо онҳо ҳам одат мекунад ва ваъда медиҳанд, ки агар ӯ ба муҳити хонадони онҳо унс нагирад, омодаанд ӯро баргардонанд.

"Ин ки ман нахостам аз ятимхона кӯдак гирад, дурӯғи маҳз аст"

Ҳасан Мақсудов, бобои Умеда, ки бо хоҳиши ӯ набераашро аз волидони аслӣ ба падару модархондаш дода буд, гуфт, онҳо бар асоси ҳукми додгоҳ Умедаро ба хона меоранд ва мехоҳанд ӯ дар шароити хуб зиндагӣ кунад ва тарбият бигирад.

Ҳасан Мақсудов, бобои Умеда.
Ҳасан Мақсудов, бобои Умеда.

Мақсудов гуфт, "вай ҳоло кӯдак аст, агар падару модари аслии худашро дар хонаи мо нашиносад, ман худам пеши ҳамон Шабистон мефиристам. Ҳоло ки 15-16-сола шавад, хоҳед-нахоҳед пеши падару модари худаш бармегардад, инро даҳҳо ҳодиса дар зиндагии мо инсонҳо нишон додааст. Вақте Шабистон мегӯяд, ки тамоми корро ман кардаму гӯё ман нахостам аз ятимхона кӯдак гирад, ин ҳамааш дурӯғи маҳз аст".

Баҳси ду модар барои Умеда замоне шурӯъ шуд, ки ӯ аллакай 8-сола буд. Ӯ дар як 1-моҳагӣ ба амак ва ҳамсари ӯ ба фарзандхонӣ дода шудааст. Дар дуввунимсолагӣ зиндагии волидони нави Умеда пош хӯрд ва ӯ бо модархондаш тарки хона кард.

Шабистон ҳоло ҳамроҳ бо бародараш дар ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, ки шароити нигоҳубину тарбияи фарзандро дорад. Аммо ҷониби шавҳари ӯ ва модари бологии кӯдак мегӯянд, аз шароити нигоҳубини фарзанди таваллудкардааш дар хонаи Шабистон розӣ нестанд.

Ҷанҷоли модару модарандар барои Умедаи 8-сола
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Чаро додгоҳ ба нафъи модари биологии Умеда ҳукм содир кард?

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеашиносон мегӯянд, дар баррасии мурофиаҳои додгоҳӣ бояд равоншинос ҷалб шуда дилбастагии кӯдаку хости ӯро ба назар мегирифтанд ва набояд кӯдак дар миён ин қадар азият шавад. Аммо Дурандеш Иброҳимзода, додраси ин парванда 29-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар тамоми мурофиаҳои додгоҳӣ намояндаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ҳузур дошт вале аз сабаби он, ки Умеда ҳанӯз 10-сола нест, дар мурофиаҳои додгоҳӣ иштирок накарда ва барои ҳамин ҷалби равоншинос кори онҳо набуд.

​Аз тарафи дигар ба гуфтаи додрас Иброҳимзода, додгоҳ дар ҳоле дилбастагии кӯдакро ба назар нагирифтааст, ки ӯ ба сини 10 нарасидааст ва ҳаққи интихобро надорад. Инҷо чанд сабабе ҳаст, ки додгоҳ ҳукмеро ба фоидаи волидони биологии Умеда содир кардааст. Аммо додрас иддао дорад, ки ба ин кӯдак ҳарфҳо аз сӯи калонсолон аз ҳад зиёд талқин шуда, ба баҳси ин ду модар равған рехтааст. Дурандеш Иброҳимзода гуфт, ҳамин рафтори кӯдак боис шудааст, атрофиён ба ин қазия таваҷҷӯҳи бештар карда бошанд.

Умеда Мақсудова.
Умеда Мақсудова.

Ин додрас афзуд, ин кӯдак то моҳи майи соли 2017 ба назди волидони биологии худаш рафтуомад дошт. Дуюм, ин, ки вақте кӯдак бемор мешавад, модархонди Умеда ба хотири он, ки ба кӯдак ягон ҳодиса нашавад, ӯро оварда ба хонаи волидони биологияш мемонад ва онҳо табобат мекунанд. Сабаби шикояти модари аслӣ дар он аст, ки вақте ӯ барои хабаргирии кӯдак меравад, Шабистон Кабудова ба дидорбинӣ монеа мешавад. Ҳамчунин, бар асоси ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Кушониён барои нигоҳубини фарзанд падару модари биологӣ барои Шабистон Кабудова тахминан 80 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ руёнида буд".

Мушкилиҳои фарзандхонӣ дар Тоҷикистон

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, хонаводаҳо бояд қабл аз фарзандхонии бидунӣ ҳуҷҷат хуб фикр кунанд ва бо риояи талаботи қонун ин равандро анҷом диҳанд, вагарна якбора дур кардани кӯдак аз оғӯши касе, ки ӯро солҳо модар мехонд, барояш зарбаи сахте хоҳад буд.

Қонунҳои Тоҷикистон додани фарзанд ба нафари дигарро бидуни санаду мадрак ҷиноят медонад, аммо ин, ки модари биологии Умеда бидуни кадом ҳуҷҷате фарзанди худро ба ҳамсари бародаршӯяш додааст, баҳси дигар аст.

Дар пайи расонаӣ шудани баҳси ин ду модар ва нашри навори фиғони Умеда, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, ҳам ин ҳодисаро тафтиш дорад. Масъулини ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар садади кӯмак ба ин наврас ҳастанд ва ҳоло наворро мавриди санҷиш қарор додаанд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG