Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Улан Эгизбоев - журналисти сарсупурда ва тавоно. ВИДЕО, АКС


Яке аз журналистони номдори бахши Қирғизии Радиои Озодӣ Уланбек Эгизбоев дар синни 28-солагӣ даргузашт. Журналисти боистеъдод ва пештоз, зоҳиран ҳангоми оббозӣ дар обҳои Иссиқкӯл ҷон дод.

Ҳамкорону дӯстони Улан Эгизбоев мегӯянд, дар тӯли умри кӯтоҳаш тавонист на танҳо ба сафи касбитарин журналистони Қирғизистон ворид

Ӯ бо ҳунари худ нишон дод, ки журналистика бояд чӣ гуна бошад. Ин як соҳаи хеле муҳим аст. Ӯ як намунаи ибрат шуд, як рамз шуд. Афсӯс, чун ҳамагӣ 28 сол дошт

шавад, балки барои дигарон дар заминаи мубориза бо коррупсия намунаи ибрат шавад. Улан Эгизбоевро аз журналистони замонавӣ ҳам меноманд, ки бо истифода аз технологиҳои пешрафта фаъолияти касбиашро дар радиову телевизион бомуваффақият анҷом медод.

Санҷиши сабабҳои марги журналист зери назари вазири умури дохила

Ҳамкоронаш мегӯянд, эҳтимолан Улан бо сабаби мушкили шиноварӣ натавонист худро идора кунад ва ҷонашро аз даст дод. Ӯ рӯзи 22 июл ҳамроҳ бо ҳамсари ҳомиладораш барои истироҳат ба соҳили Иссиқкӯл рафта буд. Рӯзи 23 июл вазири умури дохилии Қирғизистон гуфт, ки шахсан худаш таҳқиқи қазияи марги журналистро зери назорат мегирад, то ки сару садоҳо дар заминаи сабабҳои марги ӯ боиси пахши иттилои носанҷида нашавад.

Бо тасмими вазири умури дохилӣ, ҷасади журналист аз Иссиқкӯл, ки дар 300-километрии Бишкек ҷойгир аст, ба пойтахт оварда шуд ва дар ҳузури комиссиюни тозатаъсиси таҳқиқи сабабҳои марг, амалиёти колбадшикофӣ баргузор шуд. Хулосаи пешакии комиссиюн – дар об ғарқ шудани Эгизбоев гуфта мешавад.

Қиссаи Нурғозии маъюб, ки орзуи мотосиклсавориро амалӣ кард, барандаи ҷоизаи Webby дар Ню-Йорк шуд

Гузориши журналисти зиндаёд Улан Эгизбаев соли 2016 ба ҷоизаи Webby пешбарӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:44 0:00

Намояндаи президент: Улан муборизи зидди коррупсия буд

Бархе ҳамкорони Улан мегӯянд, таҳқиқоти журналистии ӯ бисёр мақомоти масъулро нороҳат мекард ва баъди паҳн шудани сарусадоҳо дар бораи ин ки шояд марги журналист тасодуфӣ набуд, мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки манфтиатдоранд ин таҳқиқотро мунсифона ва ҳадди аксар то охир анҷом бидиҳанд. Гуляим Ашакеева, сардабири барномаҳои Радоии Азаттик мегӯяд:

Роза Отунбоева, президенти собиқи Қирғизистон барои арзи тасаллият аз марги журналист ба дафтари Радиои Озодӣ дар Бишкек рафта буд
Роза Отунбоева, президенти собиқи Қирғизистон барои арзи тасаллият аз марги журналист ба дафтари Радиои Озодӣ дар Бишкек рафта буд

“Имрӯз дар дафтари мо дар Бишкек маросими видоъ бо Улан Эгизбоев баргузор шуд ва дар он дар баробари ҳамкорон, намояндагони ҳукумат ҳам иштирок карданд. Раиси дастгоҳи президент дар ин нишаст таъзияи президенти кишварро қироат кард. Вай гуфт, ки Улан як муборизи зидди коррупсия ва аз ҳамин назар ҳам дӯсти мо буд. Раиси дастгоҳи президент гуфт, Улан паёмадҳои эҳтимолии ин муборизаашро хуб дарк мекард, вале то охир софлидона ин қарзи касбии худро иҷро кардааст”.

Улан Эгизбоев панҷ соли пеш ба журналистика ворид шуд. Соли 2013 факултаи мухобироти Донишгоҳи қирғизию туркии “Манас”-ро хатм карда ду сол баъди ин соҳиби дипломи магистри улуми сиёсии Донишгоҳи гуманитарии Бишкек шуд.

Барандаи ҷоизаҳои мӯътабар

Аллакай соли 2016 ин журналист барандаи ҷоизаи Webby Award дар шаҳри Ню-Йорки Амрико шуд. Гузориши видеоии ӯ бо номи “Орзу”, ки аз сарнавишти як ҷавони маъюби қирғиз Нурғозӣ қисса мекард, аз ҷониби ҳакамони амрикоӣ қадрдонӣ шуд. Дар маросими эҳдои ҷоиза Улан ҳамроҳ бо Нурғозӣ иштирок кард.

Соли 2017 заҳматҳои Эгизбоевро маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ ситоиш ва ба ӯ нишони “Барои заҳмат дар бахши матбуот ва хабаррасонӣ” тақдим шуд. Охири ҷоизаи ӯ – “Килки тиллоӣ” рӯзи 22 июн барои ҷасораташ дар журналистика тақдим шуд.

Тамошобинони барномаҳои телевизионии радиои Азаттик – Бахши қирғизии Радиои Озодӣ Улан Эгизбоевро аз барномаҳои таҳқиқотии телевизиониаш хуб мешиносанд. Охирин барномаи ӯ, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, дар бораи фасодкорӣ дар шаҳрдонии Бишкек нақл мекард, ки нақшаҳои хариду фурӯши ғайриқонунии замин дар пойтахти якмиллионнафараро таҳлил мекард. Дар ин барномааш Улан тавонист на танҳо роҳҳои ғайриқонунии фасод дар соҳаи замин, балки сӯҳбат бо гумонбари асли – шаҳрдори Бишкекро ҳам нашр кунад. Зимнан, шаҳрдори собиқ Албек Иброимов рӯзи 19 июл аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ боздошт шуд.

Рамзи журналистикаи замонавӣ

Яке аз хотирмонтарин гузоришҳои Улан Эгизбоев дар бораи заҳматҳои 25-солаи омӯзгори мактаби деҳае қисса мекард, ки ҳамарӯза савори аспаш аз деҳаи Долон то Ҷилдиз раҳ паймуда ба шогирдон дарс медод. Баъди ин гузориш ба омӯзгор Кенешбек Шоруков ҷоизаи “Устоди хизматнишондодаи Қирғизистон” тақдим шуд.

Гуляим Ашакеева мегӯяд, Улан Эгизбоев ба як рамзи журналистиками касбиву замонавӣ табдил шуд:

“Ӯ бо ҳунари худ нишон дод, ки журналистика бояд чӣ гуна бошад. Ин як соҳаи хеле муҳим аст. Ӯ як намунаи ибрат шуд, як рамз шуд. Афсӯс, чун ҳамагӣ 28 сол дошт”.

Маросими дафни журналисти ҷавон қарор аст рӯзи 24 июл дар зодгоҳаш вилояти Норин баргузор шавад. Ӯ ҳамагӣ 10 моҳ пеш оиладор шуда буд ва ҳамсари обистанаш қарор аст баъди ду моҳ нахустфарзанди журналистро ба дунё орад. Фарзанде, ки бо амри тақдир аз дидори падар бенасиб монд.

Дар дафтари Радиои Озодӣ дар Бишкек маросими хушбошӣ бо Улан Эгизбоев баргузор шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:09:52 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG