Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ғалаба ва се бохти футболбоздухтарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-14) дар мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё байни духтарони синнашон то 14-сола бо 6 имтиёз мақоми чаҳорумро касб кард.

Ин мусобиқа дар пойтахти Шри-Ланка – Коломбо бо ширкати 6 дастаи мунтахаб баргузор шуд. Футболбоздухтарони тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар ду бозии аввал аз тими Эрон бо ҳисоби 0:6 ва Ҳиндустон бо ҳисоби 1:8 шикаст хӯрда, дар ду бозии баъдӣ бар мунтахаби Бутан бо ҳисоби 3:0 ва Шри-Ланка бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон бо тими Непал имрӯз, 25-уми март, бо ғалабаи непалиҳо бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт.

Мунтахаби Непал, ки дар ҳамаи панҷ бозӣ пирӯз шуд, бо 15 имтиёз ғолиби мусобиқаи минтақавӣ гардид. Дастаи Ҳиндустон бо 12 имтиёз дувум шуд. Тими Эрон бо 7 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт.

Мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё байни духтарони то 14-сола
Минтақаи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ

Даври 1-ум
Эрон – Тоҷикистон – 6:0
Голҳо: Фотима Қосимӣ, 17 (1:0). Фотима Қосимӣ, 22 (2:0). Сабо Ҷаводӣ, 26 (3:0). Гулнуш Хусравӣ, 29 (4:0). Фотима Қосимӣ, 30 (5:0). Фотима Қосимӣ, 49 (6:0).
Тоҷикистон: Муаттара Раҳматуллоева, Озода Хусанбоева, Шукрона Мирова, Уляна Горинович, Дилафрӯз Ғафурова (Санам Нозимова, 69), Дастагули Аскаршо, Марҷони Нуралӣ, Муниса Мирзоева (капитан), Марҷона Файзуллоева, Сурайё Асророва, Дилноза Лалиева.

Ҳиндустон – Шри-Ланка – 7:1
Бутан – Непал – 0:9

Даври 2-юм

Ҳиндустон – Тоҷикистон – 8:1
Голҳо: Суман Прагяна, 6 (1:0). Дая Деви, 21 (2:0). Роя Деви, 27 (3:0). Течи Амин, 37 (4:0). Дая Деви, 40 (5:0). Марҷона Файзуллоева, 45 (5:1). Течи Амин, 49 (6:1). Дая Деви, 56 (7:1). Роя Деви, 70+1 (8:1).
Тоҷикистон: Муаттара Раҳматуллоева (Сайёра Каҷалаева, 67), Озода Хусанбоева, Шукрона Мирова, Уляна Горинович (Мафтунаи Умарзода, 60), Дилафрӯз Ғафурова (Дурдона Қосимова, 65), Дастагули Аскаршо, Марҷони Нуралӣ (Санам Нозимова, 37), Муниса Мирзоева (капитан), Марҷона Файзуллоева, Сурайё Асророва, Дилноза Лалиева.

Шри-Ланка – Непал – 0:1
Бутан – Эрон – 0:6

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Бутан – 3:0
Голҳо: Дилноза Лалиева, 3 (1:0). Марҷона Файзуллоева, 23 (2:0). Шукрона Мирова, 35 (3:0).
Тоҷикистон: Муаттара Раҳматуллоева (Сайёра Каҷалаева, 68), Озода Хусанбоева, Шукрона Мирова, Уляна Горинович (Дилафрӯз Ғафурова, 68), Миҷгона Ҷалилова, Дастагули Аскаршо, Дурдона Қосимова, Муниса Мирзоева (капитан), Марҷона Файзуллоева (Мафтунаи Умарзода, 69), Сурайё Асророва, Дилноза Лалиева.

Непал – Индия – 4:0
Шри-Ланка – Иран – 2:2

Даври 4-ум
Тоҷикистон – Шри-Ланка – 1:0
Гол: Муниса Мирзоева, 40.
Тоҷикистонн: Муаттара Раҳматуллоева, Озода Хусанбоева, Шукрона Мирова (Санам Нозимова, 70), Уляна Горинович (Дилафрӯз Ғафурова, 44), Миҷгона Ҷалилова, Дастагули Аскаршо, Дурдона Қосимова (Мафтунаи Умарзода, 70+1), Муниса Мирзоева (капитан), Марҷона Файзуллоева, Сурайё Асророва, Дилноза Лалиева.

Эрон – Непал – 0:4
Бутан – Ҳиндустон – 0:9

Даври 5-ум
Непал - Тоҷикистон – 2:0
Голҳо: Ҷимба Алиса, 23, 24.
Тоҷикистон: Муаттара Раҳматуллоева, Озода Хусанбоева, Шукрона Мирова Уляна Горинович (Дилафрӯз Ғафурова, 35, Мафтунаи Умарзода, 67), Миҷгона Ҷалилова, Дастагули Аскаршо, Дурдона Қосимова, Муниса Мирзоева (капитан), Марҷона Файзуллоева, Сурайё Асророва, Дилноза Лалиева.

Ҳиндустон - Эрон – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ Дастаҳо БҒМБТИ
1Непал550020-015
2Ҳиндустон540127-612
3Эрон521214-97
4Тоҷикистон52035-166
5Шри-Ланка40133-111
6Бутан40040-270

Даври 5-ум
25-уми март (сешанбе)
16:00 Шри-Ланка – Бутан
XS
SM
MD
LG