Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтироми духтарони рус ба муҳоҷирон баъди омӯзиши забони тоҷикӣ


Духтарони рус баъди ошноӣ бо забону адабиёти тоҷик ба ин миллат эҳтироми хос пайдо кардаанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:20 0:00

Наталя Морозова ва Наташа Сидникова, ду духтари ҷавони рус, ки дар Донишгоҳи забонҳои Маскав тоҷикӣ меомӯзанд, гуфтанд, назарашон нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик ва ватани онҳо тағйир кардааст.

Ду ҷавондухтари рус, ки дар донишгоҳи забонҳои Маскав машғули омӯзиши тоҷикиянд, гуфтанд, баъд аз ошноӣ бо забон ва адабиёти тоҷик назарашон нисбат ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия тағйир ёфтааст. Онҳо мегӯянд, бештари сокинони Русия низ аз беиттилоӣ дар бораи таъриху забону адабиёти тоҷик дар бораи муҳоҷирон тасаввуроти нодуруст доранд. ​

Наталя Морозова ва Наташа Сидникова ҳоло барои ишитрок дар ҳамоиши байналмилалии "Гуфутугӯи тамаддун ва забонҳо дар асри 21" ба Душанбе омада, кӯшиш карданд, сӯҳбати худро дар ин ҳамоиш бо забони тоҷикӣ оғоз бахшанд. Наталя ва Наташа ҳарду дар соли 4-уми факултаи тарҷумонии донишгоҳи забонҳои Маскав таҳсил мекунанд ва суоли аввали мо аз Наташа Морозова, яке аз ин духтарон ин буд, ки чаро тоҷикӣ меомӯзад?

Морозова дар ҷавоб гуфт, "ростӣ, забонро дар донишгоҳ мо интихоб намекунем, балки моро ба гурӯҳҳо тақсим мекунанд. Вале вақте фаҳмидем, ки забони тоҷикӣ меомӯзем, бароямон аҷиб буд. Муаллимаи

Наталя Морозова
Наталя Морозова

хубе доштем бо номи Мунира Аҳтамова, ки бо қиссаҳои худ таваҷҷӯҳи моро ба ин забон ҷалб кард ва мо онро дӯст доштем. Баъдан Озодов Наврӯз моро ба олами адабиёти шеъри форсу тоҷик ошно кард. Ин забон аслан ба русӣ ва англисӣ, ки мо онро аз хурдӣ меомӯзем, шабоҳат надорад, аммо чун ба мо худи тоҷикон дарс мегӯянд, бароямон хеле осонтар аст."

Ин ду донишҷудухтари рус мегӯянд, алакай тоҷикиро хуб мефаҳманд, хабару шеърҳои зиёде бо ин забон мехонанд ва медонанд. Аммо зимни сӯҳбат ба суолҳои мо гоҳ бо забони тоҷикӣ ва гоҳе дигар бо русӣ посух доданд, чун ба қавли худашон ҳоло таҷрибаи озод сӯҳбат кардан ба тоҷикиро надоранд. Наташа Сидникова, яке аз ин духтарон, чандин афсонаҳои мардумӣ, аз ҷумла "Аввал пурсиш баъд кӯшиш”, "Холаи гардандароз", "Се панд", "Сабақ" ва "Аҷали хирси ҳасуд" аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума кардааст.

Мусоҳибони мо -- Наталя ва Наташа аз донишгоҳи забонҳои Маскав мегӯянд, дар ин донишгоҳ чанд сол аст, маркази омӯзиши забони тоҷикӣ фаъолият дорад ва дар гурӯҳи онҳо 4 нафар забони тоҷикӣ меомӯзанд. Марказ ба гуфтаи духтарон бо тамоми шароит барои омӯзиши ин забон таъмин аст. Мусоҳибони мо мегӯянд, барои омӯзиши забони тоҷикӣ онҳо кӯшиш мекунанд бо муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик дар маскав бештар муошират дошта бошанд ва ҳамчунин аз сомонаи тоҷикии Радиои Озодӣ истифода мебаранд.

Наташа мегӯяд, то омӯзиши забони тоҷикӣ, ба он бовар буд, ки тоҷикон камсаводу бемаълумотанд ва аз ин хотир барои иҷрои корҳои вазнину сиёҳ ба Русия меоянд.​ Аммо ҳоло тассавуроташ комилан тағйир ёфтааст.

Наташа Сидникова
Наташа Сидникова

​Ӯ мегӯяд: "Ин мардум барои ман хеле писанданд. Муносибати мо бо муҳоҷирони тоҷик ва ин миллат якбора баъд аз он тағйир ёфт, ки мо фаҳмидем, ин миллат чӣ қадар фарҳанги бой дорад ва забони форсӣ, забони шеърҳои маъруф дар тамоми ҷаҳон аст. Тоҷикон кушодачеҳраву меҳмондӯст ва самимӣ ҳастанд. Қаблан ман чандон ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ намекардам, фақат ҳамин қадар медонистам, ки мардуми зиёде аз ин кишвар барои кор ба Русия меоянд ва моҷараҳое, ки баъди омадани онҳо сар шуд мисли фаъол шудани ҳаракатҳои миллатгароёна андешаҳои мухталифро ба миён овард. Вале ҳоло албатта чунин фикр надорам."

Мусоҳибони мо духтароне, ки ҳоло забони тоҷикӣ меомӯзанд, мегӯянд, нақша доранд, забони тоҷикиро пурра аз худ кунанд ва дар минбаъда ба тарҷумаи шеъру мақолаҳо аз ин забон ба забонҳои русӣ ва англисӣ машғул шаванд.

Видео дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG