Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Универсиадаи ҷаҳонӣ боз ду варзишгари тоҷик рақобат мекунад


Дар Универсиадаи 29-уми ҷаҳонии тобистона, ки дар шаҳри Тайбейи Тайван то рӯзи 30-юми август идома хоҳад кард, боз ду варзишгари тоҷик – Заррина Шарифова ва Шаҳноза Баротова – дар риштаи тенниси рӯи миз ширкат меварзанд. Ҳарду рӯзҳои 25-ум ва 26-уми август вориди рақобат мешаванд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Заррина 25-уми август бо Малак Хоурӣ (Лубнон) ва 26-уми август бо Константина Паридӣ (Юнон) қувваозмоӣ мекунад. Шаҳноза бошад, рӯзи ҷумъа бо Антонг Ангел Занг (Австралия) ва рӯзи шанбе бо Наи Хинг Ҷианг (Зеландияи Нав) бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, дар Универсиадаи 29-уми ҷаҳонии тобистона панҷ варзишгари тоҷик дар ду намуд – ҷудо ва варзиши сабук - ширкат варзида, ноком шуданд. Беҳрӯз Хоҷазода рӯзи 22-юми август дар сабқати ҷудо дар вазни зери 73 кило дар аввалин қувваозмоияш бар Лечи Эдиев аз Русия пирӯз гашт, вале дар даври баъдӣ аз Алеҷандро Федерико Клара (Аргентина) шикаст хӯрд ва аз медал бенасиб монд.

Чаҳор варзишгари дигари тоҷик рӯзи 23-юми август рақобат кард. Шӯҳрат Усмонов дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 400 метр бо натиҷаи 54,59 сония дар гурӯҳи худ дар ҷойи охирин – ҳафтум - қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон - Фаридун Ашӯров – дар мусобиқаи интихобӣ оид ба гулӯлапартоӣ дар гурӯҳи “В” бо натиҷаи 12,23 метр дар байни 11 нафар мақоми даҳумро касб кард ва ба даври баъдӣ роҳ наёфт.

Донишҷӯи тоҷик Абдурауф Мӯсоев низ дар сабқати пешакии гурзандозӣ дар гурӯҳи худ бо натиҷаи 53,38 метр дар ҷойи охирин – даҳум - қарор гирифт. Ӯ ҳам аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳусниддин Зарифов дар сабқати интихобӣ дар ҷаҳидан ба баландӣ бо натиҷаи 2 метру 5 сантиметр дар гурӯҳи “А” дар байни 13 нафар мақоми 11-умро гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои Универсиада маҳрум шуд.

Дар Универсидаи 29-уми ҷаҳонии тобистона намояндагони 140 кишвар аз рӯи 21 намуди варзиш барои 275 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Пас аз натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 53 медал (22 тилло, 12 нуқра, 19 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Ҷопон бо касби 43 медал (15-11-17) дар мақоми дувум ва мунтахаби Тайван бо касби 35 медал (12-16-7) дар мақоми севум қарор доранд. Умуман, то ҳоло варзишгарони 44 кишвар бо медалҳо мукофотонида шудаанд ва намояндагони 32 кишвар барандагони нишонҳои тилло гардидаанд.

Аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ варзишгарони нӯҳ кишвар бо медалҳои Универсиадаи Тайбей мукофотонида шудаанд:

Русия 48 медал (10 тилло, 14 нуқра, 24 биринҷӣ) – ҷойи чорум,

Украина 17 медал (6 тилло, 6 нуқра, 5 биринҷӣ) – ҷойи шашум,

Қазоқистон 11 медал (3 тилло, 3 нуқра, 5 биринҷӣ) – ҷойи ҳаштум,

Озарбойҷон 6 медал (2 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ) – ҷойи понздаҳум,

Литва 4 медал (1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) – ҷойи бисту панҷум,

Арманистон 3 медал (1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ) – ҷойи бисту шашум,

Беларус 1 медал (1 тилло, 0 нуқра, 0 биринҷӣ) – ҷойи бисту нӯҳум.

Қирғизистон 1 медал (1 тилло, 0 нуқра, 0 биринҷӣ) – ҷойи бисту нӯҳум.

Эстония 1 медал (0 тилло, 1 нуқра, 0 биринҷӣ) – ҷойи сиву панҷум.

Вале аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ то ҳоло варзишгарони Гурҷистон, Латвия, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон медал надоранд.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби Қазоқистон пурнуфузтарин аст. Ба ҳайати ин даста 116 варзишгар (64 мард ва 52 зан) шомил аст, ки дар мусобиқот аз рӯи 11 намуд ширкат меварзанд. Ба ҳайати мунтахаби Узбакистон 28 варзишгар (22 мард ва 6 зан, 5 намуд – гимнастикаи варзишӣ, ҷудо, таэквондо, теннис, вазнабардорӣ), Қирғизистон 7 варзишгар (5 мард ва 2 зан, се намуд – варзиши сабук, ҷудо, таэквондо), Тоҷикистон 7 варзишгар (5 мард ва 2 зан, се намуд – варзиши сабук, ҷудо, тенниси рӯи миз) ва Туркманистон 3 варзишгар ( 3 мард дар як намуд – вазнабардорӣ) дохиланд.

Бояд тазаккур дод, дар Универсиадаи ҷаҳонӣ, ки дар ҳар ду сол барпо мегардад, асосан варзишгарони донишҷӯ аз кишварҳои олам ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2013 дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия бо шумули 45 варзишгар дар нӯҳ риштаи варзиш ширкат карда, панҷ медал гирифта буд. Дар гуштии камарбандӣ Абдуазим Бойназаров бо медали нуқра, Маҳмад Миров ва Гуландом Қаробоева бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар риштаи самбо Комроншоҳи Устопириён бо медали нуқра ва Нусратшоҳ Имомов бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар Универсиадаи 28-уми ҷаҳонии тобистона, ки соли 2015 дар шаҳри Кванҷуи Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, Тоҷикистонро се варзишгар - Моҳрӯ Ҳалимова, Фарзона Раҷабова ва Суман Раҷабова - дар риштаи таэквондо WTF намояндагӣ карданд, вале онҳо аз медалҳои Универсиада бенасиб монданд.

XS
SM
MD
LG