Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон 


Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Софияи Булғористон ҷараён дорад, рӯзи ҷумъаи 11-уми ноябр бо ду медали биринҷӣ сарфароз гаштанд. Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин вазн Паата Гвиниашвили (Гурҷистон), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Сергей Рябов (Русия) дастболо шуд, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар моҳи сентябри соли 1975 касе аз Тоҷикистон то ҳоло ба медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ байни бузургсолон мушарраф нашудааст.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҷомии Ҳасанӣ дар вазни то 52 кило барои ҷойи севум соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин вазн Маралерден Чимеддорҷ (Муғулистон), ки дар қуввазмоии ниҳоӣ бар Игор Беглеров (Русия) пирӯз шуд, медали тиллоро азони худ кард. Вале дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгари тоҷик Мустафо Ҳасанов (-68 кг) дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз мубориза барои медал маҳрум гашт.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 12-уми ноябр – боз се гуштигири тоҷик – Акмалиддин Каримов (-57 кг), Ҳамроз Раҷабов (-74 кг) ва Шамшод Абдуллоев (-100 кг) - дар сабқати самбои варзишӣ вориди рақобат мешаванд. Дар рӯзи сеюми мусобиқа – 13-уми ноябр – гуштигирони тоҷик Хушқадам Хусравов (-62 кг) ва Зафар Олимшоев (-82 кг) барои медалҳо мубориза мебаранд. Онҳо дар мусобиқа оид ба самбои варзишӣ иштирок мекунанд. Инчунин дар сабқати самбои размӣ Тоҷикистонро Умед Ҳасанбеков дар вазни то 90 кило намояндагӣ хоҳад кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки муовини сардовари мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон мебошад, аз шаҳри София рӯзи 12-уми ноябр хабар дод. Вай гуфт, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони беш аз 80 кишвар ширкат доранд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат гирифтааст.

Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш дар риштаи самбои варзишӣ ду медал ба даст оварда буданд. Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштаанд.

Бояд тазаккур дод, гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо медалҳои нуқраву биринҷӣ гирифтаанд. Вале баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон моҳи сентябри соли 1975 дар Мински Беларус, касе аз Тоҷикистон то ҳоло ба медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ байни бузургсолон мушарраф нашудааст.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон оид ба самбои варзишӣ ва самбози размӣ байни мардон:

52 кг
1. Маралерден Чимеддорҷ (Mуғулистон)
2. Игор Беглеров (Русия)
3. Ҷомии Ҳасанӣ (Tоҷикистон)
3. Тигран Киракосян (Арманистон)

68 кг
1. Никита Клетсков (Русия)
2. Эмил Ҳасанов (Озарбойҷон)
3. Сорбон Эрназаров (Узбакистон)
3. Мартин Иванов (Булғористон)

90 кг
1. Паата Гвиниашвили (Гурҷистон)
2. Сергей Рябов (Русия)
3. Комроншоҳи Устопириён (Tоҷикистон)
3. Теҷен Теҷенов (Tуркманистон)

Самбои размӣ
57 кг

1. Валимурод Алхасов (Русия)
2. Андрей Кучеренко (Украина)
3. Тогтохбаяр Нямхуу (Mуғулистон)
3. Марко Косев (Булғористон)

74 кг
1. Ислом Махачов (Русия)
2. Валентин Бенишев (Булғористон)
3. Истам Қудратов (Узбакистон)
3. Иля Хадкевич (Беларус)

100 кг
1. Михаил Мохнаткин (Русия)
2. Чоримурод Аннагуманов (Туркманистон)
3. Исломҷон Азимов (Узбакистон)
3. Камен Георгиев (Булғористон)

XS
SM
MD
LG