Моҳи июли имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе аз расонаҳо хабари марги Бердимуҳаммадовро нашр карданд, вале дертар онро рад намуданд.
Бо вуҷуди он ки президенти Туркманистон расман дар рухсатии меҳнатист, телевизионҳои давлатии он кишвар пайваста дар бораи ӯ гузориш нашр мекунанд. Охирин видео дар бораи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 7-уми август намоиш дода шуд, ки ӯ нишасти Шӯрои амнияти кишварашро раҳбарӣ дорад.
Вале бахши туркманиии Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми август навишт, ба эҳтимоли зиёд ин наворҳои кӯҳнаанд ва аз нишасти Шӯрои амният дар рӯзи 4-уми апрели имсол гирифта шудаанд.
Бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳарчанд ин нашри гуногуни барномаи иттилоотии "Ватан" дар бораи ду ҳодисаи аз ҳам ҷудо дар тӯли чаҳор моҳи охир аст, наворҳо бисёр бо ҳам монанданд.
"Бино, ранг, ҳайати иштирокдорон, рафтор, шеваи нишаст ва суҳбат кардани президент ва мақомдорон, ороиш ва ҷобаҷогузории таҷҳизоти рӯи миз дар ҷаласаи моҳи апрел ва моҳи август тақрибан ҳеч фарқ надоранд", -- навиштааст бахши туркмании Радиои Озодӣ.
Дар гузориши моҳи апрели телевизиони давлатии Туркманистон гуфта мешуд, ки раиси ҷумҳур Бердимуҳаммадов бо аъзои ҳукумат ва раҳбарони сохторҳои қудратӣ натиҷаи кори семоҳаро баррасӣ кардааст. Дар гузориши дувум гуфта шуд, ки ҳамин ҳайат натиҷаи ҳафтмоҳаро баррасӣ намудаанд.
Пеш аз ин, як гузориши дигари телевизиони давлатии Туркманистон шубҳаи коршиносонро ба вуҷуд оварда буд. Ин навор, ки баъд аз сарусадо дар бораи марги президенти Туркманистон дар рӯзи 24-уми июл нашр шуд, ба наворҳои гузорише аз 10-уми майи телевизиони "Алтин Асир" монандӣ дошт.
Бо вуҷуди он ки кампайдо шудани президенти Туркманистон овозаҳоро дар бораи гӯё бад шудани вазъи саломати ӯ ба вуҷуд овардааст, мақомот дар ин бора ҳеч шарҳ надодаанд. Телевизиони давлатии Туркманистон гуфта буд, ки таътили президент 15-уми август ба поён мерасад. Ҳоло нигоҳҳо ба ин сана дӯхта шудааст, то ба овозаҳо нуқта гузорад.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов моҳи декбари соли 2006, пас аз марги Сафармурод Ниёзов, машҳур бо лақаби Туркманбошӣ, ба курсии президентӣ дар Туркманистон такя зад. Бердимуҳаммадови 62-сола бо рафтор ва машғулиятҳои худ, аз ҷумла овозхонӣ, машқи низомӣ, мошинсавориву аспдавонӣ ва китобнависӣ шинохта шудааст.