Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин мавридҳои коронавирус дар Туркманистон. Мақомот хомӯшанд


Беморхонаи Чоганлӣ
Беморхонаи Чоганлӣ

Манбаъҳо дар бахши тандурустии Туркманистон иддао мекунанд, ки дар ин кишвар олудагии камаш ду нафар ба коронавирус тасдиқ шудааст ва онҳо дар як беморхонаи канори шаҳри Ишқобод нигаҳдорӣ мешаванд.

Як корманди беморхонаи воқеъ дар деҳаи Чоганлӣ рӯзи 2-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ду бемор дар карантин ҳастанд ва онҳоро дар ҳуҷраҳои махсус зери чораҳои шадиди тиббӣ нигоҳ медоранд. Ӯ гуфт, дар бадани ин ду нафар даҳ рӯз пеш вируси навъи Ковид-19 ташхис шудааст.

Ба эҳтимоли зиёд, ин нафарон аввалин афроди олуда ба вируси нав дар қаламрави Осиёи Марказӣ мебошанд.

Корманди бемористон инчунин гуфт, мақомот тасмим гирифтанд, ин ду ҳодисаро на фақат аз чашми ҷомеа, балки аз кормандони беморхона пинҳон доранд. Ба ҷуз чанд нафар, ба гуфтаи ӯ, дар ин бора кормандони дигар хабар надоранд.

Ӯ гуфт, дар бораи таърих ваё роҳҳои олудашавии ин ду нафар иттилоъ надорад ва намедонад, оё онҳо ба хориҷа сафар карда буданд, ё на.

Як корманди дигари беморхонаи Чоганлӣ дар сӯҳбати ҷудогона ба Радиои Озодӣ гуфт, "чанд нафар" дучори коронавирус шудаанд ва дар ҳамин беморхона табобат мегиранд. Вай гуфт, то ҳол ҳеҷ мавриди марг бар асари коронавирус сабт нашудааст.

Ҳарду манбаи Радиои Озодӣ ба шарти фош нашудани номашон сӯҳбат карданд, чун ҳарос доранд, ки мақомот дар ин давлати пӯшидаву худкома, ки интиқоди ҳукумат таҳаммул намешавад, аз пайи интиқомҷӯӣ мешаванд.

“Коронавирус” сарфи назар шуд

Рӯзи 3-юми март дар як тамоси хабарнигори Радиои Озодӣ мақомдоре аз Маркази давлатии ҷилавгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятии Туркманистон дар Ишқобод гузоришҳоро дар заминаи ошкоршавии нишонаҳои коронавирус рад кард. Ин мансабдор гуфт, “ба шумо иттилои нодуруст додаанд. Ин ҷо ягон ҳодисаи гирифторшавӣ ба коронавирус сабт нашудааст”.

Ин бонуи мақомдор нахост номашро бигӯяд ва танҳо илова кард, ки “чанд бемор дар марказ таҳти карантин ҳастанд, вале ҳеч нафари онҳо коронавирус надорад”.

Коронавирус дар ҷомеаи Туркманистон як мавзӯи табу аст. Аз замони оғози бӯҳрони атрофи ин беморӣ дар ҷаҳон, ки аз моҳи декабри соли гузашта то имрӯз боис ба марги беш аз 3300 нафар шудааст, мақомот ва ҳам матбуоти давлатӣ дар Туркманистон дар мазҳари ом дар бораи ин беморӣ умуман ҳарф намезананд.

Вале айни замон мақомот дар саросари кишвар зоҳиран ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии вирусе, ки боис ба бемории Ковид-19 мешавад, тадбирҳои ҳамаҷонибаро пиёда кардаанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз саросари Туркманистон хабар медиҳанд, ки мактабу дигар муассисаҳои ҷамъиятӣ дар саросари кишвар пайваста покиза ва дору зада мешаванд. Ба иттилои ин хабарнигорон, субҳи 3-юми март кормандони сохторҳои давлатӣ пеш аз он ки вориди маҳалли кор шаванд, ба бинии худ доруи монанд ба малҳамро мемолиданд.

Дар як ҳодисаи камназире барои Туркманистон дар кӯчаву хиёбонҳои ин кишвар варақаҳое паҳн шуд, ки дар он роҳҳои пешгирӣ аз гирифторӣ ба бемориҳои роҳи нафас машварат шудааст. Дар ин варақаҳо ҳам аз зикри калимаи “коронавирус” сарфи назар кардаанд.

Ҷудо аз ин, дар ҳафтаҳои ахир дар марзҳои Туркманистон чораҳои амниятӣ саххттар шуда, ҳукумат аз мардум тақозо кардааст, ки “ба хотири ҳимояти бештар ва тақвияти ҳолати санитариву эпидемиологии мардум дар ин кишвар” аз сафар ба хориҷа худдорӣ кунанд.

Нуқтаҳои марзӣ, бахусус бо Эрони осебдида аз вирус баста буда, мусофироне, ки аз роҳҳои баҳриву ҳавоӣ ба кишвар мерасанд, мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор мегиранд.

Мақомоти Туркманистон бе шарҳу фаҳмондадиҳӣ тадбирҳои изтирории ҷилавгирӣ аз паҳншавии вирусро рӯи даст гирифтанд. Як хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “мардум дар бораи ин вирус огаҳ ҳастанд, аз ин рӯ ҳарос доранд, ки дар сурати ошкор шудани беморӣ табибон онҳоро дар инзиво қарор медиҳанд”.

Дар пойтахти Туркманистон баргузории ҷашнҳои арӯсӣ манъ шуда, дари муассисаҳои ҷамъиятие ба монанди машқгоҳ, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар муассисаҳои варзишӣ баста ҳастанд.

Дар вилояти Лебап тахминан 470 донишҷӯ ва соҳибкоре, ки аз Чин баргаштанд, аз фурудгоҳ рост ба маҳалли карантин интиқол дода шуданд. Ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Ишқобод, туркманҳое, ки мехоҳанд ба Аврупо ва Туркия сафар кунанд, аз парвоз боздошта мешаванд.

Дар гӯшаҳои дигари Осиёи Марказӣ


Дар муқоиса бо Туркманистон, кишварҳои ҳамсоя дар бораи хатари коронавирус ва чоораҳои пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии он ошкор сӯҳбат мекунанд.

Ҳукумати Қазоқистон эълон кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хатари вирус, соҳилҳои атрофи баҳри Хазар ё Каспийро бастааст, чун бандарҳои Оқтау ва Қуриқ истгоҳҳои киштиҳои мусофирбаранд, ки аз Эрону Озарбойҷон одам меоранд.

Тоҷикистон рӯзи 4-уми март ба шаҳрвандонаш таъкид кард, ки аз ширкат дар намози дастҷамъӣ дар масҷидҳо худдорӣ кунанд ва баргузории роҳпаймоиҳои бахшида ба Иди Наврӯзро бо ширкати ҳазорҳо мактабхону донишҷӯён манъ кард.

Матбуот дар Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи бӯҳрони коронавирус дар саросари ҷаҳон хабарҳои зиёд нашр карда, машварати табибонро ҳам дар заминаи роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин вирус намоиш медиҳанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG