Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои 9 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Туркманистон


Акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон

Дар пайи мулоқоти сарони Тоҷикистон ва Туркманистон дар Кохи Миллат байни ду кишвар 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Душанбе сафари расмии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро барои густариши равобиту ҳамкориҳои дуҷониба муҳим номид.

Дар баёнияи муштараке ки рӯзи 5 май баъд аз дидори президентони Тоҷикистон ва Туркманистон дар Кохи Миллат нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҷонибҳо “дар фазои гарму дӯстона” вазъ ва дурнамои равобити ду кишварро баррасӣ ва дар бораи масоили доғи минтақа ва ҷаҳон табодули назар кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷараёни сафари расмии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, изҳори қаноатмандӣ кард: "Мо густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ кардем ва дар ҳама масоил тавофуқи назар доштем." Ду ҷониб аз ҷумла ба бунёди ҳарчӣ зудтари роҳи оҳани "Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон" таъкид кардаанд.

Байни Душанбеву Ишқобод як баёнияи муштарак ва 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
  • Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов;
  • Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии “Эргаш Султонов”-и ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт;
  • Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
  • Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон барои солҳои 2014-2016;
  • Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2015-2016;
  • Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои соли 2015;
  • Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлат ва ҳуқуқи назди Президенти Туркманистон;
  • Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ.


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки "мо ба истифода аз имконоти мавҷуд дар ҷиҳати густариш ва тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ таъкид намуда ва боло бурдани мизони табодули коло байни ҳар ду кишварро омили боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ донистем."

Ба навбаи худ, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон равобити Душанбеву Ишқободро “босуръат рушдёбанда” тавсиф кардааст. Бердимуҳаммадов гуфт, ки байни ӯву Эмомалӣ Раҳмон дидори сӯдманде анҷом шуд, ки дар он дар канори равобиту ҳамкориҳои дуҷониба, масоили ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон баррасӣ шудааст.

Истиқбол аз Бердимуҳаммадов дар Душанбе

Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо як сафари расмии дурӯза, субҳи имрӯз вориди Душанбе шуд. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода истиқбол кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, маросими истиқболи расмии президентии Туркманистон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Миллат баргузор шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, маросими истиқболи раиси ҷумҳури Туркманистон бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва гузашти низомии ҷузъутомҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ҷараён гирифтааст.

Сафари расмии раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 май доир хоҳад шуд. Интизор меравад, Бердимуҳаммадов дар ҷараёни ин сафар бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад. Ҳамчунин музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар доираи васеъ баргузор шуда, байни Душанбеву Ишқобод як бастаи созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳоти нақлиёт, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ бояд имзо шаванд. Президентҳои ду кишвар ҳамчунин як изҳороти муштарак пахш хоҳанд кард.

Субҳи имрӯз дар пайи роҳбандиҳо бинобар сафари раисиҷумҳури Туркманистон ба Душанбе, сокинони пойтахт ба мушкили рафтуомад рӯбарӯ шуданд. Ҷодаҳои марказии пойтах баста буд ва садҳо нафар аз сокинону донишҷӯёни пойтахт саривақт ба дарс ва ё коргоҳ нарасида, соатҳо банд монданд. Бо вуҷуди он, ки роҳбандон дар Душанбе рӯзмарра аст, аммо омадани меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ин мушкилро бештар кардааст ва дар назар аст, то ду рӯзи дигар сокинон аз имкони рафтуомади озод дар ҷодаҳои аслии пойтахт маҳрум шаванд.





Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар як матлаби вижа бахши ба сафари расмии раисиҷумҳури Туркманистон дар сомонаи расмиаш навиштааст: Ҷониби Тоҷикистон аз сафари қарибулвуқӯи Сарвари кишвари дӯст интизори таҳкими робитаҳои мавҷуда мебошад, ки ба алоқаҳои дӯстона, якдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд, инчунин рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногуни мавриди эҳтимоми муштарак таъмин менамоянд. Сафари мазкур ба густариши муносибатҳои ду кишвар такони нав хоҳад дод.»

Таърихчаи равобит: Аз Ниёзов то...

Туркманистон бо онки дар сиёсати дохилиаш як шеваи ҳатто барои Осиёи Марказӣ шадиди худкомагиро пеша кардааст, дар сиёсати хориҷиаш аз ҳамон овони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати бетарафиии комилро дар меҳвар қарор додааст. Ин кишвар ба ин далел аз кишварҳои нисбат ба Тоҷикистон ҳамеша хайрхоҳи минтақа ба шумор меравад.
Ҳайкали Ниёзов дар Ишқобод
Ҳайкали Ниёзов дар Ишқобод
​Равобити дипломатии Душанбеву Ишқобод расман 27 январи соли 1993 шурӯъ шудааст. Туркманистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба ҳазорон паноҳҷӯи тоҷик макон ва ҷои кор дод. Паноҳандагони тоҷик ончунон аз мақомоти туркман розӣ буданд, ки ҳатто мегуфтанд, баъди баргаштан ба Ватан дар Душанбе ҳайкали раҳбари вақти Туркманистон Сафармурод Ниёзовро хоҳанд гузошт.

Ишқобод, ҳамин тавр, ҳанӯз дар даврони раҳбари фақидаш Сафармурод Ниёзов, вақте Узбакистон ибтидо таъмини Тоҷикистон бо нирӯи барқ ва баъдан бо газро қатъ кард, дар ҳарду маврид розӣ шуда буд, то ба Тоҷикистон барқу газ бидиҳад, вале Узбакистон ҳатто транзити барқу гази Туркманистон ба Тоҷикистонро иҷозат надод.

Ҳоло Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон ба бунёди роҳи оҳане шурӯъ кардаанд, ки бояд аз ҷануби Тоҷикистон тавассути Афғонистон то ба Туркманистон кашида шуда, вобастагии Душанбе аз танҳо роҳи оҳанаш, ки аз қаламрави Узбакистон мегузарад, коҳиш диҳад. Хишти авввали ин тарҳи муҳими минтақавӣ моҳи июни соли 2013 дар ҳузури руасои ин се ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Ҳомиди Карзай дар истгоҳи Атамуроди Туркманистон гузошта шуд ва Ишқобод ваъда додааст, ки қисмати марбут ба қаламрави ин кишварро алакай то миёнаи соли 2015 хоҳад сохт.

Раҳмон - Бердимуҳаммадов 5:3. Аз шумори сафарҳо
Ишқобод. Августи соли 2012
Ишқобод. Августи соли 2012
Тайи 7 соли раҳбариаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ду дафъа - дар октябри соли 2007 ва дар марти соли 2010, дар ҳошияи ҷашни байналмилалии Наврӯз – ба Тоҷикистон сафарҳои расмӣ анҷом дода, дар сентябри соли 2011 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ сафари кории Бердимуҳамммадов ба Душанбе доир шуд.

Дар ҳамин 7 соли раҳбарии Бердимуҳаммадов ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон 5 маротиба ба Туркманистон сафарҳои расмиву корӣ доштааст, аз ҷумла ду маротиба – танҳо дар соли гузаштаи 2013. Ин дар ҳолест ки охирин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқобод дар аҳди Сафармурод Ниёзов соли 1995 анҷом шуда, аз соли 1999 то 2007 раисиҷумҳури Тоҷикистон дигар боре ҳам аз ин кишвари минтақа боздид накарда буд.

Сафари расмии Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки бино ба гузориши вазорати хориҷаи Тоҷикистон, «дар маҷмӯъ вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон тамоюли мунтазами рушдкунанда дорад. Дар онҳо ҷараёни амалисозии кӯшишҳои дуҷонибаи кишварҳо баҳри ҳамкории бисёрҷабҳа дар асоси иқтидорҳо ва талаботҳои ҳарду кишвар ба мушоҳида мерасад.»

Байни Тоҷикистону Туркманмстон аз соли 1993 то 2012 беш аз 50 санади ҳамкорӣ имзо шуда, мизони табодули молу коло байни ду кишвар дар соли гузашта 119,3 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон аз Туркманистон асосан маҳсулоти нафтӣ, равғани пахта ва семент ворид мекунад ва ба он кишвар бештар алюминий ва як қисм маҳсулоти кишоварзӣ мефурӯшад.

Дасти 12 маротиба аз Душанбе дарозтари Ишқобод

Тоҷикистон 8 миллион аҳолӣ дошта, маҷмӯъи маҳсулоти дохилиаш дар соли 2013 чизе бештар аз 7 миллиард долларро ташкил дод. Яъне тақрибан 880 доллар ба ҳар сари аҳолӣ. Туркманистони саршор аз нафту газ бо онки каме бештар аз 5 миллион аҳолӣ дорад, ҳаҷми иқтисодаш 54 миллиард доллар баровард мешавад. Яъне 11 000 доллар ба ҳар сари аҳолӣ ё 12 маротиба бештар аз Тоҷикистон.

Аммо Туркманистон бо вуҷуди дасти дарози молӣ ба тарҳҳои хориҷ аз кишвари худ аҳамияти зиёд намедиҳад. Ин аст ки ба фарқ аз Чин ё ҳатто Қазоқистон, барои мисол, Ишқобод берун аз қаламрави худ тақрибан сармоягузорӣ намекунад ва дар кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон ягон корхонаи муштарак то ҳол насохтааст.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG