Баъд аз зӯҳри шанбеи 7 июл, як ҷавони тақрибан 25-30 сола, ки ҳамроҳон аз ифшои номи ӯ худдорӣ карданд, дар истироҳатгоҳи мавсум бо «Мехкарйер»-и ноҳияи Рудакӣ ҳангоми шиноварӣ ғарқ шуд.
Фоҷеа дар ҳоле рух дод, ки ин ҷавон бо дӯстонаш барои истироҳат омада буд ва дар ҳавзи канораи истироҳатгоҳ ба шиноварӣ машғул буд. Ба гуфтаи ҳамроҳони нафари ғарқшуда, ӯ як муддат ба чашм намудор буд, аммо ногаҳон нопадид шуд. Талоши дӯстон ва ҳамчунин гурӯҳи наҷоти истироҳатгоҳ барои аз қаъри дарё берун кардани ин ҷавон тӯл кашид. Зеро онҳо то охир мутмаин набуданд, ки ӯ шиновариро идома дод ё ба соҳил баромад. Дӯстонаш дар ҳоле ҷиддан аз пайи ҷустуҷӯи ин ҷавон шуданд, ки нафаре аз онҳо либосҳои ӯро дар соҳил пайдо кард ва аз касе пинҳон набуд, ки онҳо аз ҳавз танҳо ҷасади беҷони ӯро берун хоҳанд овард.
Масъулини истироҳатгоҳ ва ҳавзи оббозӣ ҷасадро ошкор карданд ва наҷотдиҳандагони истироҳатгоҳ пас аз талошҳои зиёд мурдаи зери обро берун кашиданд. Ҳамроҳони нафари ғарқшуда гуфтанд, ки ӯ оббозиро хуб балад набуд.
Ба дунболи ин фоҷиа масъулин мардумро аз истироҳатгоҳ берун карданд, то мақомоти пулис ҳодисаро таҳқиқ кунанд.
Ҳодисаи ғарқшавиии ин ҷавон дар истироҳатгоҳи «Мехкарер» дар гузоришҳои Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон сабт нашудааст. Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон гуфт, бархе минтақаҳои истироҳатӣ, аз ҷумла ҳавзи «Мехкарйер» наҷотдиҳандаҳои худро доранд ва дар сурати фоҷиа то ҳадди имкон кумити ҳолатҳои изтирориро даъват намекунанд. Навори видеоии «Озодӣ» аз макони фоҷеа: